Бойгонӣ

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист

29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Хуросон ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Хуросонро мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири кору фаъолияти кормандон дар он шинос шуданд.

Иншоот дар масоҳати 7 садяк замин бо тарҳи меъмории миллӣ сохта шуда, аз ду ошёна иборат аст.
Бинои бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Хуросон аз ҷониби бинокорону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дилафрӯз” - и шаҳри Душанбе дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сохта шуда, дар он шароити муосири кору фаъолият барои кормандон муҳайё гардидааст.

Иншооти навбунёд аз 6 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳи замонавӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.
Тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои фаъолияти хубу пурсамари минбаъдаи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист имконияти зарурӣ мавҷуд мебошад.
Дар ноҳияи Хуросон давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари бунёду ба истифода додани иншооти муосири хизматрасонию маишӣ бо мақсади беҳтар намудани сифати кору хизматрасонӣ ба сокинон биноҳои маъмурӣ ҳам бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ба ҳусни кӯчаву маҳаллаҳо зебоии хоса зам мекунанд.

Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи маориф дар ноҳияи Хуросон
29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро ба истифода доданд.
 
Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон иншооти ҷашнӣ буда, дар асоси дастуру роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи беш аз 7 миллиону 500 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур соли 2018 оғоз гардида, бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарзин-7” бо тарҳи муосир ва сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ 40 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Масоҳати умумии замини иншоот 1493 метри мураббаъро дар бар гирифта, фармоишгари бино Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Иншооти нави соҳаи маориф дар ноҳияи Хуросон 4 ошёна буда, аз 33 ҳуҷраи корӣ, толори васеи технологии пайваст бо шабакаи интернет, китобхона, бойгонӣ, маҷлисгоҳи замонавӣ бо 75 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои техникӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Дар ошёнаҳои 3-юм ва 4-юми бино ҳамчунин Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ҷойгир карда шудаанд. 
Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ дар асоси талаботи имрӯза бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла компютер, мизу курсӣ ва дигар шароити фаъолият муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Китобхонаи шуъбаи маориф дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир буда, дорои наздики 10 ҳазор адабиёти гуногуни соҳавӣ ва бадеӣ мебошад, ки аз он баробари кормандон дигар дӯстодорони каломи бадеъ низ метавонанд ба таври васеъ истифода кунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар бино баҳо баланд дода, кормандонро ҷиҳати истифодаи пурраю мақсаднок аз шароити муҳайёгардида ҳидоят намуданд.
Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи маориф дар ноҳияи Хуросон барои кормандон шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд.

Ифтитоҳи Маркази ҷавонон дар шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон
29 октябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Обикиик бинои Маркази ҷавононро, ки бо тарҳи хеле зебою замонавӣ бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои Маркази ҷавонон аз ду ошёна иборат буда, бо харҷи беш аз 5 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, дар асоси санъати хоси меъмории миллӣ сохта шудааст.
Бинои Маркази ҷавонон дар ноҳияи Хуросон аз 21 ҳуҷраи корию хизматрасонӣ, маҷлисгоҳ бо 70 ҷойи нишаст, толори компютерии пайваст бо шабакаи интернет бо 44 ҷой, ду толори китобхона, 4 ҳуҷраи техникӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.
Иншооти замонавӣ дар партави сиёсати давлатии ҷавонон бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ - 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд шудааст.
Аснои шиносоӣ бо шароити бинои мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷавонон ва масъулонро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар бино соли 2018 бо ҷалби бинокорону мутахассисони маҳаллӣ оғоз гардида, дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои миллӣ ба анҷом расонида шудааст.

Фармоишгари иншоот - Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон мебошад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани бино барои ҷавонони сарбаланди ноҳияи Хуросон имкони васеъ дар самти забономӯзӣ, аз худ кадани нозукиҳои технологияи муосир, ҳунарҳои гуногун ва ташкилу баргузории маҳфилу чорабиниҳо фароҳам омад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо гирандагони стипендияи президентӣ дар толори барҳавои марказ ба истифода додани ин бинои замонавиро идомаи мантиқии дастгириҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба наврасону ҷавонон арзёбӣ карданд.

Ифтитоҳи марҳилаҳои якум, дуюм ва муаррифии лоиҳаи таҷдиду навсозии марҳилаи сеюми роҳи “Душанбе - Бохтар”
29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои якум ва дуюми роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии “Душанбе - Бохтар”- ро, ки беш аз 75 километрро ташкил медиҳанд, пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, дар натиҷаи амалӣ гаштани он, роҳ аз категорияи сеюм ба категорияи яки “Б” гузаронида шуд. Паҳноии роҳ аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.
Тибқи лоиҳа роҳ бо харҷи наздики 97 миллион доллари америкоӣ маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шуд.
Роҳи мазкур бо иштироки наздики 400 нафар кормандону мутахассисони тоҷик ва 50 мутахассиси хориҷӣ мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ бунёд шудааст.

Мутобиқи нақша дар рафти таҷдид ва азнавсозӣ аз ду самти ҳаракат сохтмони 4 пул, 4 гузаргоҳи зеризаминӣ барои чорво ва техникаҳои кишоварзӣ, як гузаргоҳи болоизаминӣ барои пиёдагардон, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст. 
Ҳамзамон дар минтақаҳои аҳолинишин ва гардишгоҳҳо аз ду шафати роҳ беш аз 500 ҷароғаки равшанидиҳанда бо истифодаи энергияи офтобӣ насб гардидааст.
Лозим ба таъкид аст, ки дар вақти сохтмони роҳи мазкур мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб гардида, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини сифати корҳои бунёдӣ, роҳ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шуд.
Ҳангоми иҷрои корҳо инчунин ба масъалаи ободонии канори шоҳроҳ таваҷҷӯҳи хоса равона гардида, дар масоҳати беш аз 25 ҳазор метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ анҷом пазируфтааст.
Тибқи лоиҳа дар роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилаллии “Душанбе – Бохтар” байни роҳ ба пуррагӣ бо деворҳои ҳимоявӣ ҷудо карда шуда, бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин мебошад.
Илова бар ин, дар доираи марҳилаи якуми лоиҳа, бо мақсади беҳтарсозии инфрасохтори роҳ, нуқтаҳои хизматрасонӣ - хонаи модару кӯдак, бозорчаи мавсимӣ, таваққуфгоҳ ва нуқтаи санитарӣ бунёд карда мешавад.
Инчунин, дар марҳилаи аввал, татбиқи банди алоҳида аз ҳисоби “Фонди энергияи тоза” ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи он насби насосҳои обкашӣ бо истифодаи энергияи офтобӣ, хобонидани қубурҳои обгузар ва бо оби ошомиданӣ таъмин намудани шаш маҳалли аҳолинишин, бо барқ таъмин намудани як бунгоҳи тиббӣ ва бунёди як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва равшаннамоии нақби “Озодӣ” амалӣ карда мешаванд.
Ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳисоби марҳилаи якум таҷдиду азнавсозии роҳи қитъаи бозори “Корвон” бо дарозии қариб 2 километр ба анҷом расонида шудааст.
Қобили тазаккур аст, ки корҳои сохтмонӣ дар роҳи дорои аҳамияти байналмилалии “Душанбе – Бохтар” бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 октябри соли 2017 оғоз гардида буд ва ҳамакнун дар доираи таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ пурра ба истифода дода шуд.
Марҳилаи дуюми таҷдиди шоҳроҳи “Душанбе – Бохтар” яке аз се қисми асосии лоиҳаи азнавсозии шоҳроҳи мазкур ба ҳисоб рафта, аз километри 33 то километри 73 - юмро дар бар мегирад ва пурра аз ҳудуди ноҳияи Хуросон мегузарад.
Дарозии умумии роҳи мазкур 35 километру 575 метрро дар бар мегирад ва паҳноии он аз 23 то 27 метрро ташкил дода, бо 4 хатти ҳаракати 3,5 метра ба ду самт бо пойдеворҳои бетонӣ ҷудо карда шудааст.

Ин қисмати шоҳроҳ аз ҳудуди 3 ҷамоати деҳоти ноҳия мегузарад.
Лоиҳаи мазкур бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 роҳандозӣ гардида, корҳои сохтмону азнавсозии он худи ҳамон сол шуруъ шуда буд.
Арзиши лоиҳавии корҳо 56 миллион доллари америкоиро дарбар гирифта, корҳои лоиҳаро 18 машваратчӣ ва 211 нафар коргари маҳаллӣ анҷом додаанд. Инчунин дар рафти татбиқи лоиҳа дар маҷмуъ 112 техника сафарбар гардид.
Дар масири шоҳроҳ бо дарозии 15 ҳазору 725 метр роҳи пиёдагард ва бо дарозии 762 ҳазору 800 метр новаҳои обрав бунёд карда шудааст.
Ҳамчунин дар маҳалҳои аҳолинишин, гардишгоҳҳо ва болои пулҳо 710 сутунчароғ бо дарозии 6 ҳазору 672 метр насб карда шуд.
Дар ин марҳилаи роҳ дар маҷмӯъ 9 пул, аз ҷумла 8 пул азнавсозӣ ва 1 пули дигар таъмир гардидааст.
Илова бар ин бо мақсади бартарафкунии монеаҳо ва тезонидани корҳои таҷдид дар масири шоҳроҳ 6 ҳазору 200 метр хатти баландшиддати барқ ва 33 ҳазору 700 метр хатҳои алоқа кӯчонида шуда, 45 қубури обгузар бо дарозии 1 ҳазору 546 метр васл карда шуд.
Дар 6 қитъаи роҳ гузаргоҳ барои рондани чорво ва гузаштани техникаҳои хоҷагидорӣ бунёд ёфта, дар 93 қитъа роҳҳои баромаду даромад ва бо мақсади танзими ҳаракати роҳу нақлиёт 817 аломати ишоравии роҳ гузошта шуда, 40 истгоҳ муқаррар гардидааст.
Бо мақсади аз харобшавӣ эмин нигоҳ доштани роҳ ба дарозии 16 ҳазор метр корҳои насби новаҳои обпарто аз ду канори роҳ анҷом ёфтааст.
Ба масоҳати беш аз 125 ҳазор метри мураббаъ анҷом додани корҳои кабудизоркунӣ ва шинонидани дарахтони ороишиву ҳамешасабз аз ҷумлаи корҳои дигари ба итмомрасида маҳсуб меёбанд.
Ҳамчунин бунёди деворҳои ҳимоявии оҳану бетонӣ дар 13 қитъа бо дарозии 1 ҳазору 200 метр анҷом дода шуд. 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз роҳи мазкур ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ аз фаъолияти масъулин ва дигар мутахассисони варзида изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Имрӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду марҳилаи роҳи “Душанбе – Бохтар” зиёда аз 75 километр роҳ, 1 ҳазору 170 метр купрук, 24 ҳазору 752 метр пиёдароҳро ба истифода доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар ду марҳилаи роҳи “Душанбе – Бохтар” дар ҳамин ҷо бо лоиҳаи сохтмони марҳилаи сеюми ин роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ шинос гардиданд.
Марҳилаи сеюми роҳ аз қитъаи Қизилқалъа то шаҳри Бохтар масофаи 9,2 километрро дар бар мегирад.
Дар ин марҳила бунёди 2 пули нав, 8 истгоҳ, 16 қубури обгузар, дар тули 4 километр насби чароғҳои равшанидиҳанда, сохтмони пиёдароҳ дар масоҳати 9 ҳазору 500 метри мураббаъ ва гузоштани аломатҳои ишоравӣ дар тамоми мавзеи роҳ пешбинӣ гардидааст.
Маблағгузории марҳилаи сеюм 31 миллион долларро ташкил медиҳад, ки кӯмаки грантӣ аз ҳисоби Ҳукумати Ҷопон тавассути Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) мебошад.
Ҳадафи татбиқи лоиҳа боз ҳам беҳтар кардани ҳамлу нақл ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар қисми шоҳроҳи “Душанбе – Бохтар” тавассути таҷдиди қитъаи роҳи автомобилгарди “Қизилқалъа – Бохтар” ва ҳамин тавр мусоидат намудан ба рушди иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад.
Дар доираи лоиҳа корҳои васеъ кардани ду канори роҳ ба нақша гирифта шуда, рафтуомади воситаҳои нақлиёт аз 2 самти ҳаракат ба 4 қатор расонида мешавад. 
То имрӯз аз ҷониби мутахассисони тоҷик дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кишвари Ҷопон корҳои насб ва ба кор даровардани заводи бетон, буридани қисми болоии хок ва сохтмони комаи роҳ анҷом дода шуда, сохтмони 2 пул, қубурҳои чоркунҷашакл ва қабатҳои асосии роҳ оғоз гардидааст.
Аз руи маълумоти масъулин дар рафти сохтмони марҳилаи сеюми роҳ 100 нафар мутахассиси ватанӣ 20 мутахассиси хориҷӣ, 50 техникаи пуриқтидори соҳавӣ ҷалб карда мешаванд.
Тибқи нақша роҳи мазкур то соли 2024 бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар натиҷа рафтуомади бемамониати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт тариқи ин масир таъмин мегардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи роҳи сохташаванда ба масъулин ва дигар сохтмончиён ҷиҳати анҷоми босифати корҳои бунёдӣ дастуру маслиҳатҳо дода, таъкид намуданд, ки роҳ тавре бояд сохта шавад, ки солиёни дароз ба мардум хизмат расонад. 
Роҳи автомобилгарди “Душанбе – Бохтар” дар доираи Ҳамкориҳои Иқтисодии Минтақаи Осиёи Марказӣ, долонҳои 2, 5 ва 6 ҳамчун роҳи байналмилалӣ бунёд гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷумҳуриҳои Туркманистон, Афғонистон, Эрон, Покистон ва бандарҳои баҳрӣ пайваст намуда, дар ҳамлу нақли молу маҳсулоти минтақа саҳми бузург дорад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, даҳҳо лоиҳаи сармоягузориро татбиқ намуд, ки дар доираи онҳо дар кишвар беш аз 2200 километр роҳи байналмилалии мошингард, 220 километр роҳи оҳан, 237 пул ва 5 нақби мошингузар бунёд гардида, ҳоло корҳо дар дигар лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ доир ба бунёди роҳҳо идома доранд.


Ифтитоҳи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Хуросон
29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гулгашти Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.

Сарвари давлат дар ҳамин ҷо аз болои муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд.
Муҷассама дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳия дар шафати Парчам ва Нишони давлатӣ қомат афрохта, дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайкалтарош Маҳмуд Бобоев бо санъати баланд омода гардидааст. 
Баландии муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Хуросон бо назардошти таҳкурсӣ 9,65 метрро дар бар мегирад.
Аз ду паҳлуи муҷассама ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик гузошта шудааст.
Масоҳати умумии замини гулгашти Исмоили Сомонӣ 1 ҳазору 550 метри мураббаъро ташкил намуда, дар назди он як фаввора сохта шудааст.
Бо шинонидани гулу дарахтони ороишиву сояафкан ва майсазор намудани атрофи муҷассама, ба ҳусни он зебогии дигар зам гардид. 

Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби Шоҳона” - и шаҳри Душанбе мебошад.
Дар ноҳияи Хуросон бо қомат афрохтани муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ боз як мавзеи хуби сайругашти сокинон ва меҳмонон бунёд гардид.

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Ваҳдати деҳоти Фахробод
29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон дар деҳаи Ваҳдати деҳоти Фахробод майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Майдончаи варзишӣ барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардида, бахшида ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Шоира Зулқайнарова устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба бокс Ҷоизадори Чемпионати Осиё 2015-2021, Чемпиони Осиё дар байни донишҷӯён 2016, Ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон дар байни донишҷӯён 2014, Ҷоизадори Ҷоми ҷаҳон 2015, 2016, 2018-2019 дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2015, 2021 ва Чемпиони 8-карати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бародаронаш бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст.
Масоҳати умумии майдончаи варзишӣ 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо чанде аз варзишгарони ноҳия, ки ба истиқболи Роҳбари ҷавонпарвари худ омада буданд, суҳбати гарму самимӣ оростанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар ҷаҳони муосир яке аз омилҳои муҳими муаррифии давлату миллат варзиш мебошад. Аз ин рӯ, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароити имконияти фароҳамгардида дар самти тарбияи ҷисмонӣ бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро пеша намоянд.

Ҷавонони сарфарози ноҳияи Хуросон бо сипосгузорӣ аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат нисбат ба насли ояндасоз илму ҳунар омӯхта, номбардорони ватану миллат хоҳанд шуд. Майдончаи варзишӣ болопушида буда, дар чор фасли сол дар он баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ имконпазир аст.
Бояд зикр намуд, ки чун дигар бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ, дастоварду комёбиҳои соҳаи варзиши ноҳияи Хуросон низ ба замони соҳибистиқлолӣ рост меояд.
Комёбиҳои варзишгари баруманди ноҳияи Хуросон Шоира Зулқайнарова аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими варзишгарони ноҳия дар замони соҳибистиклолии мамлакат мебошад.
Ифтитоҳи чунин як майдончаи замонавии варзишӣ шавқу ҳаваси наврасону ҷавони ноҳияро ба тарзи ҳаёти солим боз ҳам бештар кардааст. Ба ҷавонони варзишгари тоҷик аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим гардид.
Бо дарназардошти таваҷҷуҳи зиёди наврасону ҷавонони деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон ба варзиш оянда дар назди майдончаи муосир бунёди дигар иншооти варзишӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Ифтитоҳи бинои маъмурии деҳоти Фахробод дар ноҳияи Хуросон
29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон бинои маъмурии деҳоти Фахрободро ба истифода супориданд.

Бинои маъмурии деҳоти Фахробод дуошёна буда, аз 11 ҳуҷраи корӣ, бақайдгирӣ, маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст, бойгонӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шуда, барои фаъолияти кормандон имкони созгор муҳайё гардидааст.
Корҳои сохтмони бинои маъмурии деҳоти Фахробод соли 2018 оғоз гашта, иншоот дар масоҳати 420 метри мураббаъ дар доираи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон барои солҳои 2016-2020” бо сифати баланд бунёд гардидааст.
Фармоишгар ва маблағгузори бинои маъмурии деҳоти Фахробод Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рамзансохтмон” ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷиккомунпроет” анҷом дода шудааст.

Атрофи бино панҷарабандӣ шуда, саҳн ва роҳравҳои он сафолакпӯш ва бетонпӯш гардидаанд.
Ҳамчунин гулу буттаҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шуда, муҳиташ чароғон карда шудааст.
Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоиди кору фаъолият дар бинои маъмурии деҳоти Фахробод баҳои баланд дода, кормандонро барои тақвият бахшидани фаъолият ва содиқона иҷро намудани масъулияти бардушдоштаашон вазифадор намуданд.

Боздид аз Хоҷагии фермерии “Асадулло” дар ноҳияи Хуросон

29 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии фермерии “Асадулло” аз қитъаи боғи нав бо ниҳолҳои навъи хориҷӣ боздид карда, бо нашъунамои дарахтон шинос шуданд.

Қитъаи боғ бо дарахтони хориҷӣ дар ҳудуди хоҷагӣ соли 2018 дар майдони наздики 36 гектар ташкил гардидааст.
Ниҳолу дарахтони ин қитъа аз Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ворид шуда, аз 36 гектар асосан дар майдони 16 гектар ниҳолҳои себ, дар 11 гектар нок, 7 гектар олу, 2 гектар челон ва дар 1 гектар себи биҳӣ парвариш мегардад.
Дар ин қитъаи боғ 14 нафар ба кори доимӣ фаро гирифта шудаанд.
Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020” амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад.
Хоҷагии фермерии “Асадулло” дар деҳоти Фахробод аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзӣ маҳсуб ёфта, дорои 14 ҳазору 423 гектар замин мебошад ва он соли 2009 ташкил шудааст. Дар ин хоҷагии фермерии давоми шаш соли охир беш аз 1700 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст. 
Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ боғдорӣ мебошад ва аз миқдори умумии майдони боғот 116 гектарашро боғи интенсивӣ дар бар мегирад. Дар хоҷагӣ парвариши хуби дарахтони мевадиҳандаи ба содирот нигаронидашудаи себи биҳӣ, нок, олу, зардолу, гелос, бодом, анҷир, чормағз, челон, анор, тут ва лиму ба роҳ монда шудааст.

Баъди шиносоӣ бо ҳолати нашъунамои дарахтони боғ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи бойи боғдорони хоҷагӣ баҳои баланд дода, онҳоро ба истифодаи самараноки ҳар як қитъа замин, афзун намудани ҳаҷми содироти меваҷот ба хориҷи мамлакат ва вусъати корҳои созандагию ободонии ноҳия ҳидоят карданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Хоҷагии фермерии “Асадулло”, ки аз анвои гуногуни истеҳсоли худӣ таҳия гардида буд, боздид карданд.
Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии меҳнаткашони Хоҷагии фермерии “Асадулло” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд доданд.

www.prezident.tj


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019