Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Номаҳо
ҲИКОЯИ ПИРӮЗӢ ВА МАТОНАТ
Фарзона сокини деҳаи Боҳтурободи шаҳри Левакант буда, дар ду самт – тиб ва варзиш бо меҳнату сабри беандоза фаъолияти муваффақона дорад. Иродаи қавӣ, устуворӣ ва руҳи болидааш сабаб шудааст, ки ӯ на танҳо аз мушкилот намеҳаросад, балки ба дигарон низ неру ва умед мебахшад.
Дастхобонӣ ё худ "армрестлинг" яке аз намудҳои ҷолиби варзиш мебошад, ки дар он неруи даст, ирода мавқеи асосӣ доранд. Ин намуди варзиш дар Тоҷикистон низ бо мурури замон рушди худро ёфта, миёни ҷавонон ва варзишгарони касбӣ маҳбубият пайдо мекунад. Дар кишвар, махсусан тайи солҳои охир, таваҷҷуҳ ба ин соҳа афзоиш ёфта, мусобиқаҳои сатҳи шаҳру ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд. Варзишгарони тоҷик дар ин ришта пайваста малакаи худро сайқал дода, дар сабқатҳои дохилӣ ва ҳатто берун аз кишвар иштироки фаъолона доранд. Яке аз омилҳои асосии рушди дастхобонӣ дар Тоҷикистон, дастгирии муассисаҳои варзишӣ, мактабҳои махсус ва роҳнамоии мураббиёни варзида ба шумор меравад. Ҳамзамон, ҷавонон махсусан духтарон низ таваҷҷуҳи зиёд ба ин соҳаи пурнеру зоҳир намуда, дар байни онҳо чеҳраҳои умедбахш ба воя мерасанд. Ин лаҳза аз фаолияти як тан ҷавондухтаре қисса мекунем, ки дар баробари имконияти маҳдуд доштан, дар соҳаҳои тиб ва варзиш саҳми назарраси худро гузоштааст.
Фарзона Ғуломова ҷавондухтари пурғайрату болаёқате аз деҳаи Боҳтурободи шаҳри Левакант аст, ки бо азму ирода, меҳнати содиқона ва ормонҳои равшан роҳи зиндагиро низ дуруст интихоб кардааст. Ӯ дар хонаводаи деҳқон ба воя расида, соли 2019 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6-и деҳаи хешро хатм намудааст. Ҳамон сол ӯ ба Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дохил шуда, дар баробари таҳсил, қадами устувор ба майдони варзиш ниҳодааст.
Рӯзе як занги телефонӣ, ки аз ҷониби устодашон буд, сарнавишти наве дар ҳаёти ӯ боз намуд. Устод иштирок дар мусобиқаи варзиширо, ки барои шахсони имконияташон маҳдуд роҳандозӣ шуда буд, пешниҳод кард ва бо майлу ҳаваси зиёд Фарзона бори аввал дар чунин мусобиқа ширкат варзид. Бо боварии том ӯ дар мусобиқа иштирок кард ва ҳамзамон дар аввалин иштирок ду медал, ҷойи якум ва дуюмро дар ду вазн ба даст овард. Ин пирӯзии нахустин барои ӯ ангезае шуд, ки дар паҳлуи таҳсил, варзишро ҷузъи муҳими рӯзгораш қарор диҳад.
Фарзона дар чандин мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Ӯ собит кард, ки ҳатто дар ҳолати маҳдудияти ҷисмонӣ низ метавон бо ирода, меҳнат ва дастгирии устодон ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расид.
Фарзона – намунаи илҳомбахш барои ҷавонони деҳаи худ мебошад. Ӯ бо иродаи қавӣ ва заҳмати пайваста исбот намудааст, ки маҳдудияти ҷисмонӣ монеаи расидан ба комёбиҳо нест.
Дастхобонӣ бошад, ҳамчун як навъи варзиши пурэнержӣ, на танҳо ҷисм, балки руҳу равони инсонро тақвият мебахшад. Ин навъи варзиш дар рушди хислатҳои бурдборӣ, матонат ва худбоварӣ нақши муҳим дошта, метавонад дар тарбияи насли солим, боирода ва ватандӯст саҳми назаррас гузорад.
Фарзона Ғуломова пас аз хатми Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, фаъолияти касбии худро дар маркази саломатии ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант ба ҳайси ҳамшираи калон оғоз намуда, то имрӯз бо масъулият ва садоқат ба мардум хизмат мерасонад.
Ӯ танҳо бо фаъолияти тиббӣ худро маҳдуд накарда, балки дар баробари он фаъолияти варзиширо низ идома дода истодааст. Дар соҳаи варзиши дастхобонӣ, ки маъруф ба “армрестлинг” аст, ӯ зиёда аз панҷ сол боз фаъолият менамояд.
Фарзона бо роҳнамоии устодони соҳаи варзиш Марат Идрисов ва Абдураҳим Қурбонов нозукиҳои ин риштаро омӯхта, дар мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, борҳо сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Ӯ имрӯз мақоми омӯзгори варзишро низ соҳиб аст ва орзу дорад, ки дар оянда шогирдони варзишгарро тарбия намуда, Тоҷикистони азизро дар арсаи варзиши ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.
Фарзона бо дуои падару модар ва дастгирии онҳо тавонистааст дар ду самт, ҳам дар соҳаи тандурустӣ ва ҳам варзиш комёб гардад. Ӯ намунаи воқеии духтари бовиқори тоҷик мебошад, ки бо меҳнат, ирода ва ормонҳои нек ба ҷомеа хизмат мекунад. На вобаста аз оне, ки имконияташ маҳдуд аст, пайваста барои комёб гардидан талош намуда истодааст. Фарзона бо меҳнат, заҳмат ва ормонҳои созанда тавонистааст дар ду соҳаи муҳим – тиб ва варзиш саҳми арзанда гузорад. Ӯ имрӯз на танҳо ҳамшираи калон, балки варзишгари муваффақ дар намуди дастхобонӣ аст, ки бо талошҳои пайваста мақоми сазоворро касб намудааст.
– Ман ҳамчун як табиб ва варзишгар ба варзиш машғул шуданро яке аз василаҳои муҳими солим нигоҳ доштани бадан, неруи ҷисмонӣ ва руҳиву равонии ҳар як фард меҳисобам. Аз нигоҳи тиб, фаъолияти ҷисмонӣ ва варзиш нақши калидӣ дар пешгирии бисёре аз бемориҳо ва баланд бардоштани масунияти инсон дорад. Мутахассисони соҳаи тандурустӣ бар он ақидаанд, ки варзиш системаи гардиши хунро фаъол мегардонад, мубодилаи моддаҳоро беҳтар мекунад, фаъолияти дилу рагҳо, шуш ва узвҳои дигарро тақвият мебахшад. Одамоне, ки мунтазам ба варзиш машғуланд, на танҳо ҷисман солиманд, балки дар ҳолатҳои равонӣ низ устувор буда, ба стрессу фишорҳои зиндагӣ осонтар муқовимат мекунанд. Ба андешаи табибон, машқҳои ҷисмонӣ метавонанд пешгирикунандаи бемориҳои музмин, аз қабили фишорбаландӣ, диабет, фарбеҳӣ ва бемориҳои дил бошанд. Варзиш инчунин, дар беҳтар кардани ҳолати руҳӣ, беҳсозии хоб ва баланд бардоштани қобилияти зеҳнӣ нақши назаррас дорад. Аз ин рӯ, варзиш на танҳо василаи фароғату нерумандӣ, балки як ҷузъи муҳими тарзи ҳаёти солим ва табобати табиии инсон маҳсуб меёбад. Ҷомеае, ки варзишро дӯст медорад, бешубҳа солимтар, фаъолтар ва пешрафтатар хоҳад буд, – мегӯяд Фарзона Ғуломова.
PS: Мо ба чунин ҷавонон ифтихор мекунем ва умед дорем, ки фаъолияти онҳо илҳомбахши дигарон хоҳад буд. Бигузор нури орзуҳо дар дили ҷавонон ҳамеша фурӯзон бошад.
ҚУРБОНБЕК САЙДАЛИЕВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЗИНДАГӢ МИЁНИ ДУ ИҚЛИМ 14:55БОХТАР, РУШДИ ОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ 12:05ИСТИҚЛОЛ – НАҶОТИ МИЛЛАТ, ОҒОЗИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ 11:03ТАРОНАИ ИСТИҚЛОЛ 10:54ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ТАФАККУРИ СОЗАНДАИ НАСЛҲО 10:47ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - ШИНОСНОМАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 10:42ҚАЛБИ ГАРМ ВА ДАСТИ ҚАВӢ 10:35ҲИКОЯИ ПИРӮЗӢ ВА МАТОНАТ 12:40
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД
МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД
БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА
КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО
МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД
БОХТАР, РУШДИ ОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ