Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТИЛЛОИ БОҒҲОИ ХАТЛОН
Ё ЧӢ ТАВР МЕВАҲО БА МАҲСУЛОТИ ПУРҚИМАТ ТАБДИЛ МЕЁБАНД?
Хушкконидани мева таҷрибаи нав нест, чун онро аз қадим боғдорон анҷом медоданд, аммо бозоргузар ва серхаридор гаштани меваҳои хушкконида донишҳои наву усулҳои муосири соҳаро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, соҳибкорон ҳам тайи солҳои охир талош мекунанд то коргоҳу сехҳои худро бо таҷҳизоти нави соҳа муҷаҳҳаз гардонидаю бо истифода аз усулҳои нав меваҳои гуногунро хушк намоянд.
– Аслан коргоҳи мо мавсимист, аммо дар як сол беш аз 300 тонна меваро хушк менамояд. Гарчанде дар як мавсим 300 тонна мева хушк намоем ҳам, иқтидори коргоҳи мо беш аз 600 тонна аст.
Мо бо мизоҷон тариқи шартнома кор карда, кӯшиш мекунем ҳадди ақал ҳосили боғҳои ноҳия ва шаҳру навоҳии атрофи онро харида хушк кунем, – мегӯяд Раҳматулло Саъдуллоев, роҳбари сехи мевахушккунии “Беҳбудӣ”-и ноҳияи Кӯшониён.
Ба гуфтаи Раҳматулло Саъдуллоев дар коргоҳи онҳо аз зардолу то ба олую себ, хурмою лимӯ ва хуч хушконида мешавад. Шумораи коргарон беш аз 30 нафар буда, дар мавсими ҷамъоварӣ коргарони кироя ё худ муваққатӣ аз ҳисоби сокинони бешуғл низ ҷалб мегарданд.
- Сехи мевахушккунии мо дар заминаи хоҷагии деҳқонӣ ташкил шудааст. Самти асосии хоҷагӣ ҳам боғдорист, аз ин рӯ, саҳмдорони он аллакай таҷрибаи хуби мевахушккунӣ доранд. Ғулинг ё меваҳои хушккардаи коргоҳи моро на танҳо дар бозорҳои Тоҷикистон дидан мумкин аст, яъне маҳсули коргоҳи мо хориҷ аз кишвар ҳам содирот мешавад. Соли қаблӣ мо ҳатто барои таҷриба лимӯ ва хурморо ҳам хушк кардем, ки бисёр хуб омад. Аз ин рӯ, номгӯи меваҳои хушкшавандаи коргоҳи мо бештар гашт. Мо баҳри дарёфти мизоҷони бештар талош мекунем, ки ҳамқадами замон бошему меваҳои гуногунро коркарду хушкмеваҳои босифату ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалиро пешкаши ҳамагон гардонем, – гуфт Раҳматулло Саъдуллоев.

АЗ БОҒОТ ТО БОЗОРИ ҶАҲОН
Дар воқеъ, минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар самти боғдорӣ пешқадам аст. Аз ин рӯ, танҳо аз ин минтақаи вилоят ҳамасола садҳо тонна мевагӣ ҷамъоварию дар баробари содирот гаштан, хушкконида мешавад.
– Хушкконидани мева кори осон нест, як иштибоҳ метавонад сифати маҳсулотро паст кунад. Чун барои мо харидор лозим аст, аз ин рӯ бо эҳтиёт меваро аз боғ ҷамъоварӣ кардаю коркард менамоем. Зеро намехоҳем мизоҷони худро аз даст диҳем, – мегӯяд Раҳматулло Саъдуллоев, роҳбари сехи мевахушккунии “Беҳбудӣ”-и ноҳияи Кӯшониён.
Бино ба гуфтаи ӯ ҳосили боғро аввал ҷамъоварӣ, баъдан тозакорӣ (меваҳои нуқсдоштаро ҷудо) намуда, ба хушкконидани мева мепардозанд. Яъне ҳар як мева усули хоси хушккунӣ дорад. Масалан, зардолуро пас аз шустан, аз донак ҷудо мекунанду дар сояи дарахт мегузоранд. Нури офтоб, зардолуи хушкшудаистодаро сиёҳ мекунад. Маҳз барои тиллоранг мондан ё бозоргузар шудани ғулинги зардолу аз дуди олтингӯгирд истифода мебаранд.
Меваи олуро бошад баръакс дар нури офтоб хушк мекунанд. Бо ҳамин васила меваҳо тавассути коргоҳи хушккунӣ, то ба кишварҳои гуногун рафта мерасанд.
Бояд гуфт, ки бо хушк кардани мева, сокинон ҳам талафёбии ҳосили пухта расидаи боғҳои худро пешгирӣ мекунанд ва ҳам содиротро зиёду даромади худро бештар менамоянд.
БА ҶОЙИ ХУЛОСА.
Шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ, феълан дар ноҳияи Кӯшониён 45 ададро ташкил медиҳад. Чун ноҳияи мазкур дар самти кишоварзӣ пешқадам асту дар ин минтақа маҳсулоти кишоварзию мевагӣ фаровон истеҳсол мешавад, масъулин талош доранд коргоҳҳои мевахушккуниро дар ноҳия бештар намоянд.
Низоми ИСО
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ 13:48БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД 16:49ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД 13:01ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД 15:05Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:02РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ХОНАВОДАИ МАРҲУМ ФАЙЗАЛӢ РАҲИМОВ ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ НАМУДАНД 16:55РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД 14:49РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД 12:43
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ҶАҲОНРО БО ДИЛ МЕШУНАВАД
ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ



