Ашъоре пур аз меҳру садоқат

  Бо шоири ҷавону умедбахш Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун тариқи мутолиаи шеъру таронаҳояш аз рӯзномаю маҷаллаҳо ғоибона ошно будам. Аз шеърҳои пурмазмуну равонаш дарёфтам, ки ӯ миёни насли ҷавони шоирони имрӯзаи адабиёти тоҷик мақоми хосае дорад ва барои фатҳи қуллаҳои баланди эҷодӣ гомҳои устувор мегузорад.
    Ҳини сафари хизматӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ӯ дар идораи рӯзномаи “Навиди Балх” шинос шудем. Ӯро як шахси одию хоксор самимию меҳрубон  дарёфтем.
    Ибодуллоҳ аз наврасӣ  шеър эъҷод мекунаду “дар обу гил”-и шеъру шоирӣ обутоб ёфтааст .
  Аз айёми мактабхонӣ ба фанҳои забону адабиёти тоҷик бештар майлу рағбат дошта, аз ҳамон вақт дар дилаш меҳри шеърхониву шеърнависӣ пайдо гардида буд.
   Ба ғайр аз эҷоди шеъру таронаҳои пурмазмуну дилнишин ҳунари хуби ровигӣ низ дорад. Ин ҳунари волоро аз устодаш Аъзамҷони Ҳоҷимирзо омӯхтаасту имрӯзҳо низ дар ҷамъомаду маҳфилҳо ва тӯю маъракаҳои хурсандии ёру дӯстон ровигӣ менамояд.
     Ибодуллоҳ солҳои зиёдест, ки бо тахаллуси Мафтун шеър мегӯяд. Ду маҷмӯаи ашъораш бо номҳои “Мафтуни қалам”ва “Муҳри муҳаббат” рӯйи чоп омадаву пешкаши хонандагону мухлисонаш гардидааст. Ҳамин тавр ин шоири хушбаёну соҳибзавқ вориди дунёи адаб гардида, пайваста дар ин олами ҳунар масири завқу иршодро такмилу тақвият мебахшад.
Ибодуллоҳ рӯи шеърҳои худ гаштаю баргашта кор мекунад, меомӯзад шабзиндадорӣ мекунад, то маҳсули эҷодаш писанди хонандагон бошад. Ҳамин аст, ки шеърҳояш мазмуни тозаю бадеияти баланд доранд ва ба дили ҳаводорони ашъораш зуд роҳ меёбанд. 
  Аз  ҷумла, дар шеъри тозаэҷодаш “Ба истиқболи Истиқлол”, ки ҳамчун мужда  ба ифтихори Ҷашни 30-солагии кишвар гуфтааст:
  Кишвари овозадорам, Тоҷикистони азиз!
  Меҳри ту дар сина дорам, Тоҷикистони азиз!
  Кӯҳҳоят сарбаланду чашмасоронат зулол.
  Эй диёри чун баҳорам, Тоҷикистони азиз!
  Баҳри ҳифзи соҳибистиқлолият, эй кишварам,
   Дар бари ту ҷоннисорам, Тоҷикистони азиз!
  Ман зи ҷону дил ба истиқболи Истиқлоли ту,
  Шеъри худро туҳфа дорам, Тоҷикистони азиз!
Шоир ба халқу ватани хеш содиқу вафодор асту сарчашмаи хушбахтӣ ва зиндагии шоистаро аз сулҳу ваҳдати миллӣ медонад:
   Ҳамчу гул бишкуфтани мо аз баҳори Ваҳдат аст,
   Сулҳу оромии мо оинадори Ваҳдат аст.
   Роҳҳо ҳамвор гашту хонаҳо обод шуд,
  Шодмон пиру ҷавон дар рӯзгори Ваҳдат аст.
  Мардуми соҳибватан андар Бадахшону Ҳисор,
  Ҳам ба Суғду Рашту Хатлон дӯстдори Ваҳдат аст.
  Бешубҳа зиндагии воқеии шоир бар амри муроди халқ зиндагӣ кардан ва ба манфиати халқу меҳани хеш кору пайкор доштан будааст.  Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун тинҷиву амонии кишвар, рушди босуботи он ва зиндагии шоиставу осудаҳолонаи мардумро аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонаду дар шеъри “Зиҳӣ, эй Пешво!”мегӯяд:
     Зиҳӣ, эй Пешвои Тоҷикистон!
     Кафили ин ҳама сулҳу амонӣ!
    Шукӯҳу шони фарҳангу асолат,
    Барои ҷисми меҳан мисли ҷонӣ!
   Бимонӣ то абад сарсабзу барҷо,
   Ки арзанда чунин як Сарвари ту.
   Дуо гӯем, то монад дурахшон,
   Ба болои сари мо ахтари ту.
    Ибодуллоҳи Мафтун шоири ошиқ аст. Шеърҳои лирикии ӯ моломоли ишқи поку беолоиш ва садоқату вафодорист. Дар шеърҳояш ишқи поки инсониро тараннум менамояд.   
Ӯ менависад:
Ба фасли навбаҳорон рашк дорам,
Ки мӯҳои туро борон бишӯяд.
Мабодо, ай азизи ҷони ҷонам,
Рақибе аз гули рӯят бибӯяд.
Аз ҳама муҳим он аст, ки Ибодуллоҳи Мафтун шеърро бо шавқ мегӯяд ва шеърҳояш гуногуну фарох буда, андешаҳояшро хушобуранг ва пурмазмун ба қалам медиҳад:
  Азизам, ман бароят гиря кардам,
  Барои ҳар хатоят гиря кардам.
  Набишнидӣ садои нолаи дил,
  Барои гиряҳоят гиря кардам.
Ибодуллоҳи Мафтун аз ҷумлаи шоиронест, ки ба аҳли зиё, аз ҷумла шоирону устодон ва суханварон робитаю меҳру садоқат дорад. Эҷодиёти онҳоро азёд медонаду ба онҳо арҷ мегузорад. 
Шоири соҳибзавқу хушбаён Ибодуллоҳи Мафтун бузургии модар, ғамхориҳою меҳрубониҳои ӯро тараннум намуда, қисме аз ашъорашро ба васфи модар бахшидааст.
Ту сарпаноҳи моӣ, пушту паноҳи моӣ,
Ту раҳнамои моӣ, ҳам такягоҳи моӣ.
Дур аз канори меҳрат ҳар ҷо, ки по гузорем,
Ду дида бар самоӣ, ду даст бар дуоӣ.
Ашъори ман бароят, бар чашм хоки поят,
То ҳашр дар дили ман ҷовид аллаҳоят.
Шукрона кард Мафтун бар ҳастии ту, модар,
Бошӣ чароғи роҳаш бо панди раҳнамоят.
    Ӯ шоирест, ки дар шеърҳояш дӯстию бародарӣ меҳру муҳаббат, хоксорию меҳрубонї, росткорию ростқавлӣ ва дигар хислатҳои наҷиби инсониро васф мекунад. Номзади илҳоми филологӣ Раҷабалӣ Худоёрзода андешаҳояшро дар бораи ашъори рангину диловези шоир чунин баён намудааст: “Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун бо шамшери буррои шеъри худ ба майдони суханварӣ баромада, ҷасурона гом мегузорад ва яқин аст, ки дар оянда низ барои хонанда шеърҳои тару тоза хоҳад навишт”.
                Аъзам Бобоев,  узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


Добавить комментарий