Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Номаҳо
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - ШИНОСНОМАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
9-уми сентябри соли 1991 рӯзи бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст. Ҳар сол мо, мардуми сарбаланди кишвар ин рӯзи муборак, ҷашни Истиқлолро бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол мегирем.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша Истиқлоли давлатиро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик арзёбӣ намуда, мардумро барои ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, онро тантанаи адолати таърих меноманд. Тавре Роҳбари давлат иброз доштаанд:
«Маҳз Истиқлол ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Барои миллати тоҷик ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бузургтарин рӯйдоди фараҳбаши таърихии охири асри бистум мебошад.
Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки мо таърихро боз ҳам беҳтару хубтар дар аслаш бубинем, дар равандҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии дунё фаъолона иштирок намоем, дар ҳалли масъалаҳои муҳими давлатдорӣ мустақилона амал кунем.
Истиқлоли давлатӣ халқи парешонро зери Парчами давлатӣ муттаҳид намуд ва имкон дод, пайи ҳалли аҳдофи стратегии мамлакат мардум ҳамфикру ҳаммаром бошанд. Аз ҳама муҳим, миллати тоҷик озодӣ ба даст овард ва ба шарофати соҳибистиқлолӣ баҳри эҳёи анъанаҳои миллӣ имком пайдо карда, комёб гардид.
Миллати ба орзурасидаи тоҷикро дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ бадхоҳон ва душманон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.
Ҷомеаи навини тоҷикон хисороти молию ҷонии зиёд дид. Аммо хиради азалӣ боло гирифт ва вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олиро даъват намуда, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Дар ҳақиқат, ин Иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот дода, тақдири Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт. Маҳз баъди ба арсаи сиёсат омадани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, хоҷагии халқи мамлакат оғоз шуд ва халқи Тоҷикистонро ба саодати рӯзгор мушарраф гардонид.
Маҳз бо роҳбарии Сарвари давлат мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба боварию эътимоди халқ сазовор шавем. Мардум Роҳбари давлатро дӯст медоранд, ҳар як ҳарфашро ба меҳр гӯш медиҳанд ва ҳар як супориш ва дастуру ҳидояташонро бо ифтихору сарфарозӣ иҷро мекунанд.
Рушду тараққиёт дар 34 соли Истиқлоли давлатӣ баробар ба садсолаҳост. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳадафҳои стратегии мамлакат маҳз бо талошҳои бевоситаи Пешвои маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодаанд, ки аксарияти мардуми Тоҷикистон, хусусан ҷавонони худогоҳ, фаъолони ҷомеа онро дар амал дастгирӣ менамоянд ва Ватани азизамон Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол рӯз аз рӯз ба пешрафтҳои назарас ноил гардида истодааст.
Аз ҳама рӯйдоди муҳиму аҳамиятнок, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ ба вуқуъ пайваст, аз ҷониби Пешвои миллат муайян кардани ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад. Асоси муътамад барои ин дар ҷомеа ба вуҷуд омада буд. Озодию амну осоиши шаҳрвандони мамлакат таъмин гардид. Ваҳдати миллӣ ба даст омад, муҳоҷирон ба ҷойҳои муқимии зисташон баргаштанд. Сулҳи сартосарӣ ва ризоияти миллӣ мояи ифтихори сокинони мамлакат гардид.
Давраи сифатан нави тараққиёти кишвар шуруъ шуд ва раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон оғоз ёфт. Таъмин кардани амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ се ҳадафи муҳим арзёбӣ шуда, ҳалли онҳо дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ кишварро ба шоҳроҳи тараққиёт баровард. Ва роҳҳо барои рафту омад дар чор фасли сол ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшону Суғд, хориҷи наздику дур кушода шуданд. Ба ин хотир ҳазорҳо километр роҳ, садҳо километр роҳи оҳан, даҳҳо километр нақб канда шуда, пулҳои зиёде низ бунёд ёфтанд. Ин имкон фароҳам овард, ки тиҷорат рушд кунад, сатҳи зиндагии мардум хуб шавад ва таъминоти аҳолӣ бо молу маҳсулот хеле беҳтар гардад.
Бо талошҳои шабонарӯзии Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар шоҳид ҳастанд, ки дар бобати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ низ кори зиёде марҳала ба марҳала вусъат гирифта, бунёди неругоҳҳои хурди барқӣ дар минтақаҳои кӯҳистони мамлакат, силсиланеругоҳҳои бузург дар дарёи Вахш, аз ҷумла бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба амал бароварда шуд ва кишвари мо ба ҳалли масъалаи энергетикӣ зина ба зина мушарраф гардида истодааст. Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ дар ҳалли ҳадафҳои стратегии мамлакат корҳои анҷомшуда ҳар кадоме як корномаи бузурге мебошанд, ки бо ташаббус ва роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.
Баъди оне ки се ҳадафи миллӣ асосан ҳалли худро пайдо карданд, ҳадафи чорум – саноатикунонии кишвар эълон гардид.
Чанд соли охир ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии кишвар идома дорад. Сафарҳои пай дар пайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ба истифода додани корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ шаҳодати гуфтаҳои болост. Яке аз дастовардҳои дигари кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ пешрафти пойтахти ватани азизамон Душанбе мебошад, ки дар муддати кӯтоҳ ба яке аз шаҳрҳои зебову пешрафта табдил ёфтааст. Садҳо иншооти нави боҳашамати аз ҷиҳати меъморӣ ҷолиби маъмурию маишӣ, боғҳои зиёди фароғатии сабзу хуррами дорои гулу дарахтони нодир, варзишгоҳҳои азим ва майдончаҳои варзишии бешумор, бозиҷойи кӯдакон, ҷодаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ, муассисаҳои зиёди соҳаи маориф, тандурустӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, аз камтарин дастовардҳоянд.
Зимнан, бо таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст”.
Солҳои охир дар мамлакат сохтмонҳои бузурге қомат афрохта, дар хизмати ҷомеа қарор гирифтанд, ки ҳар кадоми онро метавон корнамоии бузурги таърихӣ номид. Аз файзи Истиқлоли давлатӣ кишварамон дар дунё муаррифӣ шуд, забону фарҳанги миллӣ дубора соҳиби мартабаи давлатӣ гардид. Дар олам миллати моро ҳамчун миллати бофарҳангу соҳиби тамаддуми ғанӣ мешиносанд.
Яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ин ба даст овардани ваҳдату ризоияти ҷомеа мебошад. Имрӯзҳо ваҳдати миллӣ асоси андешаи миллиро ташкил мекунад ва фарҳанги сулҳи тоҷикон аз забони коршиносони байналмилалӣ нодир арзёбӣ мегардад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд.”
Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи муҳим – қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ рӯи кор биояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла ба масъалаи об, ҳифзи пиряхҳо равона гардидаанд, қобили дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд ва кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.
Таъсиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун мақоми намояндагӣ ва қонунгузор самараи соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ки дар қатори муҳимтарин дастовардҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Он таърихи давлатдории навин на танҳо бо шаклу сохтори худ фарқкунанда мебошад, балки бо моҳияту ҳадафҳои дар пеш гузошташудааш, ҳамчунин, бо мақоми ишғолкардааш дар таҳкиму бақои сохти давлатдории тоҷикон муҳим мебошад.
Бояд зикр намуд, ки бунёдгузори Маҷлиси Олӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Зеро маҳз ба ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо парламентаризми муосир ба фаъолият оғоз намуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши қонунгузориро дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум пешниҳод карданд, ки фаъолияти парламенти Тоҷикистон дар ин самт боз ҳам тақвият дода шавад. Мақоми қонунгузор ҳамкориро бо мақомоти дахлдор, хусусан, бо субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ вусъат бахшад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар қонунҳои конститутсионӣ, қонуну кодексҳо қабул гардида, барои пешрафти мамлакат ва ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд.
Ба туфайли Истиқлоли давлатӣ садоқату сиёсати созандаи Президенти маҳбубамон тоҷикон тамаддуни башариятро бо фарҳанги сулҳ ғанитар намуданд.
Маҳз масъулияти шаҳрвандӣ дар назди ҳар яки мо – сокинони Тоҷикистони азиз вазифа мегузорад, ки баҳри таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти кишварамон содиқона хидмат намоем.
34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Иброҳимзода Неъматулло, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷайҳун №33
Добавить комментарий
Ахбор
ЗИНДАГӢ МИЁНИ ДУ ИҚЛИМ 14:55БОХТАР, РУШДИ ОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ 12:05ИСТИҚЛОЛ – НАҶОТИ МИЛЛАТ, ОҒОЗИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ 11:03ТАРОНАИ ИСТИҚЛОЛ 10:54ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ТАФАККУРИ СОЗАНДАИ НАСЛҲО 10:47ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - ШИНОСНОМАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 10:42ҚАЛБИ ГАРМ ВА ДАСТИ ҚАВӢ 10:35ҲИКОЯИ ПИРӮЗӢ ВА МАТОНАТ 12:40
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД
МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД
БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА
КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО
МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД
БОХТАР, РУШДИ ОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ