Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
4271 ҚОНУНШИКАНӢ ОШКОР КАРДА ШУД
Аз ҷониби мутахассисони Кумитаи Идораи замини вилояти Хатлон дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ, 4271 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, нисбати 3720 нафар қонуншиканҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Дар ин баробар 3671 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шудааст.
Тавре зимни суҳбат муовини аввали раиси Кумитаи Идораи замини вилоят Далер Турамуродзода зикр кард, бештари қонуншиканиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Левакант-404,84га, Абдураҳмони Ҷомӣ-1140,3 га, Ёвон- 978,75 га, Панҷ-323,14 га, Ҷайҳун-102,34 га, Ҷалолиддини Балхӣ-93,68 га, ва Кӯшониён-117,57 га ба қайд гирифта шудааст.
Номбурза зикр кард, дар 639 ҳолат ба миқдори 136,69 гектар худсарона аз тарафи сокинон ғасби замин ошкор карда шудааст, ки 91,33 гектари он замини кишоварзӣ буда, 45,36 гектари дигар замини ғайрикишоварзӣ мебошад.
Ба иттилои ҳамсуҳбатам қонуншиканҳо ба маблағи 1 миллиону 801 ҳазору 217 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуда, аз ин маблағ 1 миллиону 508 ҳазору 449 сомонӣ ба суратҳисоби кумитаҳои идораҳои замини шаҳру ноҳияҳо ворид карда шудааст.
Инчунин аз ҷониби мутахассисони Кумитаи Идораи замини вилояти Хатлон дар ин давра 628 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла 290 ҳолат ба прокуратура ва 338 ҳолат ба суд пешниҳод карда шудааст, ки дар 226 ҳолат ба миқдори 67,08 гектар замин ба ҳолати аввала бар гардонида шудааст.
Ҳамзамон дар ин давра 20 ҳолати қарорҳои ғайриқонунӣ баровардаи раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва хоҷагиҳо вобаста ба замин ошкор карда шудааст, ки 18 ҳолати он ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва ду ҳолати он ба раисони ҷамоатҳо ва хоҷагиҳо тааллуқ доранд.
Сулаймони ДАВЛАТ
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР



