Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ТАФАККУРИ СОЗАНДАИ НАСЛҲО
Истиқлолият рӯйдоди бузургест, ки Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил муаррифӣ кард. 34 соли гузашта нишон дод, ки Истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ, балки калиди ҳамаи пешрафту комёбиҳо мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ миллати мо соҳиби шароити мусоид барои худшиносӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳим гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари таърихии хеш “Тоҷикон дар оинаи таърих” қайд намудаанд: “Фарзандони фидоию бономуси миллати мо дар ҳама давру замон, дар ҷое бо хираду фарҳанги воло, дар ҷое бо муросою мадоро талошҳои истиқлолхоҳӣ бурдаанд, ки ин омилҳо бо ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ пайванди ногусастанӣ доранд”.
Маҳз роҳбарии хирадмандонаи давлатсозӣ ва давлатмеҳварии Сарвари давлат буд, ки Тоҷикистон дар муддати 34 соли соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои беназир дар сиёсати дохилию хориҷӣ ва дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ноил гардид. Ба шарофати Истиқлолият имрӯз мо дар фазои ободу зебо умр ба сар бурда, ба дастовардҳои назаррас ноил гашта истодаем. Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, агар истиқлолияти давлатии мо ҷавон бошад ҳам, умри миллат ва таърихи давлатдории аҷдодони мо ҳазорсолаҳост.
Истиқлолият асоси пойдории давлат, рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмат, дастоварди бузургу бебаҳои таърихӣ ва ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ маҳсуб мебошад. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо зарур аст, ки ҳар фард, махсусан, мо ҷавонон ба эътимоду эътиқоди Пешвои миллат сазовор бошем, маърифату ҷаҳонбинии худро таҳким бахшида, баҳри баланд бардоштани нуфузу эътибори миллат, пойдории давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд саҳми худро гузорем ва дар марҳилаҳои амалишавии ормонҳои халқу миллатамон саъю кӯшиш намоем.
Манучеҳр Нуров, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



