СОДИРОТИ ТАРБУЗИ ХАТЛОН БА РУСИЯВУ АВРУПО


Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Аввалин” дар ҳамбастагӣ бо корхонаи “Комбинати хўрокворӣ” дар шаҳри Бохтар аз вилояти Хатлон ба шаҳри Иркутски Федератсияи Россия 40 тонна тарбуз содирот кард. 

Тавре масъулини ширкати “Аввалин” ба хабарнигори “Сафо” иттилоъ доданд, Рӯзҳои наздик бошад, боз 40 тоннаи дигар ба давлатҳои Аврупо содирот карда мешавад. Гуфта мешавад, ки бо дастгирии ташкилоти байналмиллалии USAID дар ноҳияҳои Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Қубодиён дар майдони 20 гектар парвариши тарбузи барвақтӣ ба роҳ монда шудааст.

– Соҳибкорони хатлонӣ соли гузашта ду мошини боркаш тарбузи Хатлонро ба давлатҳои Аврупо содирот карда, бозорҳои он ҷоро омӯхтанд. Баъди омӯзиш маълум гардид, ки талаботи ин навъи полезӣ дар бозорҳои Аврупо талаботи зиёд дорад. Аз ин хотир тасмим гирифта шуд, ки тарбузро бо назардошти талаботҳои хориҷа парваришу ҷамъоварӣ карда, содирот намоем. Бо кумаки лоиҳаи USAID тухмии тарбузи навъи Krimson Sweet аз ширкати голандии BASS дастрас карда шуд, ки ҳосилнокиаш баланд буда, ба иқлим ва бемориҳои гуногун тобовар мебошад. Баъди кишт он бо усули қатрагӣ парвариш карда шуд. То содирот кардани маҳсулот ҳосили ҷамъоваришуда дар анбори “Комбинати хӯрокворӣ”, ки беҳтарин шароитро дорад, нигоҳдорӣ карда шуд, - гуфтанд дар ин ширкат.

Масъулини ҶДММ “Аввалин” ҳамчунин иброз намуданд, ки бо дастгирии USAID тамоми таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардида, мутахассисони он то ҷамъоварию омода кардани тарбуз барои содирот пайваста маслиҳатҳои муфид медоданд.

Мақсад гузошта шудааст, ки соли оянда дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз аз вилояти Хатлон ба Федератсияи Россия ва Аврупо содирот карда шавад.

                                                           Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий