ҚУЛФИНАЙ ФАРОВОН ШУД

     Сокинони ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш дар самти кулфинайпарварӣ пешсаф буда, имрӯзҳо ба ҷамъоварии ҳосили ин меваи хуштамъи баҳорӣ машғул ҳастанд.

Ҷиёншоҳ Аламшоев, аз зумраи деҳқонони асили Вахшонзамин аст, ки умри пурбаракати худро ба қулфинайпарварӣ сарф намудааст. Ӯ имсол дар масоҳати бештари замини ҳоҷагиаш маҳз парвариши қулфинайро ба роҳ мондааст. Зеро ба гуфтаи бобои Ҷиёншоҳ ин намуди меваи заминӣ камхарҷу сердаромад буда, нисбат ба дигар зироатҳои хоҷагии қишлоқ тезтар пухта мерасад.

Тавре бобои Ҷиёншоҳ Аламшоев иброз менамояд, онҳо рӯзгорорашонро маҳз аз даромади ҳосили дастранҷи хеш пеш мебаранду фарзандонро низ дар ин рӯҳия тарбия менамоянд. Ин оилаи деҳқон баъди таҷдид гаридани хоҷагиҳо саҳми худро соҳиб гардида, дар баробари қулфинай ба дигар намуди зироати кишоварзиро низ кишт менамояд.

Самараи меҳнати шабонарӯзии деҳқонони қулфинайпарварро соҳибкорон аз назди хоҷагӣ харидорӣ намуда, ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ба фурӯш мебароранд.

Қулфинайпарварон ҳам талош бар он менамоянд, ки дар фаровонии бозор саҳмгузор бошанд. Зеро  онҳо хуб медонанд, ки дастархони пур нозу неъмати сокинон пеш аз ҳама аз заҳмату талош ва ҳосили дастранҷи онҳо вобаста аст.

Ҳоло дар заминҳои ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш ҳама саргарми ҷамъоварии ҳосил ҳастанд. Инҷоро макони қулфинайпарварӣ гӯем ҳам мешавад. Зеро маҳз аз ҳамин ҳудуд имрӯзҳо қулфинай ба бозору дӯкон ва умуман аксари шаҳру навоҳии мамлакат паҳн мегардад, ки аз ин меваи баҳорӣ ҳамагон баҳравар гардида истодаем.


М. Амонҷон
Добавить комментарий