ТОҶИКПИСАРЕМ
Тоҷикписарему Тоҷикистон ватани мост,
Меҳраш ба дилу дидаву ҷону бадани мост.
Як зарраи хокаш надиҳем бар зари олам,
Ин хоки падар модару атри кафани мост.
Душман бикунад ҳар нафасе ҳиллаву найранг,
Тинҷиву амонии ватан дар даҳани мост.
Дар рӯи замин ҳар тарафе фитнаву ошӯб
Шукрона кунем тинҷу амонӣ чамани мост,
Таърихи башар ҳаст гувоҳи сухани мо.
Номусу шараф дар дили ҳар марду зани мост,
Бас косатиҳӣ лоф занад пеши ту, Ёқуб.
Тавсифи Ватан мағзи калому сухани мост,
Ёқуб МУРОД