ЁВОН. 1000 АДАД ҚУТТИҲОИ ПАРТОВ ОВАРДА ШУД
Дар доираи лоиҳаи “Идоракунии сатҳи маишӣ” бо маблағгузории Бонки Аврупоӣ ба Раёсати коммуналӣ, истеҳсолӣ ва истифодаи манзилҳои ноҳияи Ёвон зиёда аз 1000 адад қуттиҳои партов оварда шуд. Қуттиҳо 6 намуд мебошанд.
Бино ба иттилои сардори раёсати болозикр Асрор Аҳмад маблағи умумии лоиҳаи мазкур чор миллион доллари америкоӣ буда, аз ин ду миллионаш ҳамчун кумак ва ду миллиони дигараш қарз дода шудааст.
- Дар доираи ин лоиҳа дар ноҳия 58 нуқтаи партовгоҳ сохта шуда, дар назди онҳо қуттиҳои махсус барои партов гузошта мешавад. Инчунин 11 адад техникаи наву замонавӣ рӯзҳои наздик ба корхона оварда мешавад, ки баъди ворид шудани онҳо кори кормандони мо хеле осон мешавад, -гуфт Асрор Аҳмад.
Сулаймон СУЛТОНОВ