ФАРОВОНИИ БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ

     Рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз омилҳои асосии таъмини амнияти озуқавории мамлакат маҳсуб меёбад, ки дар ин раванд сокинони ноҳияи Кӯшониён бо натиҷаҳои меҳнатиашон саҳми назаррас гузошта, дар истеҳсоли якчанд номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар миқёси ҷумҳурӣ пешсаф мебошанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур бо мақсади иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат саъю талош намуда, майдони кишти зироати кишоварзиро васеъ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тару тозаи баҳориро ба маротиб зиёд намудаанд.

Истифодаи оқилонаву самарабахши замин омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди иқтисодиёт, афзун гардидани иқтидори содиротии мамлакат, таъмини сокинон бо ҷойи корӣ ва ба ин васила беҳтар гардидани некуаҳволии мардум мебошад. 

Сокинони ноҳияи Кӯшониён бо дарки дурусти ин ҳадафи стратегии мамлакат бо истифода аз шароиту имконоти мусоиди корӣ дар заминҳои ҳосилхези ноҳия ҳамаи намуди зироати кишоварзиро кишт ва парвариш менамоянд. 

Имрӯзҳо хоҷагидорон ба ҷамъоварии маҳсулоти тару тозаи барвақтӣ ва вусъати кишту кори баҳорӣ машғул ҳастанд. 

Бо истифода аз гармхонаҳои доимамалкунанда ва мавсимӣ, ки масоҳати умумии онҳо қариб 170 гектарро ташкил медиҳад, деҳқонон аз аввали сол бо истеҳсоли маҳсулоти гуногун, хусусан помидору бодиринг дар таъмини фаровонии бозорҳои истеъмоли кишвар саҳми муносиб гузошта истодаанд. Ноҳияи Кӯшониён, ки яке аз калонтарин минтақаи аграрии кишвар ба ҳисоб меравад, дорои 15 ҳазору 952 гектар замини корам буда, сокинони меҳнатдӯсту соҳибтаҷрибааш ҳар қитъа заминро мувофиқи мақсад истифода бурда, дар ин самт тибқи дурнамои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ноил гардида истодаанд. Зеро аҳли заҳмат бо истифода аз таҷрибаи бойи хољагидорӣ ҳамчунин роҳу усулҳои муосири павариши зироати кишоварзиро аз худ намуда,  сол то сол бо васеъ намудани майдони гармхонаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуда, ба ин васила шароити кору зиндагиашонро ба маротиб беҳтар менамоянд. 

Тибқи иттилоъи Раёсати кишоварзиии ноҳия заҳматкашони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ ба ҳолати 10-уми апрел беш аз 470 тонна сабзавоти барвақтӣ ҷамъоварӣ кардаанд, ки ин раванд рӯз то рӯз вусъат мегирад.  

Дар мавсими тирамоҳи соли гузашта деҳқонони ноҳияи Кӯшониён тибқи дурнамо дар майдони 230 га пиёз, 150 га карам, 150 га сабзӣ, 200 га дигар намуди сабзавот, 442 га картошка ва дар майдони беш аз 1500 га ғалладонагиҳо кишт намуда буданд, ки дар натиҷаи меҳнати софдилона имрӯзҳо ба ҷамъоварии якчанд намуди зироат машғул мебошанд. Махсусан картошкаю пиёз, ки талабот ба он дар бозори истеъмолӣ хеле зиёд аст. 

Дар хамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳияи Кӯшониён маданияти баланди истифодабарии замин ба таври лозима риоя гардида, кишоварзон бо ҳавасмандӣ саргарми корҳои саҳроӣ буда, талош менамоянд, ки кишти зироати ба ин айём мувофиқро дар муҳалати муайян гардида ба анҷом расонанд. 


М. Амонҷон
Добавить комментарий