Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЗАЪФАРОН – ТИЛЛОИ СУРХИ ЗАМИН
Заъфарон, ки дар ҷаҳон ҳамчун “подшоҳи маводи хушбӯй” шинохта мешавад, ягона ҳанутест, ки нархи он аз асрҳои миёна то имрӯз кам нашудааст.
Таърихи шинохти заъфарон беш аз 4000 сол аст. Аз рангҳои он ҳанӯз дар давраи неолит барои наққошии деворӣ истифода мекарданд. Аввалин нишонаҳои истифодааш дар ғизо аз Месопотамия пайдо шудаанд ва аввалин ёддоштҳои хаттӣ ба давраи шумериён рост меоянд. Форсҳо дар асри X то милод риштаҳои заъфаронро ба матоъ мепечонданд, аз он атр ва равғанҳои хушбӯй месохтанд, Дар лашкари Искандари Мақдунӣ заъфарон барои муолиҷаи ҷароҳатҳо ба кор мерафт. Дар Аҳди Қадим он ҳамчун унсури қурбонӣ, ранг ва хушбӯй зикр шудааст, дар манбаъҳои қадимаи чинӣ бошад, ҳамчун дору.
Дар Шарқ ранги заъфарон либоси роҳибони буддоиро зинат медод, дар Аврупо бошад, рамзи сарват ва мақоми баланд буд. Ашрофони Рим онро ҳамчун дору, ранг ва ҳанут истифода мебурданд. Пас аз суқути Рими Қадим таваҷҷуҳ ба заъфарон коҳиш ёфт, аммо дар асрҳои миёна, ҳангоми паҳншавии вабои бубонӣ, дубора боло гирифт.
Имрӯз заъфарон дар кишварҳои зиёде, аз ҷумла Юнон, Эрон, Фаронса, Испания, Италия, Туркия, Покистон, Зеландияи Нав, ИМА, Чин, Ҷопон ва кишварҳои Қафқоз истеҳсол мешавад. Шаҳри Сафрон дар Англия номи худро аз майдонҳои заъфарон гирифтааст, ки то ҳол ба хазина даромади калон овардааст. Заъфрони испанӣ аз ҳама гаронтар аст, зеро бӯй ва маззаи ғанӣ дошта, заъфрони итолиёвӣ бӯи шадид ва таъми қавӣ дорад, заъфрони юнонӣ, эронӣ ва ҳиндӣ бошад, дертар вайрон мешавад.
ЧАРО ЗАЪФАРОН ҚИМАТ АСТ?
Аввалан, истеҳсоли он заҳматталаб аст. Гули крокуси заъфарон (Crocus sativus) дар яксол ҳамагӣ 10–15 рӯз мешукуфад ва ҳар гул 2–3 рӯз зинда мемонад. Риштаҳо бояд дар рӯзи аввали шукуфтани гул бо даст ҷудо шаванд. Барои 1 кг заъфарон тақрибан 150 000 гул лозим аст. Аз 40 сотих замин вобаста ба шароит ва маҳорат то 4–5 кг ҳосил медиҳад.
ХОСИЯТҲОИ ШИФОБАХШ
Заъфарон аз замонҳои қадим ҳамчун воситаи беҳтар кардани рӯҳия, рафъи дард ва баланд бардоштани қувва шинохта шудааст. Он истеҳсоли серотонин, яъне гормони шодиро зиёд мекунад. Дар тибби аюрведа ба заъфарон хосиятҳои беҳбуди ҳозима, тозакунии узвҳо, беҳтар кардани гардиши хун ва боло бурдани қуввати ҷинсӣ нисбат медиҳанд. Клеопатра барои нигоҳ доштани зебоии пӯсташ дар оби заъфаронӣ оббозӣ мекардааст.
Тибби муосир низ аз ин неъмати нодир баҳра мебарад ва таҳқиқоти зиддисаратонии он собит мекунанд, ки заъфарон дорои каротин, тиамин, рибофлавин, флавоноидҳо, калтсий, фосфор ва витаминҳо мебошад.
Заъфарон бо шир рушди бофтаҳои майнаро фаъол мекунад ва бо асал дар майда кардани сангҳои гурда кӯмак мерасонад.
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



