Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Номаҳо
ДОВАРИ ФАЪОЛ, БОЗИНГАРИ МОҲИР, ОМӮЗГОРИ НАСЛИ ОЯНДА
Кист ӯ? Ё чӣ гуна як духтар бо ин қадар монеаҳо, ба яке аз чеҳраҳои футболи занона дар вилоят табдил ёфт? Чӣ тавр ӯ тавонист миёни масъулияти оилавӣ ва варзишӣ мувозинат кунад? Оё доварӣ барои ӯ мушкил набуд? Чӣ гуна арӯсаки панҷрӯза тавонист ба финали Лигаи олӣ бирасад? Ва чаро то ҳол мухолифат нисбат ба футболбозии духтарон дар ҷомеа боқӣ мондааст? Агар мехоҳед ба ин саволҳо посух ёбед, пас матлаби моро пайгирӣ намоед.
МОҲИ АСАЛ ДАР МАЙДОНИ ФУТБОЛ
Футбол, ки дар ҷаҳон ҳамчун варзиши пурбинанда шуҳрат дорад, имрӯз дар Тоҷикистон низ миёни духтарон ҷойгоҳи хосе касб кардааст. Агар то чанд соли пеш қадами духтарон ба майдони сабз кам ба назар мерасид, имрӯз бо талошу истодагарии насли нав ва тағйироти ҷомеа рӯйкарди дигар аст. Дар ин миён чеҳраи дурахшоне мисли Шукрона Зиёзода, довари мусобиқаҳои футболи бонувон, бозингари фаъоли дастаи «Вахш»-и шаҳри Бохтар ва омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ дар Коллеҷи тиббии хусусии “Даво” ба чашм мерасад.
Шукрона зодаи шаҳри Норак, баъди хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и зодгоҳаш таҳсилро дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саймуъмин Раҳимов идома бахшид. Айни ҳол истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар мебошад. Майли варзиш, бахусус футбол дар дилаш аз хурдӣ бедор шуда, тамринҳои нахустинро дар ин риштаи варзиш аз синфи ҳафтум оғоз намудааст.
– Мо дар кӯча бо ҳамроҳии ҳамсабақон футболбозӣ мекардем, ки он замон дастаи футболи духтарон набуд. Баъд аз ду сол дар шаҳри Норак дастаи футболбоздухтарон таъсис ёфт ва ман машқу тамрини худро дар он даста идома додам, – ёдовар мешавад ӯ. – Дар оила ва хешу табор, ягон нафар варзишгар набуд, хусусан аз духтарон ва пайвандони мо ба гумони “духтарро чиву футболаш чӣ” интизор надоштанд, ки рӯзе аз насли онҳо ҳатто духтарбачаҳо ба варзиш рӯ меоранд.
Ин буд, ки талош ва иродаи ӯ ба норозигии зиёде аз аъзои оила ва ҷомеа рӯбарӯ мешуд. Гарчанде падар ва бародаронаш намехостанд, ки Шукрона ба варзиш рӯ биёварад, аммо модараш ягона такягоҳаш буд ва ӯро дастгирӣ мекард. Бо мурури заҳмати пайваста ва талошҳои бепоён, ӯ на танҳо бозингар, балки ҳоло дар сатҳи вилоятӣ ҳамчун довар фаъолият мекунад ва дониши варзишии худро ба насли нав омӯхта, онҳоро дар ин ҷода роҳнамоӣ менамояд.
Шукрона бо эҳтиром ва миннатдорӣ аз мураббии аввалинаш Тоҷиддин Наботов ёдовар гардида, иброз медорад, ки маҳз тамрину машқҳои вай ӯро ба ин сатҳ тарбияву омода намудааст.
Аввалин мусобиқаи варзишие, ки бо дастаи худ ширкат варзидаанд, дар шаҳри Қӯғонтеппа (ҳозира Бохтар) доир шуда, онҳо сазовори ҷои дуюм гардиданд. Ин ғалаба ӯро ба он рӯзҳои кӯдакиаш бурд, ки дар кӯчаҳо бозӣ мекард ва хаёл надошт, ки дастаи занона бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон таъсис меёбад.
Дар ин давраи бозӣ ӯ аввал ба дастаи «Регар-ТадАЗ» даъват шуда, зери роҳбарии мураббӣ Нодира Мирзоева тули 1 сол фаъолият намудааст. Баъдтар ба дастаи «Ласточка»-и Душанбе гузашт ва ҳоло бо дастаи «Вахш» дар шаҳри Бохтар муддати 4-5 сол боз ба ҳайси бозингар фаъолият дорад. Дар ин муддат бо дастовардҳои “Бозингари беҳтарин”, “Устоди варзиш” ва дигар медалу ҷоизаҳо сарфароз гардидааст.
Шукрона дар соли 2019 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Индонезия, дар ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон бозӣ намуд. Онҷо бо дастаҳои Корея ва Ҷопон рақобат доштанд. Баъдан, дар мусобиқаҳои гуногуни футбол бо дастаҳои футболи кишварҳои Малайзия, Бангладеш, Қазоқистон, Қирғизистону ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ бозӣ карда, сазовори ҷойҳои намоён шудааст.
-Боварӣ дорам, ки варзиш барои духтарон танҳо шавқу ҳавас нест, балки мактаби ҳаёт аст ва маҳз варзиш ҳисси масъулиятшиносву худбовариро дар инсон тақвият медиҳад, – иброз дошт зимни суҳбат Шукрона. – Ҳар духтаре, ки орзуи футболбоз шудан дорад, бояд бидонад, ки бо фароҳам гардидани ин ҳама шароиту имконият, духтаронро мебояд, ки ҷиҳати расидан ба орзуҳои худ танҳо саъю талош намоянд. Инчунин, ба ҷуз футбол дигар намудҳои варзиш низ ҳаст, ки ҷавондухтарон метавонанд маҳорату тавоноии худро нишон диҳанд.
Лозим ба ёдоварист, ки Федератсияи футболи вилояти Хатлон бо роҳандозии мусобиқаҳо, курсҳои доварӣ ва тайёрии мураббиён ба рушду пешрафти соҳа саҳм мегузорад. Ҳоло дастаҳои футболи занона дар вилоят зиёд ҳастанд, аз ҷумла U14, U16, U18 ва Пешсаф, ки дар ҳамаи мусабиқаҳо то 2-юм лигаро Шукрона доварӣ мекунад.
Ӯ модари як писари сесола аст ва мегӯяд, ки тавонистааст миёни масъулияти оилавӣ ва фаъолияти варзишӣ тавозунро нигоҳ дорад. Дар баробари тарбияи фарзанд вақт ёфта, дар мусобиқаҳои футбол иштирок мекунад. Шавҳараш, ки варзишгар аст, ӯро ҳамеша дастгирӣ менамояд ва лаҳзаҳое мешаванд, ки ҳамроҳи писараш ба майдон мераванд.
Дарвоқеъ пайроҳаи интихобкардаи ӯ ҳамвор набуд. Панҷ рӯз пас аз тӯйи арӯсиаш, мебоист дар мусобиқаи финалии лигаи олӣ миёни духтарон дар Душанбе ширкат варзад...
– Он рӯзҳо аҳли оилаи ҳамсарам, бахусус падарарӯсам аз тасмими мо огоҳӣ надошт. Хушбахтона, бо дастгирии ҳамсарам ман имкони иштирок дар ин мусобиқаи муҳимро пайдо кардам. Мо ба баҳонаи имтиҳон ба мусобиқаи футбол рафтем ва гарчанде сазовори ҷойи дуввум шудем, аммо бо хурсандиву таассуроти фаромӯшнопазир ба хона баргаштем. Он шаб дар сари дастархон нишаста, барномаи ҷамъбастии мусобиқаи футболро тамошо мекардем. Хулоса, лаҳзаи сарфарозии дастаи моро аз оинаи нилгун тамошо карда, нахуст ранҷида, қариб 2 ҳафта бо мо суҳбат накарданд. Аммо бо мурури вақт онҳо ману шавҳарамро дарк намуданд, – ба ёд овард Шукрона.
Баъдан Шукрона соҳиби писарбача гардид ва ҳамин тавр 2 сол ба майдон набаромад ва соли 2024 дубора ба футбол баргашт. Ин оилаи хушбахту мадюни бозии футбол орзу доранд, ки писарашон ҳам дар оянда варзишгари хуб ба воя расида, номбардори меҳани худ дар арсаи олам бошад. Имрӯзҳо Шукрона дар баробари иштирок дар дастаи футболи занона ва доварӣ кардан дар мусобиқаҳои футболи бонувон, инчунин, дар Коллеҷи тиббии хусусии “Даво” ба ҳайси омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ дарс медиҳад. Дар коллеҷ бо дастгирии директор Муродзода Сафаралӣ дастаи духтаронаи футбол ташкил шудааст ва ин даста таҳти сарварии Шукрона дар мусобиқаҳо ширкат менамояд. Гарчанде ки футболбоздухтарон завқу рағбати зиёд доранд, аммо мутаассифона на ҳамаи духтарони бозингар аз ҷониби падару модарони худ дастгирӣ меёбанд.
Ба гуфтаи Шукрона варзишгарон мисли Мавзуна Чориева, Миҷгона Самадова ва Мадина Фозилова намунаи ибрати ҷавондухтарони кишварамон мебошанд. Тавре иқрор меояд футбол барои ӯ танҳо бозӣ нест, ин роҳи зиндагӣ ва манбаи неру аст. Бешакку тардид ҳар ҷавондухтаре, ки шавқу рағбат ба бозии футбол дошта, баҳри расидан ба орзуҳои худ саъю талош намояд, метавонад парчами кишварро дар майдонҳои бузург баланд бардорад.
Айни ҳол дастаи футболбоздухтарони «Вахш» дар мавсими аввали лигаи олӣ ҷойи дуюмро соҳиб гардида, ҳамакнун, 3 мавсими дигар онҳоро дар пеш интизор аст, ки дар моҳҳои октябру ноябр ба анҷом мерасад.
Дарвоқеъ, ҳаёту фаъолияти Шукрона қиссаи ибратомӯзи як зани ҷавон аст, ки бо вуҷуди монеаҳо ва норозигиҳои аъзои оилаи шавҳар, тавонистааст ҳамсар ва модари меҳрубон буда, бозингари муваффақу довари шоиста бошад.
Маҳмадализода Маҳмадалӣ
Добавить комментарий
Ахбор
ЗИНДАГӢ МИЁНИ ДУ ИҚЛИМ 14:55БОХТАР, РУШДИ ОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ 12:05ИСТИҚЛОЛ – НАҶОТИ МИЛЛАТ, ОҒОЗИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ 11:03ТАРОНАИ ИСТИҚЛОЛ 10:54ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ТАФАККУРИ СОЗАНДАИ НАСЛҲО 10:47ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - ШИНОСНОМАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 10:42ҚАЛБИ ГАРМ ВА ДАСТИ ҚАВӢ 10:35ҲИКОЯИ ПИРӮЗӢ ВА МАТОНАТ 12:40
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД
МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД
БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА
КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО
МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД
БОХТАР, РУШДИ ОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ