Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҚАЛБИ ГАРМ ВА ДАСТИ ҚАВӢ
-Дар бахши Ёрии таъҷилии тиббӣ баъзан ба ҳодисаҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки инсоне ба қавле миёни ҳаёт ва марг қарор дошта, табибон вақти зиёде барои оромӣ ва баҳс надоранд. Ҳар як тасмим метавонад ҷони касеро наҷот диҳад, ё баръакс... Ҳар рӯз бо одамоне рӯ ба рӯ мешавам, ки шифо ва умедашон аз мо вобаста аст.
Дар ҷомеа касбу ҳунарҳое ҳастанд, ки ҳаёт мебахшад ва умеду орзуҳоро зинда нигоҳ медоранд. Табиб, на танҳо як мутахассиси соҳаи тиб, балки наҷотбахши инсонҳо мешавад. Ҳар амалиёт монои мубориза байни ҳаёт ва марг, табиби ҷарроҳ мададрасони он ниёзмандонест, ки ҳар рӯз ину онеро болои мизи ҷарроҳӣ меоранд. Ин касб дониши амиқ, иродаи қавӣ, таҳаммули бепоён ва муҳаббати самимиро ба инсон мехоҳад.
ДАРИЧАИ ОШНОӢ
6 июли соли 1977 дар яке аз гӯшаҳои хушманзари шаҳри Кӯлоб, дар оилаи меҳнатқарин – муҳандиси соҳаи барқ ва омӯзгор –писаре ба дунё омад, ки баъдтар бо амри тақдир пайроҳаи хидмати тиббиро интихоб намуд. Комил мисли номаш инсони баркамол, табиби ҳозиқ ва масъулияту садоқат ба пешаи интихобнамудааш аст.
Ҳанӯз аз кӯдакӣ Комилҷон Довудов ба қаҳрамонони асарҳои нависандагони маъруф дил баста буд. Вақте асари Максим Горкий «Данко»-ро мехонад, аз дилсӯзии қаҳрамон илҳом мегирад. Дар қалби кӯдакии ӯ орзу ва умеде маъво мегирад, ки дар оянда ҳама ҳастиашро дар роҳи наҷоти дигарон фидо хоҳад кард.
ТАҲСИЛ, ТАҶРИБА ВА ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲА
Ҳамин тариқ, соли 1994 пас аз хатми мактаби миёна, роҳи пурмасъулияту муқаддаси тибро пеш гирифт. Ҳамон сол ба факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, баъди хатми он соли 2001 шуъбаи интернатура ва соли 2003 ординатураи клиникиро низ бо ихтисоси ҷарроҳии умумӣ ба поён расонд. Ҳамчун духтури ҷарроҳ, ҷавони боҷуръат вориди утоқи амалиёт гардид ва фаъолияти касбии худро оғоз бахшид.
Комилҷон Довудов фаъолияти касбии худро ҳамчун духтури ҷарроҳ дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб оғоз намуд. Баъдан, дар Коллеҷи тиббии шаҳр ба ҳайси омӯзгор фаъолият карда, дар тарбияи мутахассисони ҷавони соҳаи тиб саҳми арзанда гузошт. Соли 2004 ба Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб пайваста, то имрӯз бо меҳнати софдилона, масъулиятшиносӣ ва таҷрибаи ғанӣ ба хизматрасонии босифати ёрии аввалияи тиббӣ мусоидат мекунад.
Дар соли 2017 барои дастовардҳои назаррас ва сатҳи баланди касбӣ ба дараҷаи (категория)-и олии тиббӣ мушарраф гардид. Комилҷон бо як қатор сипоснома ва ифтихорномаҳо сарфароз гардида, заҳмату хизматҳои арзишмандаш аз ҷониби ҳамкорон ва роҳбарияти муассиса бо эҳтиром қадрдонӣ мешавад.
ТАҶРИБА ДАР ШУЪБАИ ҶАРРОҲӢ
Солҳо сипарӣ шуд ва дасти шифобахши Комилҷон нафарони зиёдеро аз бемориҳо наҷот бахшид. Имрӯз ӯ соҳиби дараҷаи олии касбӣ аст, вале ифтихори аслияш на диплому унвонҳост, балки лабханди самимӣ ва дуои беморони аз дасти вай шифо ёфта мебошад.
Дар сари мизи ҷарроҳӣ, вақте чароғи сафед рӯи асбобҳои оҳанин нур мепошад, лаҳзаи ҳалкунанда фаро мерасад. Ин замонест, ки табиб на танҳо бо асбоб, балки бо тамоми донишу маҳорат, бо дилу виҷдон ба набарди ҳаёт бо марг мебарояд. Комилҷон Довудов маҳз аз зумраи табибонест, ки ҳар амали ҷарроҳиро на чун кори техникӣ, балки ҳамчун рисолати наҷоти инсон мешуморад. Дар ҳамбастагӣ бо ҳампешагонаш борҳо дар анҷоми амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ комёб шудааст. Барои ӯ ҳар бемор як олам аст ва ҳар ҷарроҳӣ – таҷрибаи нав аз як муборизае ба хотири наҷоти нафаре аз ҳолати вазнин.
Коршиносон бар онанд, ки қалби табиб набояд аз ҳад зиёд эҳсосотӣ бошад, то дар кори худ содиқ ва мутмаин боқӣ монад ва тасмимҳояш бар асоси сабр, таҳаммул ва ҳисси касбӣ гирифта шаванд. Вале Комилҷон Довудов иброз медорад, ки меҳрубонӣ ва муҳаббат нисбати инсон табибро раҳмдил, қалби ӯро гарм намуда, ҳамзамон неруи дасти ӯро қуввату тавонмандӣ мебахшад. Ин тавоноӣ ба Комилҷон имконият медиҳад, ки бо эътимод ва боварӣ ҳаёти дигаронро наҷот диҳад ва бо ҳар лаҳзаи шифо бахшидан умеди беморонро зинда нигоҳ дорад.
Ӯ ҳамеша бо шавқу майли зиёд таҷриба, донишу малакаи худро бо ҷавонони соҳаи тиб мубодила месозад. Шогирдонашро на танҳо дониш меомӯзад, балки бо эҳсоси баланди масъулият ва муҳаббати самимӣ ба касби интихобкардааш роҳнамоӣ месозад.
Ба андешаи Комилҷон он раҳнаварди ин ҷодаи пуршараф табиби ҳақиқӣ мешавад, ки дар иҷрои рисолати касбӣ содиқу вафодор буда ва шиораш дар зиндагӣ “Хизмат ба мардум” бошад, ки ин баландтарин вазифа ва шаъну шарафи табибон аст.
Акмал ҚУРБОН, шаҳри Кӯлоб
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД



