БАЛҶУВОН: “БОҒИ ВАКИЛОН” БУНЁД ШУД

     Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон, дар деҳаи Хироби ин ноҳия боғи намунавӣ бунёд карда истодаанд. Масоҳати боғ 1,8 гектар буда, “Боғи вакилон” номгузорӣ шудааст.

Ба иттилои муовини аввали раиси ноҳия Шарофиддинзода Неъматулло, дар боғи мазкур беш аз 500 бех дарахтони гуногуни мевадиҳанда ва ороишӣ шинонида шудааст, ки ба иқлими ин минтақа мувофиқанд. Дарахтон аз ҳисоби вакилони маҳаллӣ харидорӣ ва шинонида шуданд.

Ӯ афзуд, ки гирду атрофи боғ пурра маҳкам шуда, парвариши дарахтони ороишӣ, олуча, себ ва зардолу ба роҳ монда шудааст. Минбаъд ҳар як вакил дар давоми панҷ соли фаъолияташ, на кам аз 20 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида, дар нигоҳубини онҳо низ самҳ мегузоранд.


Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий