Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД
Имрӯз, 15 август, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар хоҷагии деҳқонӣ, воқеъ дар деҳаи Хурсандии деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён дар маъракаи оғози чиниши пахта иштирок намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар хоҷагӣ бо масъулони соҳаи кишоварзӣ суҳбат намуда, барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд доданд.

Тибқи иттилоъ ин мавсим дар ноҳияи Кӯшониён дар масоҳати 10730 гектар навҳои серҳосилу ба минтақа мутобиқи пумбадона кишту парвариш шуда, айни замон ҳосили он пухта расидааст. Тибқи иттилоъ дар ҳудуди ноҳия 1615 хоҷагии самти пахтакорӣ фаъолият дорад. Ба иттилои масъулин имсол бояд аз ноҳия 26 ҳазору 40 тонна пахта ҳосил ҷамъоварӣ карда шавад.

Зимни суҳбат бо меҳнаткашон раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба онҳо хирмани пурбор ва ризқи фаровон орзу намуда, ҳамзамон оид ба қабули саривақтии пахта, коркарди он ва истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи ҳукумат ба кишоварзон баён доштанд, имсол дар вилояти Хатлон дар майдони 123037 гектар пунбадона кишт карда шуд, ки аз ин шумор 41 ҳазор гектараш бо усули нави зери плёнка кишт карда шудааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



