Бойгонӣ
Август 2025 (33)
Июль 2025 (57)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ

Муҳтарам табибон!
Ҳамватанони азиз!
Бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ, ки яке аз соҳаҳои муҳим ва самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон рушди бесобиқа намуда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Бо мақсади арҷ гузоштан ба хизматҳои кормандони соҳаи тандурустӣ ва заҳмату талошҳои онҳо дар самти ба роҳ мондани муолиҷа, ташхису табобат ва пешгирии бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ ҳамасола 18 август аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамчун Рӯзи касбии табибон эълон гардида, тибқи қонунгузории кишвар ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид шудааст.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми кормандони соҳаи тандурустии вилоятро ба муносибати иди касбӣ табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, умри дароз, комёбиву муваффақиятҳои навро таманно дорам.
Миллати тоҷик дар масири таърих бо фарзонафарзандони донишманди худ ифтихор дорад, зеро бо панду андарз, шоҳасарҳои худ барои рушди илм, дарки ҷаҳонбинӣ, худшиносию худогоҳӣ ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ нақши басо арзишманд гузоштаанд.
Аз зумраи чунин шахсиятҳои барҷаста Абуалӣ ибни Сино мебошад, ки ҳазор сол муқаддам бо китоби беназиру арзишманди худ «Қонуни тиб» собит намуд, ки халқи фарҳангпарвари тоҷик дар соҳаи тиб низ мақоми ҷаҳонӣ касб намудааст.
Хизмати Синои бузург дар ин ҷода беназир буда, дар замонаш натанҳо барои мардуми худ, балки ба аксар қавму қабилаҳо, сарфи назар аз дину мазҳаб дасти мадад дароз карда, барои шифо ёфтан аз бемориҳои сироятӣ бисёр маслиҳатҳои муфид додааст ва ҳазорон нафар одамонро аз гирифтории вабоҳои шадид наҷот додааст.
Касби табибӣ яке аз касбҳои пурифтихор ва бошараф буда, табибон дар ҷомеаи имрӯза байни мардум мақом ва манзалати шоистаеро доро мебошанд. Хизмати шоёни табибони тоҷик дар мушкилтарин давраҳо айён буд, зеро ҷони худро дар хатар гузошта, беморонро наҷот додаанд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва бо дарназардошти мақоми соҳа ва нақшу манзалати табибон пайваста кӯшиш менамояд, ки дар ин соҳаи муҳим шароити корӣ ва хизматрасонӣ беҳтар гардад. Дар ин раванд диққати асосӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, мувофиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани шароити кору хизматрасонӣ, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, таъмин намудан бо таҷҳизоти замонавӣ ва кадрҳои баландихтисос, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ба ин монанд тадбирҳо равона гардидаанд.
Ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи кормандони соҳа дар асоси қарорҳои дахлдори раиси вилояти Хатлон Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон – “Вориси Сино” таъсис дода шудааст, ки ҳар сол тибқи тартиби муқаррагардида ва шартҳои пешбинишуда ба 6 нафар беҳтаринҳои соҳа, ки маблағи 5000 сомонӣ ба ҳар як нафар муайян гардидааст, супорида мешавад. 
Ҳамзамон, баргузории озмунҳои «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» муқаррар карда шудааст, ки ба ҳар номинатсия 5000 сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин таваҷҷуҳ бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, савияи дониши касбии кормандони соҳа, рушди илми тиб, ҷалб намудани табибони вилоят ба корҳои илмӣ, ҳифзи саломатӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои табобати беморон равона гардидааст.
Айни замон дар ҳудуди вилоят шумораи муассисаҳои тиббӣ 1804 ададро ташкил дода, аз ин 1749 адади он дар деҳот ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Дар вилоят 4657 нафар табибон бо маълумоти олӣ ва 21929 нафар кормандони миёнаи тиб усулҳои муосири ташхисию табобатиро дар муолиҷаи беморон роҳандозӣ намуда истодаанд.
Дар ин самт бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорони бонангу номус ва шахсони эҳсонкор ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 477 иншоот, аз ҷумла 28 беморхона, 61 маркази саломатӣ, 195 бунгоҳи тиббӣ, 14 таваллудхона, 164 дорухона ва 15 нуқтаи хатна ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин муддат 173 иншоотҳои соҳа бо иқтидори 821 кати хоб ва қабули 2088 нафар беморон мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дар натиҷа мушкилоти зиёди соҳаро марҳила ба марҳила ҳалу фасл намуда истодааст.
Зимнан, ба ҳолати 1 августи соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 19 иншооти соҳаи тандурустӣ бамаблағизиёда 10 млн. 820 ҳазор сомонӣмавриди истифода қарор гирифтааст, ки ба мардум хизмати тиббӣ расонида истодаанд. 
Илова бар ин, дар 7 моҳи соли ҷорӣ тибқи нақша таъмири 115 адад муассисаҳои тандурустӣ ба нақша гирифта шуда, айни замон 83 адад (72,1%) ба маблағи зиёда аз 14 млн. 688 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шудааст.
Дар вилояти Хатлон соҳаи тиб рӯ ба пешравӣ ниҳода, муассисаҳои нави тиббӣ бо ворид намудани таҷҳизоти муосир барои ҳифзи саломатии мардум фаъол мебошанд.
Бо маблағгузориҳои Ҳукумати мамлакат ва буҷети маҳаллӣ дар 7 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 18 млн. 993 ҳазору 169 сомонӣ таҷҳизотҳои тиббӣ ва дохилиидоравӣ харидорӣ гардида, ба муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят дастрас карда шудааст, ки ба мардум хизмати тиббӣ расонида истодаанд.
Итминони комил дорем, ки табибони вилояти Хатлон ҳамчун ворисони Сино кору пайкори ин шахсияти барҷастаи тибби ҷаҳониро идома дода, бо дарки масъулияти баланди касбӣ, инсондӯстию хештаншиносӣ барои ҳарчи беҳтар гардидани тансиҳативу некуаҳолии мардум саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар тамоми кормандони соҳаи тандурустии вилоятро ба муносибати Иди касбиашон самимона табрик гуфта, барояшон тансиҳатӣ ва дар фаъолияти пуршарафу башардӯстона барору комёбӣ таманно менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019