Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СИРОЯТИ ХАТАРНОК
Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) як вируси хавфнок аст, ки системаи муҳофизатии баданро нобуд мекунад ва ба бемориҳои вазнин оварда мерасонад. Огоҳӣ аз роҳҳои сироят ва пешгирии ВНМО барои ҳар як шахс муҳим мебошад.
ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ (ВНМО) ЧИСТ?
ВНМО вирусест, ки ҳолати норасоии масуниятро дар организм ба вуҷуд меорад. Ин вирус дохили бадан шуда, системаи муҳофизатии инсонро нобуд месозад. Вақте ки масуният заиф мешавад, инсон ба бемориҳои гуногуни сироятӣ ва ғайрисироятӣ осебпазир мегардад. ВНМО дар одамон сироят мекунад ва метавонад ба дигарон низ интиқол ёбад.
БЕМОРИИ ПАЙДОШУДАИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТ (БПНМ) ЧИСТ?
БПНМ марҳилаи ниҳоии сирояти ВНМО мебошад, ки дар он системаи масуният қобилияти муқовимат ба ҳар гуна бемориҳоро аз даст медиҳад. Ин марҳила бо пайдоиши бемориҳои вазнин, ба монанди сили шуш, илтиҳоби шуш, саратони пӯст, гепатити В, С ва дигар бемориҳо хос аст.
ХАТАРҲОИ АСОСИИ СИРОЯТИ ВНМО
Вирус дар моеъҳои бадан ба мисли хун, нутфа, таррашуҳоти маҳбалӣ ва шири модар мавҷуд аст. Сироят тавассути тамоси мустақим бо ин моеъҳо интиқол меёбад.
РОҲҲОИ АСОСИИ СИРОЯТ:
- Аз модари сироятшуда ба кӯдак ҳангоми таваллуд ва ширмаконӣ;
- Ҳангоми алоқаи ҷинсии беҳимоя бо шахсони сироятёфта, яъне бе истифодаи рифола;
- Бо роҳи тазриқӣ, яъне ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои қаблан истифодашуда.
РОҲҲОИ СИРОЯТ НАШУДАН БА ВНМО
ВНМО тавассути сулфа, атса, биниафшонӣ, ашк, арақ, бӯсидан (агар дар даҳон захм набошад), газидани ҳашарот, ба оғӯш гирифтан, истифодаи ашёҳои умумӣ, сайру гашт дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва машғулиятҳои варзишӣ интиқол намеёбад. Инчунин, оббозӣ дар ҳамом ва ҳавзҳо, истифодаи як табақ ё қошуқ низ сироят намекунад.
ЧӢ ТАВР ХУДРО МУҲОФИЗАТ БОЯД КАРД?
- Бо ҳамсари худ садоқат ва вафо дошта бошед;
- Ҳангоми хунравӣ бо дастпӯшак кумаки аввалияи тиббӣ расонед;
- Аз истифодаи асбобҳои ба мисли сӯзандору ва теғҳои безарарнашуда худдорӣ кунед;
- Аз алоқаи ҷинсӣ бо шахсони фавқулода худдорӣ намоед;
- Дар сартарошхонаҳо аз истифодаи теғ барои риштарошӣ ва мӯйи сар худдорӣ намоед;
- Қоидаҳои гигиенӣ ва санитариро риоя намоед: истифодаи ашёҳои шахсӣ (дандоншӯяк, риштарошак, сачоқ) ва шустани либосҳои олудаи хун дар маҳлули хлордор;
- Шахсоне, ки худро дар хатар мебинанд, бояд сари вақт ба марказҳои ВНМО рафта, ташхис ва табобат гиранд.
ТАБОБАТИ ЗИДДИРЕТРОВИРУСӢ (ТЗРВ) ВА АҲАМИЯТИ ОН
Табобати зиддиретровирусӣ яке аз роҳҳои муассири пешгирӣ ва назорати сирояти ВНМО мебошад. Табобати зиддиретровирусӣ имрӯз дар тамоми ҷаҳон самаранок қабул шудааст. Агар шахс табобати зиддиретровирусиро мунтазам қабул кунад, хавфи интиқоли вирус ба дигарон қариб ба сифр баробар мешавад. Саломатии бемор беҳтар шуда, умраш дароз мегардад.
ХУЛОСА
Огоҳӣ аз ВНМО ва роҳҳои пешгирии он барои саломатии ҳар фарди ҷомеа муҳим аст. Ба ҳамдигар садоқат дошта, гигиена ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, дар ҳолати шубҳа ё хатари сироят зуд ба марказҳои ташхис муроҷиат намоед.
Маҷид Миралиев, директори Маркази пешгирӣ
ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар ноҳияи Кӯшониён
Добавить комментарий
Ахбор
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:59РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:54РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:48ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 18:41МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР 18:34РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД 18:27ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА 18:21ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД



