РЕШАИ ЗАНҶАБИЛ (ИМБИР) ЗАРАР ВА МАНФИАТИ ОН

Аз ҳар хусус


Решаи занҷабил аз аминокислотаҳо, калий, магний, оҳан, сафеда ва фосфор бой буда, инчунин дорои витаминҳое мебошад, ки ба бадани инсон манфиатбахшанд. Витаминҳои гурӯҳи В1, В2, ва А,С, В, Р, ки инҳо барои пешгирӣ ва табобати аксар бемориҳо заруранд, дар таркиби решаи занҷабил мавҷуд аст. Аз ҷумла,

1. Системаи асабро ором мекунад;

2. Хотира ва гардиши хунро дар мағзи сар хуб мекунад;

3. Масуният( иммунитет)-ро мустаҳкам месозад;

4. Дар фаъолияти хуби кори рӯдаву меъда мусоид аст;

5. Дилбеҳазуриро рафъ ва қайъкуниро бартараф месозад;

6. Чой бо решаи занҷбил, беҳтарин дору барои дарди гулӯ ва шамолхурӣ мебошад;

7. Решаи занҷабилро, ки хусусияти шифобахшӣ ва зиддибактериявӣ дорад, метавон дар хӯриш ва таомҳо васеъ истифода бурд;

8. Оҳане, ки дар таркиби ин гиёҳи шифобахш мавҷуд аст, гемоглабинро баланд намуда, ҳолати хунро хуб месозад;

9. Фосфоре, ки дар таркиби занҷабил мавҷуд аст, дар мустаҳкамсозии милк ва сири дандон мусоид аст;

10. Ба шахсоне, ки вазни зиёдатӣ доранд, решаи занҷабил заҳрҳоро тоза намуда, дар кам шудани вазни бадан мусоидат мекунад;

11. Хусусияти балғамронӣ дошта, шамолхӯрии роҳҳои нафасро давобахш аст;

12. Барои тоза кардани рӯй аз ожанг ва ҳаргуна доначаҳо бонувон метавонанд аз решаи занҷабил васеъ истифода баранд;

13. Истеъмоли решаи занҷабил бо асалу лимӯ дар бартарафсозии вирусҳо мусоидат мекунад;

14. Таъми тези он на ба ҳама тавсия дода мешавад. Аз ҷумла, он нафароне, ки бемории захми меъда ва пешобдон доранд, занҳои ҳомила ва ширдеҳ, шахсоне, ки бемории фишорбаландӣ доранд, инчунин беморони қалб хубтараш аз истеъмоли он даст кашанд;

15. Решаи занҷабилро набояд бо доруҳое, ки хунро тунук мекунад истеъмол намуд, зеро хусусияти хунтунуккунӣ дошта, хунравиро ба вуҷуд меорад;

16. Инчунин бемороне, ки санги талхадон, бемории ҷигар, аз ҷумла сероз, ё гепатит доранд, набояд ин растаниро истеъмол намоянд;

17. Дар ҳолати гармӣ, хунравӣ ва табъи баланд аз истеъмоли ин растанӣ бояд даст кашем;

18. Истеъмоли ин навъи растанӣ ба занҳои ҳомила тавсия дода намешавад;

19. Ба кӯдакони то синни 6 сола ва беморони диабети қанд истеъмоли решаи занҷабил қатъиян манъ аст;

20. Дар ҳама ҳолат пеш аз истеъмоли решаи занҷабил хуб мешуд аз тавсияи табибон истифода баред.

Добавить комментарий