06 сен 09:02АСОСӢ / Мақолаҳо

MАКТАБИ МАҲОРАТ

- Нахуст мегуфтед, ки рафти иҷрои қарори раиси вилоят „Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон дар даъвати тирамоҳии соли 2019“ дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Бо мақсади иҷрои қарори мазкур дар Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон ва зерсохторҳои он чораҳои мушаххас андешида истодаем. Имрӯз мақомоти мазкур, зерсохторҳо ва дигар муассисаҳои таълимии КВ ТҶММ ВХ дар ҳолати омодабош қарор доранд. Ҳамкориҳои Кумитаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо комиссариатҳои ҳарбӣ, мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, кумитаи маҳалла, ҷамоати деҳот ва дигар идораҳои дахлдор ҷоннок карда шуд. Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда соли ҷорӣ бояд 946 нафар довталабон ба таҳсил фаро гирифта шаванд, ки аз ин теъдод то имрӯз ҳамагӣ 320 нафар ҷалб гардидааст.

Дар асоси нақшаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои мо бояд 610 нафар хонанда дошта бошем, ки ин теъдод дар ду гурӯҳ таҳсил хоҳанд кард. Айни замон гурӯҳи якуми хонандагон муассисаҳои таълимии ронандагиро ба пуррагӣ хатм карда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуданд. Дар марҳилаи якум хонандагон муассисаҳои муттаҳидаи автомобилии Кумитаи вилоятии ТҶММ шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Ховалинг, Дустӣ ва Данғараро хатм карданд.


- Дарсҳо дар муассисаҳои муттаҳидаи автомобилӣ чӣ гуна сурат мегиранд?

- Дарсҳо то се моҳ давом карда, дар ин муддат устодону омӯзгорон ба хонандагон тариқи амалӣ ва ҳам бо тариқи назариявӣ дарс мегузаранд.

Яке аз ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии КВ ТҶММ Хатлон ин омода намудани даъватшавандаҳо барои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мебошад. Бо ин мақсад мо дар баробари омӯзонидани маҳорати ронандагӣ ба ҷавонон машқҳои сафороӣ, қадамзанӣ, тирпарониро низ омӯхта, бо мақсади ҳавасмандӣ миёни онҳо мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ мегузаронем.

КВ ТҶММ Хатлон дар баробари омӯзонидани маҳорати ронандагӣ метавонад, курсҳои омӯзишии касбу ҳунарҳои ошпазӣ, сартарошӣ, мӯзадӯзӣ, тракторчӣ, барқчӣ, кафшергар ва ғайраҳоро ташкил намуда, дар асоси шартнома дар ин замина ҷавононро омода намояд. Аммо аз сабаби он ки имрӯз талабот ба курсҳои ронандагӣ зиёд аст, хоҳишмандони омӯзиш дар дигар гурӯҳҳо камтар мебошад.


          - Ба онҳое, ки курсҳои муассисаҳои КВ ТҶММ Хатлонро хатм мекунанд, чӣ гуна ҳуҷҷат дода мешавад?

- Онҳое, ки курсҳои ронандагии муассисаҳои муттаҳидаи автомобилиро пурра хонда хатм мекунанду имтиҳонҳои хатми дохилӣ ва беруниро бомуваффақият месупоранд, соҳиби шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи „С“ мешаванд. Нафароне, ки курсҳои ғайриронандагӣ - ошпаз, сартарош, баркҷӣ, мӯзадӯз ва ғайраро хатм мекунанд, ба онҳо сертификат супорида мешавад. Бояд қайд намуд, ки мушкили асосӣ дар самти омода намудани кадрҳои ҷавон ин сари вақт пурра таъмин нашудани гурӯҳҳо мебошад, ки дар ин самт комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо муваззафанд. Аз сӯи дигар, дар вақти муайяншуда пардохт нашудани маблағ барои таҳсил ва ҳуҷҷатҳои ронандагӣ аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо аз масоили дигари соҳа мебошад.


         - Ба ҳайси як низомӣ ва масъули сохтори мададгори мудофиа ба ҷавонони кишвар чӣ гуфтан мехостед?

- Пеш аз ҳама мехостам ба ҷавонони бонангу номуси Тоҷикистон муроҷиат намуда, аз онҳо даъват ба амал орам, ки ба хотири омодагии ҳарбӣ ва хизмати шоиста ба Ватан хуб мешуд пеш аз шомил шудан ба сафи Артиши Миллӣ дар муассисаҳои муттаҳидаи автомобилии шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳсил кунанд. Зеро ин имкон медиҳад, ки дар баробари соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шудан қарзи шаҳрвандии худро назди Модар-Ватан бо сари баланд иҷро намоянд.


Толибзода ТОЛИБ
Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019