МАШВАРАТИ КИШОВАРЗОН
Хушбахтона, имрӯз аз ин нигоҳ деҳқон озод аст. Соҳибистиқлолии давлат, сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат барои деҳқонони асилу чашмикордон ҳама шароити заруриро фароҳам овардааст. Дар самти маданияти истифодабарии замин, рӯёнидани ҳосили лимӯ, сабзавоти барвақтӣ, пиёз, сабзӣ, полезӣ ва мева содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар кори хуби кишоварзону боғдорон ва ситруспарварони ноҳияи Ҷайҳун на танҳо дар вилояти Хатлон, балки дар ҷумҳурӣ ҳамчун мактаби таҷрибаи пешқадам эътироф шудааст.
Баргузор кардани семинари илмию амалии вилоятӣ дар мавзӯи «Истифодаи самараноки замин, агротехникаи кишт ва парвариши картошкаю сабзавоти барвақтӣ ва рушди соҳаи лимӯпарварӣ дар вилояти Хатлон» дар ноҳияи Ҷайҳун ба он хотир буд, ки иштирокчиён аз таҷрибаи деҳқонони асили ноҳия баҳравар гарданд ва фардо истеҳсолот рушди тоза ёбад.
Дар ин боздиду ҳамоиш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Иззатулло Сатторӣ, олимони варзидаи Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарону масъулини соҳаи кишоварзӣ ва дигар даъватшудагон аз вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ширкат намуданд.
Дар оғоз иштирокчиёни семинари илмию амалӣ ба масъалаи яхобмонӣ, шустани замини шур таваҷҷуҳ карда, ин омилро дар баланд бардоштани боздеҳи замин, ба кишту кари баҳорӣ омода кардани замин зарур ва муҳим арзёбӣ доштанд.
Воқеан, деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун дар парвариши пиёз таҷрибаи ғанӣ андухтаанд. Соли равон дар майдони 3721 гектар кишти пиёз гузарониданд, ки алҳол нашъунамои он хуб буда, аз ин миқдор 905 гектараш ба Ҷамоати деҳоти «Қумсангир» рост меояд. Дар деҳоти зикргардида иштирокчиёни машварат аз рафти шинонидани картошка дар хоҷагии деҳқонии «Хубон - З» - и ноҳия дидан карданд. Шинонидани картошка тавассути техника сурат гирифта,деҳқонон дар ин маврид аз нурии «нитроамофос» ва поруҳои маҳаллӣ истифода бурданд, ки ин усул ба баланд бардоштани боздеҳи замин заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар хоҷагии деҳқонии «Хубон - З» ҳамагон аз нашъунамои қитъаҳои пиёз дидан карда, ба меҳнати фидокоронаи деҳқонон баҳои баланд доданд. Бахусус, дар як қисм қитъаҳо кучати пиёзро шинониданд, ки ин тарзи кор манфиатбахш буда, ҳосил барвақтар пухта мерасад. Ба меъёрҳои обу ғизодиҳӣ эътибори махсус додану аз имрӯз харидор пайдо кардан ба манфиати кор хоҳад буд, вале гаронии нархи нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ, техника, қисмҳои эҳтиётӣ ҳавасмандии деҳқононро пурра қонеъ кунонда наметавонад. Пеш аз ҳама, истеҳсолкунанда бояд ҳавасманд бошад, он гоҳ соҳа рушд хоҳад ёфт, - таъкид дошт раиси хоҷагии деҳқонии «Хубон - З» Зокирҷон Мавлонов.
Ҷараёни кишти картошка тавассути техника дар хоҷагии деҳқонии «Илҳомиддин» аз Ҷамоати деҳоти «Қумсангир» табъи дил буд. Нашъунамои пиёзи барвақтӣ, ташкили гармхонаҳои навбунёди лимӯ, ниҳолпарваришгоҳ дар хоҷагии деҳқонии «Деҳқонии асил» мақбули иштирокчиён гардид, зеро аз ин ҷо беҳтарин ниҳоли лимӯро дастрас кардан имкон буд, танҳо олимон тавсия доданд,ки дар хандақҳо болои лимӯро бо пахоли шолӣ пӯшонидан зарурат надорад.Ниҳолҳои лимӯ дар ҷои равшан ва тоза бояд парвариш ёбад.
Дар Ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳун бошад, иштирокчиёни ҳамоиш аз гармхонаҳои навбунёди замонавӣ, ки барои парвариши сабзавоти барвақтӣ бо системаи гармидиҳандаи ягона пайваст мебошад, дидан карданд. Хоҷагидорони хоҷагии деҳқонии «Назариён» дар шафати ин гармхонаҳои худ, бо дарозии беш аз 200 метр гармхонаи доимоамалкунандаи лимӯро се сол пеш ба истифода дода буданд, ки имрӯз ниҳолҳои лимӯ ба ҳосил омадааст. Олимон лимӯ - ин меваи ситрусиро аз нигоҳи иқтисодӣ, шифобахшӣ манфиатбахш арзёбӣ дошта, роҳҳои муборизаи зидди ҳашароти зиёноварро тавсия доданд.
Ҳамчунин зимни боздид раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон ва дигар меҳмонон аз гармхонаҳои замини наздиҳавлигии лимӯпарвари номии ҷумҳурӣ Абдураҳим Тоҳиров дидан карда, ба меҳнати ҳалоли аҳли оилаи ӯ баҳои арзанда доданд. Таъкид шуд,ки таҷрибаи ин деҳқони асиро мутахассисони Агентиии Тоҷикстандарт ва мақомоти Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон омӯхта истодаанд, то маҳсулоти истеҳсолкардаи ӯ бо нархи баланд ба давлатҳои Аврупо содирот шавад.Дар баробари ин Абдураҳим Тоҳиров ба ҷуз гармхонаҳои наздиҳавлигӣ дар ду гармхонаи ҳар кадоме сеқатори хоҷагии деҳқонии «Ансорӣ» бо дарозии 200 метр парвариши ниҳолҳои ситрусиро ба роҳ мондааст,ки алҳол ниҳолҳо ғарқи ҳосил мебошанд.
Баъди боздид аз саҳро ва гармхонаҳо дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун қисми назариявии семинар - машварати вилоятӣ идома ёфт. Дар назди ҷамъомадагон раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ ва олимон - доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров «Оид ба агротехникаи парвариш, нигоҳубин, мубориза бар зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасони картошка», номзади илмҳои кишоварзӣ Қутбиддин Рукниддинов «Оид ба рушди соҳаи ситруспарварӣ дар минтақаҳои вилояти Хатлон» баромад карданд. Таъкид шуд, ки кишоварзони вилояти Хатлон бахусус, деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, бахусус, истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ, пиёз, сабзӣ, лимӯ, полезӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар нақши муассир доранд. Соли равон дастуру супориши Пешвои миллат дар самти бунёди 150 гектар токзори намунавӣ дар ноҳияи Хуросон дар 10 - 15 рӯз ҳалли худро ёфт. Пахтакорони вилоят бо дарназардошти пахтаи дар хонаҳо нигоҳдошташуда дурнамои истеҳоли пахтаро таъмин карданд. Бо иқдоми Роҳбари давлат паррандапарварон ва моҳипарварон аз ҳама намуди пардохт ба хотири таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ озод гардиданд. Барои таъмини рақобати солим ва ҳавасмандии деҳқон дар вилоят корхонаҳои давлатии коркарди пахта бунёд хоҳад шуд.
Раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон зимни баромади худ, ёдовар шуд, ки дар ноҳияи Данғара низ дар майдони 45 гектар боғи намунавии бодом бунёд мегардад. Бо ин мақсад аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон 6,5 ҳазор ниҳоли бодом дастрас шудааст. Соли 2020 бошад майдони кишти пахта ба 125 ҳазор гектар расонида мешавад.
Дар баробари ин раиси вилоят ба кори хуби кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун, ки майдони кишти пиёзро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1250 гектар зиёд кардаву дар афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзалият ва бартарии зиёд доранд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Ҳамчунин раиси вилоят диққати раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарону масъулини соҳаи кишоварзиро ба бунёди сардхонаҳо, захираи маҳсулоти бештар дар анбору сардхонаҳо, содироти маҳсулот. Аз ҷумла, тут, гелос, лимӯ ба давлати Хитой, вусъат бахшидани кишти картошка, хушзоткунии чорво, захираи чигити хушсифат, бурриш ва башаклдарории дарахтон, гузаронидани коркарди кимиёвии боғот, тоза кардани заҳкашу заҳбурҳо сари вақт пешниҳод кардани ҳисобот ба омор, зимистонгузаронӣ, омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ, озмуни «Сайри гули лола», вусъати бунёдкорӣ ба истиқболи арзанда аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда, дар назди ҳамагон баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта вазифаҳои мушаххас гузошт.
Шералӣ САИД