Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
09 дек 08:28---
"БАРНОМАИ РУШДИ ЧАКАНДӮЗӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ СОЛҲОИ 2019-2021"
Мақсади ин Барнома иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба амалӣ намудани чораҳо дар доираи эълони солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, фароҳам овардани шароити мусоид барои тарғиби арзишҳои миллӣ, рушди маънавиёт, эҳёи мероси фарҳангии ғайримоддии миллӣ, боло бурдани худогоҳиву худшиносӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисодӣ, ҷалби занону духтарон ба корҳои хонагӣ ва таҳкими ҳунармандӣ таҳия гардида, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи амалҳоро дар давраи солҳои 2019-2021 дар бар мегирад.
Дар вилоят ҷиҳати рушди чакандӯзӣ як қатор чораҳо, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҶДММ “Чакан” ва гурӯҳҳои оилавии чакандӯзӣ ташкил карда шуда, маҳсули меҳнати онҳо дастраси хоҳишмандон гардида истодааст, ки дар ғанӣ гардидани буҷети оила ва рушди соҳаи чакандӯзӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
Айни замон теъдоди ҳунармандони чакандӯзи вилоят 89 нафарро ташкил дода, дар як сол то 2670 адад куртаҳои чакан, 2803 тоқӣ, 3560 адад болишт ва дигар сӯзаниҳоро омода намуда, ба мизоҷон пешниҳод менамоянд.
Дар доираи Барнома аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми чакандӯзӣ амалигардонии тадбирҳо баҳри ҷалби занони ҳунарманд ба омӯзиши ҷавондухтарон, таъсиси марказҳои чакандӯзӣ, бунёди корхона ва коргоҳҳои чакандӯзӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир пешбинӣ шудааст, ки дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди кори хонагӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва таъмини рушди армуғонсозӣ аз чакан мусоидат хоҳад кард.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Гулҳои Гулсара
МАРДИ МЕҲНАТ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ