ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ДАР ДДБ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ

Файзиддин Муродов, декани факултаи болозикр иттилоъ дод, ки ҳамарӯза дар ин ҷо 500 адад ниқоб дӯхта мешавад. То ба имрӯз 3 факултети донишгоҳ бо ниқоб таъмин шуда, марҳила ба марҳила факултетҳои дигар низ таъмин хоҳанд шуд. Ӯ афзуд, ки ниқобҳои дӯхташуда, ба омӯзгорон, кормандони техникӣ ва донишҷӯён тақдим карда мешаванд. Ниқобҳо сифати хуб дошта, дар мувофиқа бо Хадамоти назорати давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон омода шудаанд.
Номбурда ҳамчунин гуфт, ки 15 нафар донишҷӯдухтароне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд, дар вақти фориғ аз дарс ба дӯхтани ниқобҳои тиббӣ машғул мешаванд.