Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
09 июл 04:44Ҷамъият / Сохтмон ва меъморӣ
Сарчашмаи сад тарона Роғун
Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,
Зиндагиро орзу ширин намуд.
Бунёди неругоҳи барқи обии Роғун орзуи чандинсолаи мардуми сарбаланди тоҷик буд, ки ба шарофату шафоати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҷомаи амал пӯшид. 29 декабри соли 2016 дар шаҳри Роғун ин абармарди олами сиёсат савори булдозер расо якуним соат сангу шағалро пеши маҷрои дарёи саркашу пуртуғёни Вахш рехта, бо ҳамин ба бунёди неругоҳи азими оянда оғоз бахшид. Оғозе, ки расидан ба ин рӯзи некро чи тавре ишора кардем, тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо боз интизор буданд.
Бо ҳамин дар сохтмон симфонияи меҳнат танинандоз гардид. Мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани санаи таърихӣ, яъне ба кор даровардани агрегати нахустин ин иншооти аср мардонавор шабу рӯз заҳмат кашиданд. Заҳмат кашиданд, то аз рӯи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба ҳадафи асосии сокинони кишвар – расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат ноил гарданд.
Ниҳоят баъди ҷаҳду талошҳои зиёд 16 ноябри соли 2018 ин рӯйдоди муҳиму хотирмон ба вуқӯъ пайваст, ки он дар таърихи миллат бо ҳарфҳои зеррин сабт гардид. Дар ин рӯзи фархунда чархи аввали ин иншооти бузурги аср ба кор дароварда шуд.
Чархи Роғун, чархи нуру чархи нусрат чарх зад,
Дар диёри Тоҷикистон чархи қудрат чарх зад.
Аз дили кӯҳ, аз замири об мавҷи барқ хест,
Чархи бахти миллати бунёдваҳдат чарх зад.
Роғун ҳамчун неругоҳи барқи обии пуриқтидор натанҳо барои миллати тоҷик нуру зиё бахшид, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ , эҳтироми миллат ва ҳамбастагию ҳамдигарфаҳмиро миёни мардум ато кард. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз як хислати соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ ва саховатмандии хешро собит сохт. Ин кохи нур ҳамчун махазани гаронбаҳо баробари ба анҷом расидану қад афрохтан ба мардум шодиву нишот илқо менамояд. Он аз иттиҳоди бузурги миллати боору номуси сарзамини аҷдодии офтобӣ дарак медиҳад. Сарзамине, ки якпорчагии он ганҷи сармади мардуми тоҷик мебошад.
Роғун дар оянда мактаби бузурги гидроэнергетикии натанҳо Тоҷикистон, балки аҳли ҷаҳон хоҳад гашт. Ин иншоот тибқи лоиҳа солҳои тӯлонӣ ба мардуми диёр хизмат хоҳад кард. Баъди анҷоми он тақрибан 300 ҷои нави кори доимӣ барои мутахассисони баландпояи соҳаи энергетика муҳайё мегардад. Айни замон дар ин иншооти бузурги аср беш аз 16 ҳазор нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд. Дар байни онҳо занҳо низ кам нестанд, ки дар радифи мардон диловарӣ нишон дода, барои ояндаи дурахшони кишвар саҳми босазо мегузоранд.
Бояд қайд намуд, ки ба туфайли бунёди ин неругоҳи азим бо диди илмӣ дар бахши истифодабарии обу энергетика дар байни кишварҳои минтақа зарурияти ҳамкориҳои муштарак ба амал меояд. Ин далолати онро медиҳад, ки ҳамаи ҷонибҳо аз ин манфиатдоранд. Аз ин хотир, бо итминони комил метавон гуфт, ки ин неругоҳ дар таҳким бахшидани дӯстии кишварҳои ҳамҷавор нақши арзандаю босазо хоҳад гузошт.
Қудрати неругоҳи барқи обии Роғунро мутахассисон мавриди таҳқиқу омӯзиши қарор дода, бартарияти онро муҳим арзёбӣ намуданд. Иқтидори ин неругоҳ баъди анҷоми пурраи сохтмон ба 3,6 миллион киловат хоҳад расид. Неругоҳ бо дарғоти 335 метраи худ дар Осиёи Марказӣ баландтарин буда, обанбори он ҳаҷман басо калон аст. Иқтидори лоиҳавии ин иншоот баробари се реактори ҳаставӣ буда, ҳар сол метавонад 17,7 миллиард киловат - соат неруи барқ истеҳсол намояд, ки ин аз эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ барзиёд мебошад. Дар ин маврид метавонем ба ҷумҳуриҳои дигар дар ҳалли масъалаи барқ ёрӣ расонем. Тавоноии ин неругоҳ нисбат ба неругоҳи аввалини Варзоб 480000 ва аз Сарбанд 17 маротиба зиёд аст. Бо дили пур метавон гуфт, ки баъди бунёди сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун мушкилоти барқ дар фасли зимистон пурра аз байн хоҳад рафт. Бо истифода додани ин иншооти азиму пуриқтидор, ки дар табиат неруи безарари барқ истеҳсол менамояд, мушкилоти шодоб намудани заминаҳои минтақаро аз байн бурда, боиси пешрафт дар истеҳсолоти кишоварзию саноатӣ мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ бесабаб саноаткунониро ҳадафи чоруми стратегӣ арзёбӣ накардааст. Неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистонро ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ расонда, онро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад. Он умри неругоҳи барқи обии Норакро 2 маротиба зиёд сохта, имкон медиҳад, ки дигар силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш бо иқтидори пурра фаъолият намоянд. Фаъолият карда, ширкатҳои азими кишвар, ба монанди заводи алюминии Тоҷикистон, нуриҳои азотии Вахш ва боз даҳҳо корхонаҳои саноатии бузург кори худро мунтазам ба роҳ монанд.
Хулоса, Неругоҳи барқи обии «Роғун» иншооти ҳаётан муҳими стратегӣ маҳсуб ёфта, сарчашмаи сад таронаю чакома аст. Барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва такомули дигар соҳаҳои муҳими мамлакат шароити созгор фароҳам меоварад. Сатҳу сифати зиндагии мардумро баланд мебардорад. Он аз ҷиҳати дигар муаррифгари пешрафти соҳаи энергетикаи навини кишвар дар ҷаҳон хоҳад буд. Аз ин лиҳоз, дар вилояти Хатлон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо мутахассисони ҷавон таъмин намудани неругоҳҳои барқӣ Донишкадаи энергетикӣ кушода шуд. Он дорои тамоми шароитҳои замонавӣ буда, бо зиёда аз 30 муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар робитаи доимӣ дорад. Донишкада дорои 2 факулта мебошад, ки дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи он зиёда аз 2 ҳазор донишҷӯён таҳсил мекунанд. Ба онҳо 86 нафар омӯзгорон нозукиҳои касби пешакардаашонро таълим медиҳанд, ки дар ин миён қариб 20 нафарашон дорои дараҷаи унвонҳои илмӣ ҳастанд. Айни замон 21 нафар аспирантони донишкада дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Боварӣ дорам, ки илмомӯзони ин боргоҳ дар оянда мутахассисони касбӣ шуда, ба халқу ватан софдилона хизмат мекунанд.
Кибриё МИРЗОЗОДА, ноиби ректори
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар
ноҳияи Кӯшониён.
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ
120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони беморхонаи Кӯлоб барқарор карда шуд