Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИСТИҚЛОЛ – НАҶОТИ МИЛЛАТ, ОҒОЗИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ
Истиқлолият бузургтарин сармояи миллат ва ҷашни сарнавиштсози давлатдории мустақил дар масири таърих аст. Ин рӯйдоди тақдирсоз ба миллати тамаддунсози тоҷик имконият дод, то дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи вуҷуд намояд. Парафшонии Парчами миллӣ дар партави созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид шаҳодати равшани бақои давлат ва суботи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Истиқлолият ва озодӣ барои амалӣ шудани ормонҳои миллӣ ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон заминаи мусоид фароҳам овард. Бешак, Истиқлоли давлатӣ ба мардуми мо озодӣ ва мустақилияти комили сиёсиро ато намуд, аммо маҳз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои устувори давлатдории миллиро тарҳрезӣ ва заминаи воқеии ватансозиро гузошт.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шурои Олӣ бо итминони қавӣ иброз доштанд, ки ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошанд. Ин мавқеи устувори Сарвари давлат оғози марҳилаи навини давлатсозӣ ва ташаккули ҷомеаи адолатпарварро асос гузошт.
Амнияту оромӣ, истиқрори сулҳ ва дастовардҳои беназири даврони Истиқлол ба номи шахсияти бузургу нотакрори таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавию ногусастанӣ дорад.
Асоси Сулҳу Истиқлолу Ваҳдатро бинҳодӣ,
Зиҳӣ, эй Пешво, бар ҷони мо ҷонӣ, ту меарзӣ.
Истиқлол – калиди саодат, пешрафт ва пирӯзии ҳар миллату давлат аст. Ин неъмати беназир барои мардуми тоҷик низ роҳи наву шукуфоии давлатдории миллиро боз намуд. Ваҳдати миллӣ бошад, ҳамчун сутуни пойдори Истиқлол, онро устувору ҷовидона гардонд ва шароити мусоиди рушди устувори ҷомеаро таъмин сохт. Маҳз тавассути ба даст овардани истиқлолият, сулҳу дӯстӣ, иттиҳоду якпорчагӣ, матонату садоқат ба Ватан, дар руҳияи ҳувияти миллӣ ва пойдории арзишҳои таъриху фарҳанги ниёгон дар кишварамон таҳаввулоти азиме ба вуқуъ пайваст. Ин воқеаи тақдирсози миллат марҳилаҳои боэътимоди рушди ҷомеаро вусъати тоза бахшида, кишвари азизамонро ҳамчун давлати пешрафта ва муваффақ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Комёбиҳо дар самти ҳалли иҷтимоии ҷомеа, иқтисодиёту фарҳанг, илму маориф, равобити хориҷӣ, вазъи кишвар ва симои Ватанро ба куллӣ дигаргун гардонид. Дар таърихи ватандории миллати куҳанбунёди тоҷик ин арзёбиҳо ва натиҷаҳои зиндагии шоиста назир надорад.
Сарвари давлат дар ҳошияи бузургдошт ва арҷгузории Истиқлолият чунин андешаҳои олӣ баён намудаанд:
«Истиқлолият – ин шараф, номус ва заҳмати бардавоми ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии шоиста ва рӯзгории осудаҳолонаи ҳар як фарди соҳибдавлату соҳибватан аст».
Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим дар ин мисраъҳо нуфузу эътибори Истиқлол ва хизматҳои шоистаи хастанопазири Роҳбари давлатро хеле дилнишин ба қалам додааст:
Фардои ту пайванди имрӯзи пуранвор аст,
Аз меваи Истиқлол ҳар боғи ту пурбор аст.
Ганҷинакушо ҳастӣ, ганҷат ҳама шаҳвор аст,
Баҳри Ватану халқат корат ҳама пайкор аст.
Эй марди баландиқбол, Созандаи Истиқлол!
Дар тули қарнҳо ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва руҳи озодихоҳию истиқлолият дар васфи нобиғаҳои сухан ва аҳли адаб инъикос меёфт ва ҳисси меҳанпарастию бахту саодат ва арзишҳои миллӣ таблиғу ситоиш мегардид. Ҳамин ормонҳо, орзуву амали инсонӣ барои доштани як давлати миллӣ, посдории забону фарҳанг, марзу буми кишвар ва шарафёб шудан ба зиндагии арзанда муяссар гардид.
Истиқлолият ба миллати тоҷик озодиву баробарӣ, иттиҳоду ваҳдат, гиромидошти ҳуқуқи инсон волоияти қонун, рушди иқтисоди миллӣ, зинда гардонидани номи шахсиятҳои бузурги таърихӣ, бунёди тафаккури миллӣ, қадру қимат ва иззату икромро дар ҷаҳони муосир эҳдо намуд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззам дар масоили обу иқлими аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, ҳаллу фасли худро ёфта, иқдоми бузург дар боло рафтани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон заминаҳои боэътимод фароҳам овард.
Бояд зикр кард, ки Сарвари давлат дар арсаи ҷаҳон ҳамчун Роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли масоили умумибашарии обу иқлим шинохта шудааст. Ҳадафи чоруми миллӣ – саноаткунонии кишвар дар раванди амалишавӣ қарор дорад. Ин ҳадафҳои миллӣ орзуву умедҳои чандинасраи мардум ба ҳисоб рафта, дар онҳо амалишавии ормонҳои миллӣ баръало таҷассум мешаванд.
Алъон бо ҳидояту роҳнамоиҳои роҳбарияти олии кишвар бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолият корҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ бо суръат идома доранд. Сохтмони иншооти бузург- Неругоҳҳои барқи обии «Сангтуда-1», «Сангтуда -2», бакорандозии чархаҳои НБО «Роғун», нақби «Анзоб», «Шаршар», «Истиқлол», аз бақои давлат ва беҳтаршавии сатҳу сифати зиндагии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳанд. Бо мақсади саноаткунони мамлакат солҳои охир ҳазорҳо корхонаву коргоҳҳо, маҷмааҳои тандурустиву фарҳангӣ ва муассисаҳои таълимиву иҷтимоӣ ва амсоли онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Ин пешравиҳои рӯзафзун ҳусну симои деҳоту навоҳию шаҳр ва Тоҷикистони биҳиштосоро ба кулли дигаргун кардааст. Акнун Тоҷикистони азиз ҳамчун кишвари рушдёфтаю амн бо мавзеъ ва маконҳои таърихию бостонӣ, сайёҳӣ ва табиати нотакрору дилрабо сайёҳони хориҷиро низ ба худ ҷалб кардааст.
Минбаъд ҳамаи моро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифз ва мустаҳкамкунии Истиқлолият нақши созандаи хешро гузорем.
Наргис Расулова,
Файзулло Абдураҳимов
Добавить комментарий
Ахбор
ПАЁМИ РУШД ВА ХУДШИНОСӢ 14:29Соли 2025, 475 нафар кӯдакон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта шуданд 14:266 ҳазору 621 ҷиноят ба қайд гирифта шуд 14:22ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ: НАТИҶАҲОИ ЧАШМРАС ДАР СОЛИ 2025 15:18ИҶРОИ БУҶЕТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2025 14:14БЕШ АЗ 110 ҲОЛАТИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ОШКОР ГАРДИД 14:1041 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУД 14:07Бохтар соҳиби электробусҳои нави барқӣ мешавад 13:48
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР
ПАЁМИ РУШД ВА ХУДШИНОСӢ
6 ҳазору 621 ҷиноят ба қайд гирифта шуд
Соли 2025, 475 нафар кӯдакон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта шуданд
ИҶРОИ БУҶЕТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2025
БЕШ АЗ 110 ҲОЛАТИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ОШКОР ГАРДИД
41 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУД
ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ: НАТИҶАҲОИ ЧАШМРАС ДАР СОЛИ 2025
Бохтар соҳиби электробусҳои нави барқӣ мешавад



