27 сен 14:33Шеъру адаб

ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЗАБОНИ МОДАРӢ


Забони модарӣ, эй ганҷи ноёб,

Дурахшонӣ чу нури меҳру маҳтоб.

Зи ҳарфи гавҳарогини бузургон,

Дар ақсои ҷаҳон гаштӣ шарафёб.

Шакар андар даҳони хосу омӣ,

Ширин аз шарбату аз қанду шаҳдоб.

Ба гаҳвора бидидам тифли гирён,

Ба савти аллаи модар равад хоб.

Ниёи мо забонро ҳифз карданд,

Чу киштӣ дарнамонад то ба гирдоб.

Суханро зевари маънӣ бубастанд,

Варо  карданд хуршеди љаҳонтоб.

Забони «Шоҳнома» паҳлавонист,

Зи гурзи Рустаму аз теғи Суҳроб.

Ҷаҳон мафтуни шеъри Мавлавӣ шуд,

Ба юмни «Маснавӣ»-и рӯшан аз об.

Зи панду ҳикмати Саъдию Бедил,

Бигардад  хушксори сина шодоб.

Ба лаҳни модарӣ шеъри Баёзӣ,

Кунад сармаст касро чун маи ноб.


БАЁЗӢ

Добавить комментарий