Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
25 июн 00:26---
Зинтароше аз Саричашма
Ҳолнома
Иброҳимзода Бекмурод соли 1957 дар деҳаи Саричашмаи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар оилаи чӯпон ба дунё омадааст. Аз миёни 9 нафар фарзандони падар, ки панҷ писару чор духтар буданд, вай ба синну сол фарзанди сеюми оила ба ҳисоб меравад. Соли 1974 МТМУ рақами 22, ба номи Лоҳутии деҳи зодгоҳашро хатм карда, ба факултаи физикаву математикаи ДДОК дохил шуд. Ҳаминак, 40 сол мешавад, ки омӯзгори фанни физика ва мураббии Мактаб - интернати ҷумҳуриявии бепарсторони деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аст.
Мухлиси ҳақиқӣ
Бекмурод рӯзи тақсимоти кадрҳои ҷавон аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дер карду масъулон аз ӯ пурсон шуданд, ки ӯро ба кадом ноҳия роҳхат диҳанд? Чун ҷавон мухлиси ашадии сарояндагони маъруфи он давра Дӯстмурод Алиев ва Нигина Рауфова буд, аз намояндагони комиссияи тақсимот хоҳиш мекунад, ки агар имкон бошад, вайро барои оғози фаъолияти омӯзгорӣ ба ноҳияи Файзобод фиристанд. Намояндагони Вазорати маориф барои чунин тасмимаш Бекмуродро таҳният гуфта, ӯро ба диёри сарояндагони дӯстдоштааш сафарбар намуданд. Иброҳимзода Бекмурод соли 1979 ба деҳаи Ҷавонии ноҳияи Файзобод ба кор рафт ва аз шуъбаи маорифи ноҳия ӯро ба МТМУ рақами 14 ба ҳайси омӯзгори фанни физика фиристоданд. Вай муддати 3 сол дар МТМУ №14-и деҳаи Ҷавонии Шӯрои қишлоқи Оби Гарми ноҳияи Файзобод кор кард.
Пайроҳаи зиндагӣ
- Дар деҳаи Ҷавонӣ мардум ба таври ҳашар масҷид сохтанд. Ман ҳам ҳамчун сокини деҳа дар лой кардану сохтмони масҷид баробари сокинони деҳа кор карда, саҳми худамро гузоштам. Вақте деворҳои масҷидро тамом карданд, барои пӯшониданаш Абумуслим ном устои кандакори чӯбро аз як деҳаи дурдасти ноҳия оварданд. Барои кор кардани вай паҳлуи масҷид як хоначаи хурдакак сохта буданд ва ӯ он ҷо шабу рӯз истода кор мекард. Сутунҳо ва дигар раву вастаҳои масҷидро кандакорӣ мекард. Ман, омӯзгори ҷавон, ки дар хона танҳо будам, шабона ба назди усто Абумуслим рафта, вақтҳои бекорӣ зинтарошии ӯро бо шавқ тамошо мекардам. Ӯ ба ҷуз ман омадани дигар нафаронро дар болои кору дастгоҳаш намеписандид ва ман ҳам инро пай бурда, нафареро ҳамроҳи худ ба дӯкони вай намебурдам. Ҳамин тавр, бо мурури рафтуомад ба дӯкони Абумуслими ҳунарманд сабаб гардид, ки ман нозукиҳои зинтароширо азбар намудам, - ба хотир меорад он рӯзҳоро Б.Иброҳимзода.
Маслиҳатҳои устод
Вақте мо аз дарвозаи хонаи усто Бекмурод ба саҳни ҳавлияш ворид шудем, вай дар як гӯшаи замини наздиҳавлигиаш, ки ҷои ором ва мувофиқ барои кораш буд, зуд болои дӯкони устоиашро пӯшонд. Баъди салому алейк кардану хушомадед гуфтан бо мо суҳбатро оғоз карда гуфт, ки таъкиди устодамро риоя мекунам. Ба рӯи корам касе набояд бехабар дарояд. «Вақте дар аснои кор нафаре наздат омад, дӯкону маҳсулоти нотайёри нимкора тарошидаро пӯшон»,- васият карда буд устодам. Таъкиди устодони ҳунар чанд ҳикмат дорад ва риоя накардани ин «қоида»-ҳо боиси он мешавад, ки дастатро бо теша маҷруҳ мекунӣ, асбоби сохтаат бесифат мебарояд ва ё ягон ноомадӣ дар кору борат пайдо мешавад.
Бекмурод - устои номӣ
- Соли 1983 ман аз Файзобод ба куҷо омадам. Ҳамон сол дар рӯи ҳавлиамон як тути калони ғафси бисёрсола буд, ки онро бурида буданд. Аз кундаи ҳамон тут нахустин зинҳоро мустақилона тарошида будам. Нахустин зини омода намудаамро ба Тағай Мурод ном як амакам, ки иштирокчии ҶБВ буд, туҳфа карда, аз ӯ дуои оғози касби навро гирифта будам.
Бекмурод Иброҳимзода бо дили пуру итминони комил ба ин пеша машғул шуд. Талабот дар ҳамон вақт ба зини асп зиёд буд, чаро ки дар он солу замонҳо дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Муъминобод устоҳои зинтарош набуд ва корафтодагони зиёд назди ӯ меомаданд. Ба гуфтаи Бекмурод беш аз 50-60 зинҳои барои аспҳо сохтаашро аспсаворон аз Афғонистону дигар кишварҳои ҳамсоя харидаанд. Давраи авҷи кори усто Бекмурод аз солҳои 90 – уми асри гузашта сар шуда, то 7-10 сол давом кард. Дар он давраи норасоии техникаи кишоварзӣ, ки мардум бо белу каланд дар бари кӯҳу теппаҳо кишту кор мекарданд, асп аз воситаҳои муҳими рӯзгор маҳсуб меёфт. - Ин буд, ки ҳамарӯза дар паси дарвозаи хонаи мо савораҳо барои омода кардани зин навбат меистоданд. Мутаассифона, бо мурури солҳо талабот ба зини асп кам шуда истодааст,- мегӯяд Бекмурод Иброҳимзода.
Дар муҳоҷирати меҳнатӣ
Соли 2007 акои Бекмурод ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафта, то соли 2013 дар он ҷо кору зиндагӣ кард. Баъди бозгашт ба Ватан дар баробари пешаи зинтарошӣ дар мактаб -интернати ҷумҳуриявии бепарасторони деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мураббӣ шуда кор мекунад. Солҳои дароз омӯзгор ва чанд соли дигар дар вазифаи ҷонишини директори ин муассиса низ кор кардааст. Дар вақти омӯзгор буданаш низ Иброҳимзода Бекмурод сидқан кор мекард ва дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мисли ӯ омӯзгори фанни физика набуд, ки шогирдонаш дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои сазовор гирифта бошанд. Гарчанде як муддат бинобар мушкилоти зиндагӣ тарки пеша карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буд, аммо пасон дубора ба фаъолияти омӯзгорӣ баргашта, дар таълиму тарбияи насли наврас саъю талош дорад, - мегӯяд, ҳампешаи ӯ Машраф.
Мушкилот ва нозукиҳои ҳунари зинтарошӣ
Иброҳимзода Бекмурод соҳиби шаш фарзанд - се духтар ва се писар буда, ҳамаашон хонда соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд. Имрӯз фарзандони усто ба ҳайси судя, табиб, иқтисодчӣ ва омӯзгор дар ҳар гӯшаву канори кишварамон кору зиндагӣ доранд. Бекмурод Иброҳимзода ба ғайр аз кори омӯзгорию зинтарошӣ молу гов ва 3 га замин ҳам дорад ва дар он гандуму нахуд мекорад. Аз фарзандон писари хурдиаш Довудшо ба касби падар завқ дорад ва кадом вақте ба хона омад, ҳамроҳи падар кор мекунад.
- Дар дӯкони зинтарошӣ инчунин наъли аспу қамчин ҳам тайёр мекунам. Агар фармоиш диҳанд, қошуқ, кафлес ва дигар асбобу ашёи чӯбинро ҳам омода мекунам. Ихтисоси асосиам омӯзгорист, аммо мардум маро бештар бо ҳунарҳои дастиам мешиносанду устои зинтарош ном мебаранд, ки аз ин хушам меояд,- мегӯяд Бекмурод Иброҳимзода.
Билоли Шамс, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР