Бойгонӣ
24 июн 23:43Маориф

Ганҷи маънӣ – дар китоб

Ташаккули маънавиёти ҷомеа, омӯзиши таъриху фарҳанги гузаштаи тоҷикон, тарбияи меҳанпарастии наврасону ҷавонон ва дар замири насли ояндасози ҷомеа бедор намудани ҳисси эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллию давлатдорӣ танҳо ба василаи истифода аз махзани илмию маънавиёт ва фарҳанги пурғановати ниёкони тамаддунофари миллат ба даст меояд. Дар ин зимн рушди соҳаи китобдорӣ ва ҷалби ҷомеа ба китобхонаву мутолиаи асарҳои бадеӣ дар мадди аввал меистад. 

Бо дар назардошти беҳбудии вазъи хизматрасонии соҳаи китобдорӣ дар саросари мамлакат ва даъвати сокинон ба мутолиаи китоб сол аз сол шумори иқдому чорабиниҳои давлатӣ бештару беҳтар гардида истодааст. Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ва озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ», ки соли ҷорӣ таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида истодааст, далели возеҳи гуфтаҳои болост. Маҳз бо ташкили чунин ташаббусҳои ояндасоз дар маҳалҳо метавон дар ҳаллу фасли ҷумла мушкилоти соҳаи китобдорӣ дар шаҳру навоҳии дурдасти кишвар нақши муассир гузошт.

Новобаста ба вазъи ногувори соҳаи китобдорӣ дар деҳоти дурдаст ва норасоии адабиёти тозанашри тоҷикӣ омаду рафти толибони каломи бадеъ ба китобхонаҳои маҳаллӣ ба чашм мерасанд. Аз 15 ҳазору 951 адад адабиётҳои бадеии китобхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ҳамагӣ 2570 нусхаи он бо забони тоҷикӣ, боқӣ китобҳо бо забони русӣ ва дигар забонҳо буда, барои ҷомеаи имрӯзи мо диққатҷалбкунанда нестанд. Тавре Эътибор Юсупова, директори китобхонаи мазкур изҳор дошт, бо ҳамин  теъдоди ками адабиётҳои тозанашри бо лисони тоҷикӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ мо ҳудуди 3000 хонанда доштем.

- Албатта, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол хазинаи адабиёти бадеии китобхонаҳо ғанӣ мегардад. Дақиқан, дар соли 2018 аз ҷониби Вазорати фарҳанги кишвар ба ноҳияи мо 150 нусха китоб тақдим шуд ва ҳамзамон аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 70 адад китоби бадеӣ харидорӣ кардем. 

Дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 15 адад китобхона, аз ин 12 тои он дар маҳалҳо ҷойгир аст. Хазинаи умумии китобхонаҳои ноҳия ба  76 ҳазору882 адад мерасад, аммо аз ин шумора ҳамагӣ 24ҳазору 270 дона китобҳо бо забони тоҷикӣ буда, 46 ҳазору355 нусхаи он бо забони русӣ ва 6 ҳазору 257 ададро китобҳои ӯзбекӣ ва бо дигар забонҳо ташкил медиҳад.

Сокинони ноҳия иқрор меоянд, ки ҷалби таваҷҷуҳи насли наврас, бахусус ҷавонон ба китобхонаҳо аз зодмандон ва муҳити хонаводаҳо вобастагӣ дорад. Мутаассифона, дар тӯли ду – се даҳсолаи охир сатҳи китобхонии мардум коҳиш ёфта, ҷойи ин шуғли муҳими фарҳангиро воситаҳои муосири мобилӣ ва интернет гирифтааст. Бинобар аз таҳсилоту ҳаёти маданӣ дар канор мондани сокинони русто компютер, телефони мобилӣ ва хизмати интернетӣ аз ҷониби мардум ғайримақсаднок истифода мешавад.

Коршиносони риштаи иҷтимоӣ кохиш ёфтани сатҳи китобхонии мардумро ба осебпазирии муҳити хонаводаҳо дар пешорӯи рушди технологияи муосир ва дигар равандҳои суръатзои ҷаҳонишавӣ иртибот медиҳанд. Ба гуфти Абубакр Файзалӣ, сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 шаҳри Бохтар, имрӯз ҷойи китобхонӣ ва дигар машғулиятҳои судманди фарҳангиро технологияи муосир, аз ҷумла, телефонҳои мобилӣ, бозиҳои компютерӣ ва интернет гирифта итодааст. Дар овони кӯдакии мо зодмандон ба хотири бедор намудани шавқи шеърдонию китобхонии фарзандон барои аз ёд кардани қироати хуби шеър ё порчаи достоне ба мо туҳфа медоданд. Дар замони кунунӣ танҳо нафарони худогоҳ технологияи замонавиро ба мақсади рушду ташаккули зеҳнӣ истифода мекунанд, аммо телефону дигар воситаҳои алоқа барои қисмати бештари ҳамдиёрони мо василаи дилхушие беш нест. 

Асабонияти барзиёди баъзе шаҳрвандон, бахусус кӯдакон ва гуфтору рафтори номатлуби насли ҷавон аз таъсири ҳамон бозиҳои бемаънии компютерӣ ва филму мусиқиҳои ғайрикасбӣ аст,- иброз дошт А. Файзалӣ. - Аз сӯи дигар эҷоду нашри асарҳои муосир нисбатан камтар аст ва адабиёти бадеии то солҳои 1990-ум бошад, барои наслҳои имрӯз қобили таваҷҷуҳ нест. Ба ростӣ, эҷодияти насрӣ, ки тарбиятгари ҷомеа буда, хонандаро ба китобу китобхонаҳо ҷалб мекард, аз назар каме дур мондааст. Насли бузургсоли кишвар хуб дар хотир дорад, ки дар рафти бунёди БАМ Магистрали Байкал – Амур адибони Шӯравӣ садҳо роману повесту қиссаву достонҳо навишта буданд. Аммо новобаста аз он ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар тавассути даҳҳо лоиҳаҳои бузурги дар кишвар амалишуда Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон мешиносанд, дар ин мавзӯъҳо шумораи ангуштшумори асарҳои насрӣ эҷод гардидааст.

Аз суҳбат бо сокинони қишрҳои гуногун бармеояд, ки дар баробари ҷаҳонишавӣ ва дигар равандҳои таъсиргузор ба маънавиёти ҷомеа омилҳои зиёди дохилӣ низ боиси коҳиш ёфтани сатҳи китобхонии мардум мешавад. Барои таваҷҷуҳи наврасону ҷавононро ба мутолиаи китоб  майл намудан оила нақши бағоят муҳим мебозад.

Зеро тарбияи инсон аз оила оғоз ёфта, руҷуҳи насли ҷавон ба илму ҳунаромӯзӣ ва шуғлҳои судманд ва ё баръакс ба оворагардию рафтору кирдори номатлуб низ аз муҳити хонавода сарчашма мегирад. Дар ин росто бо фароҳам овардани шароит баҳри боло бардоштани мақому ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеа ва барқарор намудани ҳамкории зич миёни мактабу оила метавон дар тарбияи насли солиму толибони каломи бадеъ муваффақ гардид.

Юсуфи Собир

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019