Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОИНАИ ЗИНДАГӢ
Адабиёт, театр, мусиқӣ асоси пешрафти шуури ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.
Эмомалӣ Раҳмон
Театр баробари дигар муассисаҳои фарҳангӣ - маърифатӣ дар боло бурдани маърифат, ғизои маънавӣ ва сатҳи бадеӣ - эстетикии мардум нақши мондагор мегузорад.
Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи фарҳанг, аз ҷумла театр хеле зиёд гардидааст. Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ - драмавии ноҳияи Данғара низ аз ҷумлаи театрҳоест, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфтаву яке аз театрҳои фаъоли кишвар мебошад. Он 25 октябри соли 2003 дар заминаи Хонаи фарҳанги ноҳия таъсис ёфтааст.
Баъди гузашти як соли фаъолият ҳунармандони театр бояд бори аввал дар Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту-2005” иштирок менамуданд, аммо бо баъзе сабабҳо номи театр ба рӯйхати иштироккунандагони озмун дохил карда нашуд. Танҳо бо тасмим ва дархости маъмурияти театр гурӯҳи эҷодӣ барои ширкат дар фестивал - озмун ҳуқуқ пайдо намуданд.
Ҳунармандони ҷавони театр намоишномаи “Баъди кӯрдуд”-ро бо коргардонии Раҳмоналӣ Одинаев рӯи саҳна оварданд. Нахустин муаррифии ҳунару истеъдоди ҳайати эҷодии театри навтаъсис буд, ки хушбахтона аз ҷониби тамошобинону ҳакамони озмун сазовори баҳои баланд ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ гардид.
Ана ҳамин руҳбаландӣ ва дилгармӣ буд, ки бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда, бахусус норасогии мутахассисони касбӣ дар театр намоишномаи “То қиёмат” аз рӯи асари шоири маъруф ва драманависи зиндаёд Сафармуҳаммад Аюбӣ (дар навъи театрии як актёр) ба саҳна гузошта шуд. Нақши қаҳрамони намоишномаи “То қиёмат”-ро ҳунарпешаи боистеъдод, ки имрӯз роҳбарии театрро ба уҳда дорад, Маҳмадсаид Махсумзода дар сатҳи баланд иҷро намуд.
Ҳамин тавр роҳ барои иштироки ҳунарпешаҳои театр дар саҳнаҳои фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ кушода шуд. Фазои фарҳангии кишварро ҳамакнун ҳунарпешаҳои театри номбурда бо намоишномаҳои пурмазмун рангин менамоянд.
Баъди ба даст овардани комёбиҳои нахустин дар театр, таҳаввулоти муҳиме рӯи кор омад. Бо назардошти норасогии мутахассисони касбӣ ва дар оянда муваффақ гардидан ба дастовардҳои нав аз ҳисоби ҷавонони ҳавасманд 20 нафар ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ҳунаромӯзӣ фиристода шуданд.
Ин гурӯҳ баъди хатми бомуваффақияти донишкада ба театр баргашта, ба фаъолияти ҳунарию эҷодӣ пардохтанд. Бо омадани ҳунармандони ҷавон фазои эҷодии театр пурра гашт.
Ин гурӯҳи нави эҷодӣ бо роҳбарии ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова намоишномаи “Рустам ва Суҳроб”-ро рӯи саҳна оварданд, ки барои барномаи театр иқдоми бузург ба шумор меравад.
– Имрӯз дар театри мо 86 корманд фаъолият менамояд. Ҳамасола тибқи нақша ва талаботи мавҷуда мо чор намоишнома таҳия намуда, пешкаши тамошобинон мегардонем, - гуфт саркоргардони театр Саидакрам Алимов.
Маъмурият ва ҳайати эҷодии театр барои рӯйи саҳна овардани намоишномаҳои нави пурмазмун ҳамкориро бо драматургҳо ва коргардонҳои шинохтаи ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд.
Наздики 70 фоизи ҳунармандони театрро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки 8 нафари онҳо бонувон мебошанд.
Дар театр то имрӯз зиёда аз 70 намоишномаҳои хурду калон таҳия ва пешкаши ҳаводорони санъати театрӣ гардонида шудаанд. Хушбахтона, ҳунармандони театр дар ҳамаи Фестивал - озмунҳои ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту” иштирок намуда, чор маротиба ба гирифтани ҷойҳои дуюму сеюм мушарраф гардиданд.
Ҳамасола шуҳрату овозаи театр болотар меравад ва ҳунарпешаҳо соҳиби дастовардҳои арзанда мегарданд. Рӯзи 21 - уми апрел дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими натиҷагирӣ аз Ҷашнвораи театрҳои касбӣ – “Парасту- 2025” баргузор гардид. Ба намоиши “Ривояти суғдӣ”-и Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавӣ дар ноҳияи Данғара мақоми дувум дода шуд.
Саркоргардони театр Саидакрам Алимов ҳангоми суҳбат иброз дошт, ки ҳайати эҷодии театр намоишномаи асари нависандаи маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода “Ривояти суғдӣ”-ро дар саҳнагузории драматург Абдулвадуд Файзиев пешниҳоди дӯстдорони театр намуда ва дар байни 18 театри касбии кишвар сазовори ҷойи дуюм гаштанд.
Намоишномаи “Ривояти суғдӣ” аз қаҳрамониҳо, ҷасорату ҷонбозиҳои мардуми Суғд барои озодию истиқлол бар зидди душмани ғаддор ҳикоят намуда, дар вуҷуди тамошобинон ҳисси ватандӯстию хештаншиносиро бедор менамояд.
Нависандаи бузурги рус Н. Гогол навиштааст: “Театр донишсароест, ки тавассути он некиро дар паҳнои дунё метавон интишор дод”.
Ҳунарпешаҳои театр аз он руҳбаланду ифтихорманданд, ки имрӯзҳо дар маркази ноҳия сохтмони бинои наву замонавии театр, ки соли гузашта Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он санги асос гузошта буд, бомаром идома дорад.
Аъзам Бобоев, ноҳияи Данғара
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД 13:21АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД 13:18Тоҷикистон – Ватанам 15:38РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД 14:39ХОҲАРОНИ КИТОБХОН 13:16ФОТЕҲИ ВАХШОНЗАМИН 13:10НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД



