Бойгонӣ
Сентябрь 2025 (14)
Август 2025 (40)
Июль 2025 (57)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)

БОХТАР, РУШДИ ОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Дар даврони соҳибистиқлолӣ маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бемайлон рушд карда, ба макони ободу зебо ва шаҳри орзуҳо табдил гаштааст. Дар шаҳр гулгашту боғҳои фарҳангию фароғатӣ, биноҳои баландошёна ва корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ бунёд гардида, сокинони он, ки беш аз 130 ҳазор нафарро дар бар мегирад, дар фазои орому осудаи Ватан, зери ҳавои софу беғубори истиқлоли давлатӣ хушу хурсандона умр ба сар бурда истодаанд.


Тавре зимни суҳбат раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод иброз кард, бо туфайли заҳматҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 34 – соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо аз як мамлакати харобу валангор ба яке аз гӯшаҳои зеботарин ва ободтарини олам табдил дода шуд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талош ва хиради волои Пешвои муаззами миллат аз як мамлакати ба пораҳо тақсимгашта ва аркони давлатдориаш фалаҷшуда, ба яке аз мамлакатҳои ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ мубаддал шуд. 


Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳо бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаи иқтисодиву иҷтимоии маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар низ марҳила ба марҳила рушд карда, имрӯзҳо барои зиндагии шоистаи сокинон тамоми шароити лозимӣ фароҳам оварда шудааст.

БУНЁДИ 300 ИНШООТ ДАР НАҚША
Муминзод Абдулмаҷид дар идомаи суҳбат афзуд, ки ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии мамлакат дар шаҳри Бохтар нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ иборат аз 300 банд ба маблағи умумии 1 миллиарду 183,2 миллион сомонӣ таҳия гардидааст. Дар давоми моҳҳои сипаригашта, дар доираи ин нақша – чорабиниҳо 5 бинои истиқоматии баландошёна, беш аз 10 адад майдончаҳои бозии кӯдакон ва 9 адад нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва иншооти зиёди дигар бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. 


Дар умум давоми соли 2025 бунёди 62 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то инҷониб 20 иншоот ба маблағи умумии 32,8 миллион сомонӣ бо таъсиси 101 ҷойи кори доимӣ ва 155 ҷойи кори муваққатӣ ба истифода дода шудааст, ки ин 32 фоизи нақшаи соли 2025 – ро дар бар мегирад. 


-Феълан дар иншооти зиёди дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, то охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Аз рӯи иҷрои нақшаи умумӣ, аз соли 2022 то инҷониб 197 иншооти иқтисодию иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки 66 дарсади нақшаро дар бар мегирад, - гуфт А. Муминзод.

ТАТБИҚИ 114 ЛОИҲА 
-Ҷиҳати таъмини рушди устувори шаҳр “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Бохтар барои солҳои 2021 – 2025” иборат аз 86 лоиҳа қабул гардида буд, - гуфт Муминзод Абдулмаҷид. -Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар ба Барнома як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, шумораи лоиҳаҳо ба 114 адад ва арзиши лоиҳаҳо ба 1 миллиарду 556 миллиону 255 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Ҷараёни татбиқи Барнома нишон дод, ки 64 лоиҳа ба маблағи 1 миллиарду 214,6 миллион сомонӣ пурра амалӣ гардида, 37 лоиҳаи дигар ба маблағи 255,6 миллион сомонӣ мавриди амал қарор дорад. Маблағи умумии корҳои иҷрошуда 1 миллиарду 470,5 миллион сомониро дар бар гирифта, Барнома ба андозаи 94,5 фоиз иҷро шудааст. 


БОХТАР СОҲИБИ 47 МИКРОАВТОБУСИ БАРҚӢ МЕШАВАД
Ба иттилои Абдулмаҷид Муминзод беҳтар кардани шароити зисту зиндагонии сокинони маркази маъмурии вилояти Хатлон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд, аз ҷониби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд бо маблағи 10 миллион доллар ба шаҳри Бохтар 47 микроавтобуси барқӣ ворид карда мешавад. Микроавтобусҳои барқӣ барои нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ гардида, дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ ба сокинон хизматрасонӣ менамоянд. Бояд қайд кард, ки ду сол қабл дар доираи як лоиҳа ба шаҳри Бохтар 41 адад автобусҳои наву замонавӣ ворид гардида буд, ки то инҷониб фаъолият доранд.


ШУКРОНАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид дар фарҷоми суҳбат иброз дошт, ки Истиқлолият – пояи бақои давлат, рамзи устуворию озодии миллат, нишони ҳуввият, воситаи муҳими татбиқи амалии ормонҳои миллӣ буда, маҳз бо шарофати ба даст овардани он ҳар миллати дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ ва шинохта мешавад. Хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин неъмати бебаҳо бархурдор гашта, аз ҷониби беш 190 кишвари олам узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътроф ва ба расмият шинохта шудааст. 


-Мардуми сарбаланди тоҷик Истиқлолиятро чун рамзи ҳастӣ ва шинохти миллат, бақову пойдории давлат ва нишон аз шарафу номуси баланди ватандории ҳар фарди соҳибмаърифат эътироф карда, ба он арҷ мегузоранд ва ин дастоварди беназири таърихии кишварро ҳифз менамоянд. Боварии комил дорам, ки сокинони заҳматқарини шаҳри Бохтар низ он ҳама дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш қарор дода, ҷашни бузурги созандагӣ, 35 – солагии Истиқлолияти давлатии кишварро бо натиҷаҳои арзишманд истиқбол менамоянд, - гуфт Муминзод Абдулмаҷид.

Сулаймон СУЛТОНОВ


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019