Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Номаҳо
ШОИР ВА ҲУНАРМАНДИ МАҲБУБИ МАРДУМ
Ин ҳама ободиҳо, аз ваҳдат аст,
Шодию хурсандиҳои миллат аст.
Ин ҳама шаъну шукӯҳи тоҷикон,
Ифтихору иқтидори давлат аст.
Мо Ватанро боз зебо мекунем,
Парчамашро боз боло мекунем.
Ин мисраъҳои саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватан ва миллат ба қалами шоири ширинбаён, ҳунарманди асил, сокини ноҳияи Ёвон Муҳаммадуллоҳ Холмуродов, бо тахаллуси адабии Муҳаммади Некхоҳ тааллуқ доранд. Ӯ шахсияти дорои истеъдоди нотакрор ва махзани ҳунару илҳом аст, ки дар рушди санъати миллӣ нақши муассир дорад.
Муҳаммади Некхоҳ 10 майи соли 1956 дар ноҳияи Ёвон, дар оилаи омӯзгор таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №5-и ноҳия, соли 1973 таҳсилро дар шуъбаи коргардонии Донишгоҳи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо муваффақият анҷом додааст.
Падараш – Муҳаммади Мулохолмурод, шоир ва омӯзгори фанҳои таърих ва ҳуқуқ дар мактаби рақами 1-и ноҳияи Ёвон, модараш – Бибиой, зани ҳунарманду кадбонуи намунавии хонадон буданд. Аҷдоди эшон аслан аз Кангурту Балҷувон буда, бо амри тақдир ба Ёвон омадаанд ва дар ободонии ин гӯшаи бостонии диёр саҳми намоён гузоштаанд.
Аз устодони хеш, аз онҳое, ки ҳам дар мактаби миёна ва ҳам дар Донишгоҳи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе барояш сабақ дода, дар тарбияи маънавии ӯ ҳиссагузорӣ кардаанд, бо некӣ ёд мекунад.
Ӯ ҳанӯз дар айёми донишҷӯияш дар драмаҳои «Рӯдакӣ», «Таркиш» ва «Фирор», филмҳои «Ҳеҷбудагон» ва «Оилаи Ғафуровҳо» нақш бозидааст. Аз соли 1977 чанд сол режиссёри театри халқии ноҳияи Ёвон, баъдтар ба симати директори Кохи фарҳанг ва солҳои 1995 – 1996 мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ёвон ифои вазифа намудааст. Ба шеърҳои худ, ки мазмуни баланди ватандорӣ доранд, оҳанг баста, онҳоро бо як маҳорати баланд месарояд.
Қиблагоҳаш фарзандони худро дар руҳияи ватандорӣ, китобдӯстӣ, накукорӣ, ростқавлӣ, эҳтироми хурду бузург ба камол расонидааст ва ин анъана аз ҷониби ӯ идома дорад.
«Фарҳангу тамаддун ва адабиёт ифодагари руҳияи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад». Ин панди Роҳбари давлат моро ба қадршиносии таъриху тамаддуни миллат ва фарҳанги бою ғанӣ, посдории анъанаҳои неки ниёгон ҳидоятгар мебошад. Ансамбли тарона ва рақси «Субҳи Ёвон», ки устод Муҳаммади Некхоҳ имрӯз ҳам бо ин ансамбл алоқаи қавӣ дорад, миёни сокинони диёр обрӯ ва мақоми хосро дорост. Кохи фарҳанг ва ансамбл ба номи ҳунарманди маҳбуби халқ Тағоймурод Хушвахтов номгузорӣ шудааст, ки шоир ба ин шахсияти таърихӣ ва ҳунарманди асил эҳтироми хоса дорад.
- Беҳтарин дастоварде, ки тули таърих миллати моро насиб гардид, ин соҳибистиқлолӣ аст. Соҳибихтиёрӣ, соҳибдавлатӣ барои ҳар як миллат шаъну шараф ва ифтихори бузург аст. Истиқлолият Тоҷикистонро дар дунё муаррифӣ намуд. Ҷавонон бояд ба қадри ин неъмати бузург бирасанд ва худ дар шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссагузор бошанд, - андеша дорад шоири маҳбуб Муҳаммади Некхоҳ.
Муҳаммади Некхоҳ дар тарбияи наслҳои ояндасози ҷомеа, омода кардани мутахассисони соҳаи адабиёт ва фарҳанг, иштирокчиёни озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ҳиссаи сазовор гузоштааст. Аъзои маҳфили «Некхоҳон», ки бо роҳбарии устод дар назди литсейи рақами 1 – и ноҳияи Ёвон таъсис ёфта буд, китобе бо номи «Мактаб – макони илму маърифат» ба чоп расониданд, ки аксаран шеърҳои устод ва шогирдон онро фарогир буд.
Солҳои 1977 – 1979 Муҳаммади Некхоҳ дар шаҳри Кировогради Федератсияи Россия хизмати Ватан – Модарро сарбаландона адо намудааст. Аз тарафи Иттифоқи ҷавонони ҷумҳурӣ ӯро ба мактаби сиёсии ҷавонони шаҳри Фрунзеи Қирғизистон барои такмили ихтисос фиристоданд, ки ӯ ин мактабро бо баҳои аъло хатм намуд. Солҳои 2000 - 2008 дар ансамбли «Ватан» - и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Шеъри ӯ таҳти унвони «Ҷашни ту муборак бод, эй аскари Сомонӣ» дар иҷрои Ҳофизи халқии Тоҷикистон Акбар Миралиев дар яке аз тантанаҳои ҷумҳурӣ садо дода, аз тарафи Пешвои муаззами миллат баҳои арзанда гирифтааст. Ӯ эҷодиёти пурғановати устодони ҳунар Аҳмад Зоир, Дӯстмуроди Алӣ, Одина Ҳошим, Зафари Нозим, Давлатманди Хол ва осори бегазанди адибони классик ва шоирони тавонои миллат Лоиқу Бозорро самимона дӯст медорад, пайравӣ мекунад ва худ шеър иншо карда, оҳанг дароварда, замзама менамояд.
Ду сол ба ҳайси муовини раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ифои вазифа карда, дар ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро анҷом бахшидааст. Дар ҳамаи чорабиниҳои сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ бо сурудҳои ватандорӣ, офариниши нақшҳои қаҳрамонони таърихӣ хизмати босазо кардааст.
Муҳаммади Некхоҳ соҳибистиқлолӣ, ваҳдат, сулҳу субот ва оромии сарзаминро асоси хушбахтии мардум ва баланд бардоштани мақому мартабаи Тоҷикистон дар дунё арзёбӣ медорад. Маҳз ҳамин неъматҳои бузург – истиқлолияту ваҳдат имкон фароҳам овард, ки Муҳаммади Некхоҳ дар солҳои гуногун асарҳои назмии худ «Худоё Тоҷикистонро нигоҳ дор», «Муҳаббатнома», «Мактаб макони илму маърифат», «Шуморо дӯст медорам» ва китоби «Ҷовиднома» - ро дар нашриёти “Адиб” чоп карда, дастраси хонандаи хушзавқ гардондааст. Ӯ худ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, ҳамеша дар рӯзномаву маҷаллаҳо хабару мақолаҳои ҷолиб ба нашр мерасонад. Пайваста дар эҷод аст. Барои заҳматҳояш бо медалҳои гуногун, ифтихорномаву диплому сипосномаҳо сарфароз гардонида шудааст. Аз ҳама муҳимаш ба дили халқ роҳ ёфта, бо тамоми ҳастӣ шукргузори обу хоки меҳан аст.
Муҳаммади Некхоҳ соҳиби хонаву дари обод, шаш фарзанд, чор писару ду духтар мебошад. Парвиз – полковники Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Забардаст – корманди роҳи оҳан, Дилписанд – устоди челонгар, Муҳаммадӣ – сохтмончӣ буда, ҳама бо маълумоти олӣ дар пешрафту ободии ватан саҳми арзанда доранд. Духтаронаш Индира ва Замира ҳамшираҳои шафқат мебошанд. Ҳамсари устод Ҷумъагул Нурова муаллимаи синфҳои ибтидоӣ буда, дар тарбияи наврасон ҳиссагузор аст.
Наберагони устод Муҳаммади Некхоҳ ҳама хушзавқ, китобхон, варзишгар буда, аз бобои худ ифтихор мекунанд ва шеърҳои ӯро ҳифз ва қироат менамоянд.
Зиндагиномаи устоди арҷманд Муҳаммади Некхоҳ барои наслҳои имрӯзу фардо сабақомӯз мебошад. Ӯ шукргузори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ваҳдату ягонагӣ, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дигаронро низ ба шукргузорӣ, дӯстдории обу хоки меҳан, ҳиссагузорӣ дар пешрафту шукуфоии ин мулки аҷдодӣ даъват менамояд.
Шукронаи ин диёри обод,
Шукронаи ин фазои озод.
Шукронаи обу хоки меҳан,
Шукронаи адлу ваҳдату дод.
Шукронаи Пешвои даврон,
Шукронаи Парчами парафшон.
Шукронаи офтоби рахшон,
Шукронаи файзи Тоҷикистон.
САИДЗОДА ШЕРАЛӢ, НОҲИЯИ ЁВОН
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН
НАЗОРАТИ ҚОНУН ВА МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ХАТЛОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАД
САМАРАИ ТАДБИРҲО ДАР РУШДИ КИТОБДОРӢ
ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ
НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
АЗ ЯК ВАҶАБ ЗАМИН ТО ЯК АНБОР БАРАКАТ:
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД
ХУРОСОН. 174 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
ЗАЪФАРОН – ТИЛЛОИ СУРХИ ЗАМИН
ҚУБОДИЁН. БУНЁДИ 171 ИНШООТ ДАР НАҚША