Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дӯстӣ. Бунёди бинои иловагии муассисаи таълимӣ
Дар Ҷамоати деҳоти “Деҳқонобод”-и ноҳияи Дӯстӣ бо ибтикори соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ бинои иловагии муассисаи таълимии №15 бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Юсуфзода Ҳотамшоҳ ба “Сафо” иттилоъ дод, иншооти мазкур бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ сохта шуда, аз 10 синфхона иборат мебошад ва дар он 500 нафар хонандагон дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Бинои иловагӣ бо тамоми таҷҳизоти лозимӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он тамоми шароити таълимӣ барои хонандагон фароҳам карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки феълан дар назди 11 муассисаи таълимӣ сохтмони 130 синфхонаи иловагӣ бо маром идома дошта, 68 адади он бо саҳми соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ бунёд шуда истодааст.
-Баъди бунёд гардидани ин ҳама иншоот ҷойҳои зиёди нишаст барои хонандагон муҳайё гардида, шароити таълиму тарбия низ беҳтар хоҳад шуд, - гуфт Юсуфзода Ҳотамшоҳ.
С. СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



