Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
«Кори муҳим …. Яъне чӣ?»
Дар ошёнаи сеюми бинои таълимгоҳ машғули сабақандўзиам. Ногоҳ дари синфхона аз берун тақ-тақ мешавад. Аз дар баромада дар роҳрав навбатдорро мебинам.
- Шуморо дар кошонаи дастурдиҳии шуъбаи маориф таъҷилан даъват мекунанд.
Ба худ андешидам, ки шояд ягон масъалаи муҳими методӣ ба миён омада бошаду маслиҳати маро зарур шуморидаанд. Ба навбатдор гуфтам, ки баъди анҷоми ҳамин соати дарсӣ ҳатман меравам.
Ба корам идома дода истода, бо ҳамроҳии шогирдон машқи шавқовари китобро кор мекардем ва чунон ба иҷрои машқ саргарм будем, ки маротибаи дуюм тақ-тақи аз беруни дар задашударо нафаҳмида мондам. Дарро кушода дар рў ба рўям хонандаеро дидам.
- Чӣ гап?
- Шуморо дар шуъба интизор будаанд. Навакак занг заданд.
- Аллакай ба ман маълум. Баъди ҳамин дарс. Фаҳмо? ! – гуфтам.
Боз ба машғулияти худ идома дода истода будам, ки садои даркўбӣ аз аввала ҳам балантар гардид. Қариб монда буд, ки дари синфхона фурў равад. Дар роҳрав муовини директор:
- Муаллим, барои як шуморо хабар кардан наход, ки се маротиба ба наздатон одам фиристем. Ба шуъба бояд равед, кори муҳим баромадааст.
- Мебахшед, Авлёқул Шумқорович, кори мо магар кори муҳим нест?!- пас наомадам ман ҳам.
- Надонам, аз шуъба телефонӣ гаштаву баргашта занг зада, ким- чӣ хел кори муҳимро хотирнишон месозанд ва маҳз омадани шуморо боисрор талаб доранд.
Дар ҳамин лаҳза садои занги мактаб баланд гардид.
- Ман ҳозир меравам, - гуфтаму вориди синфхона шудам. Баъди ба шогирдон супориши хонагӣ додан роҳи шуъбаро пеш гирифтам.
Вақте ки ба кошонаи дастурдиҳӣ даромадам, чанд нафар мушовиру нозирро сархам дар рўйи як рўзномаи соҳавие дидам. Дар дасти як тан мушовири тоссаре қалам кроссворд ҳал мекарду шарикон ба ў барои дарёфти матлаби асосӣ луқма мепартофтанд. Ҳатто ба кошона даромадани маро касе пай ҳам набурд. Ман салом дода ба мушовире рўй овардам:
- Муаллим, ман аз мактаб омадам. Се бор ба наздам навбатдорони таълимгоҳ рафта таъкид намуданд, ки ба кошонаи дастурдиҳӣ оям, он ҷо кори муҳиму зарур баромадааст.
- Эҳ…ҳ…, ин шумо-а ! Шафоатуф -ф!
Бисёр дер кардед- ку? Хайр, ҳеҷ гап не. «дер ояду шер ояд» гуфтаанд бузургони гузаштаамон.
- Ҳа, бале, ман занг зада будам. Узр муаллимҷон, узр. Дар ёфтани як калимаи кроссворд тамоми шуъба аз ошёни якум сар карда, то қабати сеюми бино банд. Ду соат шуд, ки он калимаи «сеҳрнок»-ро мекобему намеёбем.
- Шумо гўед, - мад кашида ба суханаш идома дод мусоҳибам сармушовир Таққибеки Соат, - нависанда Сотим Улуғзода оё романе навиштааст, ки бо ҳарфи «Н» шурўъ шуда бошад?
- Ҳа чунин роман бо унвони «Навобод» устод Улуғзода эҷод кардаанд, гуфтам ман.
Баъди лаҳзае ҳама қарсак заданд, ба ман аҳсант хонданд, лек худам нафаҳмидам, ки ин кафкўбию шодмониҳои кормандон баҳри чӣ буд. Дар охир пай бурдам, ки «кори муҳим» - и кошонаи дастурдиҳии шуъба аз чӣ иборат будааст.
Аммо ба банда як чиз номаълум монд. Мани омўзгор ҳам кори муҳим дорам ё хайр?!
Ҳотам Ҳоҷӣ, омўзгор
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



