Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Номаҳо
08 сен 14:55АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Иқтисод / Чеҳра
ЗИНДАГӢ МИЁНИ ДУ ИҚЛИМ
Аз қуллаҳои яхбастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то саҳроҳои гарм ва шамолхези ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон роҳи пурпечу тобест, ки Озодбек Гулшеров тай кардааст. Ё чаро қаҳрамони матлаби мо маҷбур шуд, ки сардтарин минтақаи Тоҷикистонро тарк карда, ба гармтарин кунҷи кишвар кӯч бандад?
Агар мехоҳед бидонед, ки чӣ гуна Озодбек дар муҳити нав худро ёфт, чӣ хел бо гармои тоқатфарсо созиш кард ва чӣ тавр зиндагиро аз нав сохт, пас то анҷом бо мо бимонед. Зеро мо натанҳо як ҳикояи кӯч бастани Озодбекро ба ҷойи наву оғози зиндагии нав равшан месозем, балки достони мутобиқ гаштан ба муҳити наву муборизаҳои ӯ бо тағйирёбии иқлимро нақл хоҳем кард.
ҲИКОЯИ УМЕД...
Шаби торику бороние, ки аз худ танҳо хотираҳо монд ва ё селобе, ки на танҳо хонаҳо, балки орзую ормонҳои сокинони як деҳаро бо худ бурд, тобистони моҳи август буд.
– Омадани сел дар деҳаи мо чизи нав набуд, аммо селе, ки моҳи августи соли 2002 омад, тақдири иддае аз сокинонро тағйир дод, – рӯзҳои гузаштаро ба хотир меорад Озодбек Гулшеров, муҳоҷири иқлимӣ.
(Муҳоҷири иқлимӣ он касест, ки аз сабаби тағйирёбии иқлим – хушксолӣ, обхезӣ, баландшавии ҳарорати ҳаво, камшавии об ё дигар офатҳои табиӣ – хонаю ҷойи зисташро тарк мекунад).
Он шаб борон беист меборид. Садои резиши об дар бомҳо гунаи табл задан буд. Мо ҳатто тасаввур намекардем, ки ин охирин дидор бо манзили истиқоматиямон аст.
Нимашаб сел ҳамаҷоро иҳота кард. Сел бо худ сангу хасу лойро ба кӯчаҳо рехт. Метавон гуфт, ки он шаби боронӣ ба ҷойи мо ояндаи моро интихоб кард.
Ба нақли қаҳрамони матлаби мо он шаб манзилҳои истиқоматии эшон ҳама зери об монд, деворҳои хонаҳо фурӯ рехт ва онҳо бе сарпаноҳ монданд.

СЕЛ ВА ИВАЗИ ТАҚДИР
Нақшаҳои мо дигар аст, аммо тақдир кори худро мекунад, мегуфтанд калонҳои деҳи мо. Аз ин ҷост, ки омадани сел тақдири қисме аз сокинонро иваз карду онҳоро муҳоҷир гардонид. Муҳоҷир ба мулки гарму тафсон.
– Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва саҳми бевоситаи Сарвари давлат он вақт барои мо дар ин ноҳияи наздисарҳадӣ, мавзеи гарму тоқатфарсои ноҳияи Носири Хусрав манзилҳои истиқоматӣ бунёд карданду моро муҳоҷир гардониданд. Ҳамин тариқ мо зиндагии худро дар муҳити нав оғоз кардем, – ёд меорад О. Гулшеров.
Ҳарчанд Тоҷикистон ватан аст, аммо боду ҳавои ҳар як минтақаи он дигар аст. Аз ин рӯ, рӯзҳои аввали зиндагӣ дар ноҳияи Носири Хусрав барои мо, ҳама чиз бегона менамуд. Осмон беабр, замини аз гармии офтоб сӯхта, шамолҳои сахту чангу ғубордор.
Ба гуфтаи қаҳрамони матлаб дар Роштқалъа онҳо оби сарди чашмаҳои мусаффоро истифода мебурданд. Ҳар субҳ баробари аз ҷой хестан, кӯҳҳои барфпӯшро медиданд ва аз ҳавои фораму ҳаловатбахш нафас мекашиданд. Инҷо бошад, ҳатто шабҳои тобистонаш гарм аст.
– Кӯтоҳи гап, солҳои аввали зиндагӣ дар ин ноҳия барои мо ҳама чиз сахт ва мушкил буд. На танҳо иқлим, балки забони гуфтугӯ, (қисми зиёди сокинони ин ноҳияро он вақт ӯзбекзабонон ташкил медоданд) урфу одат, ҳатто тамъи об, – иброз медорад Озодбек.
Чуноне ки мегӯянд, вақт беҳтарин довар аст. Гузашти вақт ба дардҳо малҳам, ба мушкилот роҳи ҳал пешниҳод месозад. Солҳо пайи ҳам сипарӣ гаштаю ҳама ба зиндагии қаҳрамони матлаби мо омехта гашт. Ӯ бо мурури вақт на танҳо забони ӯзбекиро аз худ кард, балки бо урфу одати мардум ошно гашт, кор дар саҳроро омӯхт, ба кишоварзӣ даст зад ва тадриҷан зиндагиро дар муҳити нав барои худ одат кунонид.
– Агар сел тақдири моро иваз карда бошад, муҳит ва боду ҳаво зиндагии моро тағйир дод, – иброз медорад О. Гулшеров. – Ҳоло ман натанҳо муқимӣ гаштаам, балки деҳқонам ва таҷрибаи хуби корро дар саҳро дорам. Дар оғоз аз шавқ ба кумаки ёру рафиқ ва ҳамсояҳо рафта, дар замин кор мекардам.
Оҳиста – оҳиста дар кори кишоварзӣ таҷриба пайдо карда, қитъаи замин гирифтам. Ҳоло бошад, тамоми номгӯи маҳсулоти кишоварзиро дар қитъаҳои дар ихтиёрдоштаи худ кишт ва парвариш менамоям. Яъне, феълан натанҳо дар замини хоҷагӣ кор мекунам, балки як ваҷаб замини наздиҳавлигии худро ҳам холӣ намегузорам.

ҲАМЗИСТӢ БО ИҚЛИМ
Озодбек медонад, ки садди роҳи тағйирёбии иқлимро гирифтан душвор аст. Аз ин рӯ, такя ба таҷрибаи худ мегӯяд, агар иқлим иваз мешавад, пас мо инсонҳо низ бояд худро иваз кунем.
Тарзу усули зиндагӣ, кору фаъолият ва ҳатто мавзеи зистро дигар карда, бо иқлим мутобиқ гардем. Бо ин шакл мо аз паси иқлим намеравем, балки бо он якҷо зиндагӣ мекунем. Чуноне ки ӯ аллакай ин зинаҳоро тай кардааст.
– Бори нахуст, ки ба ин минтақа кӯч бастем, ман ҷавони 19- сола будам ва бо тавсияи падар ва таҷрибаи бойи сокинони минтақа тамоми хоки замини наздиҳавлигиро шустем. Дар аввал ба шоликорӣ машғул гаштем. Бо ин васила шӯрии заминро паст ё тоза карда, қитъаи худро ҳосилхез гардонидем.
Ёдам намеравад, ки вақти ба ин ҷо омадан дар атрофи хона ва кӯчаамон дарахт набуд. Шамолҳои сахт, офтоби сӯзон, зиндагӣ бисёр мушкил буд. Мо дарахт сабзондем. Ба кишоварзӣ машғул гашта, худро ба боду ҳавои ин минтақа одат кунондем.
Ҳоло натанҳо фарзандони мо, балки худи мо ҳам ба ин диёр унс гирифтаем. Танҳо баъзан бо истифода аз фурсат ва рӯзҳои истироҳатӣ ба зодгоҳи бобогӣ, яъне Роштқалъа сафар карда, чанд рӯз фориғ аз кор фароғат мекунему боз ба ин мулк бармегардем. Метавон гуфт, ки ҳамакнун мо хонаю ҳавлии худ аз нав сохта, зиндагиамон ҳам дигар шакл гирифтааст.

ДАР БОРАИ ҚАҲРАМОН
Озодбек Гулшеров моҳи августи соли 1983 дар деҳаи “Дашт” - и ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар ҳамон деҳа хатм карда, соли 2000-ум донишҷӯи филиали Донишгоҳи технологӣ дар шаҳри Хоруғ мегардад. Соли 2005 пас аз хатми донишгоҳ, корро дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Носири Хусрав оғоз менамояд.
Бо тавсияи дӯстон ӯ соли 2007 дубора дар шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат) ҳуҷҷат супорида, соли 2011 онро хатм менамояд.
Давоми ин солҳо дар баробари донишҷӯ будан ӯ дар бахши фарҳанг, шуъбаи кишоварзии ноҳия кор карда, таҷриба мегирад. Аз соли 2015 то ин ҷониб ҳамчун хизматчии давлатӣ, ба ҳайси мудири бахши иқтисоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав фаъолият карда истодааст.
Ӯ оиладор соҳиби 4 фарзанд аст. Ҳарчанд 2 бародар ва 2 хоҳар пас аз оиладор шудан аз ин минтақа кӯч бастанд, аммо ӯ бо волидон дар ин гӯшаи Тоҷикистон, ки аллакай одат кардаанд, зиндагии худро идома дода истодааст.
Ӯ нафарест, ки байни ду иқлим- кӯҳистони хунук ва водии гарм зиндагӣ кардаю ба орзую умедаш ноил гардида истодааст.
БА ҶОЙИ ХУЛОСА
Ин танҳо як ҳикояи муҳоҷир гаштан нест, достони зинда мондан дар рӯбарӯи иқлими тағйирёбанда аст. Дуруст аст, ки садди роҳи тағйирёбии иқлим гаштан осон нест, аммо метавон бо тағйирот зиндагӣ карданро омӯхт. Рӯзгори қаҳрамони мо далели равшани ин гуфтаҳост.
Барои ӯ зиндагӣ миёни ду иқлим дарси бузурги зиндагист, дарси мутобиқшавӣ ва умед. Бо пушти сар кардани иқлими ду минтақа, ҳамакнун ӯ соҳибтаҷриба гаштаю зиндагии хубтару беҳтарро барои худ ва аъзои оилааш бунёд сохтааст.
Тавсияи сода, вале пурқимати О. Гулшеров:
“Натанҳо бо тағйирёбии иқлим, ҳатто бо тағйироти зиндагӣ душман гаштан шарт нест, балки бо онҳо ҳамнафас ва созиш кардан беҳтар аст. Чун ҳама чиз дар зиндагӣ иваз мешавад, аммо умр мисли бод зуд мегузарад. Пас беҳтар нест, қадамҳоямонро бо набзи зиндагӣ ҳамоҳанг созем, то умрамон танҳо дар мубориза бо тағйирот зоеъ нагардад?! ”
Низомиддин Исоев,
Бохтар – Носири Хусрав – Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
ЗИНДАГӢ МИЁНИ ДУ ИҚЛИМ 14:55БОХТАР, РУШДИ ОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ 12:05ИСТИҚЛОЛ – НАҶОТИ МИЛЛАТ, ОҒОЗИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ 11:03ТАРОНАИ ИСТИҚЛОЛ 10:54ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ТАФАККУРИ СОЗАНДАИ НАСЛҲО 10:47ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - ШИНОСНОМАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 10:42ҚАЛБИ ГАРМ ВА ДАСТИ ҚАВӢ 10:35ҲИКОЯИ ПИРӮЗӢ ВА МАТОНАТ 12:40
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД
МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД
БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА
КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО
МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД
БОХТАР, РУШДИ ОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ