Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАХТАКОРОНИ ЁВОН НИЗ МУЖДАИ ЗАФАР ДОДАНД
Дирӯз, 14 ноябр, дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пахтакорони ноҳияи Ёвон аз иҷрои пурраи дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахта муждаи зафар доданд. Тибқи иттилои Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, заркорони ноҳия то 14 ноябр ба қадри 24 ҳазору 864 тонна “тиллои сафед”-и ғундоштаашонро ба нуқтаҳои қабул супурдаанд, ки ба 100,27 дарсади дурнамо баробар аст.
Соли ҷорӣ дар ноҳияи Ёвон дар майдони 10956 гектар пунбадона кишт кардаанд. Ҳосил дар саҳроҳои ноҳия ҳанӯз ҳам мавҷуд буда, пахтакорон азм доранд, ки ҳосили боқимондаи пахтаро пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Ноҳияи Ёвон дар қаламрави вилоят 13-умин ноҳияест, ки дурнамои солонаи истеҳсоли пахтаро пурра ба иҷро расонидааст. То ин вақт шаҳру навоҳии Данғара (111,03%), Дӯстӣ (103,92%), Бохтар (102,92%), Левакант (100,93%), Шаҳритуз (100,91%), Қубодиён (100,38%), Ҳамадонӣ (100,26%), Хуросон (100,21%), Носири Хусрав (100,15%), Ҷайҳун (100,14%), Панҷ (100,09%) ва Кӯшониён (100,01%) ба марраи зафар расидаанд.
Қобили зикр аст, ки 1 ноябр, дар рӯзи ҷамъбасти даври чоруми мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии пахта дар вилояти Хатлон, ба раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода барои он ки пахтакорони ноҳия дар 15-рӯзаи чорум ба қадри 23,19 фоизи дурнамо пахта супориданд, Сипосномаи раиси вилоят тақдим шуда буд.
Тибқи маълумоти Сарраёсати омори вилояти Хатлон, то рӯзи 14 ноябр пахтакорони вилояти Хатлон беш аз 255 ҳазор тонна ҳосили «тиллои сафед»-и ҷамъовардаашонро ба нуқтаҳои қабул ва корхонаҳои коркард супурдаанд. Ин нишондиҳанда ба 92,9 фисади дурнамои солона баробар аст.
Пахтакорони ноҳияҳои Вахш, Фархор, Ҷ. Балхӣ, А. Ҷомӣ, Восеъ, Кӯлоб, мутаассифона, то имрӯз дурнамои пахтасупориро аз 64% то 90% иҷро кардаанд, ки ин нишондиҳанда аз сатҳи вилоят камтар аст.
Қобили зикр аст, ки бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода то рӯзи 16 ноябр дар доираи иқдоми “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта идома намуда, ҳар ним моҳ ба се шаҳру ноҳияе, ки нишондиҳандаи баландро соҳиб мешаванд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим хоҳад шуд.
19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон хоҷагиҳои пахтакор дошта, дар мавсими имсола дар майдони 122 ҳазору 97 гектар пунбадона кишт шудааст. Кишоварзони вилоят ният доранд, ки дар ин мавсим 275,2 ҳазор тонна пахта рӯёнанд.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР