ПАЙВАНДИ ҶАМШЕД

           Алорағми  ҳама пайкорҳо ту зинда мондӣ боз,

Забони модарӣ, эй охирин  пайванди Ҷамшедам.


        Оре, забони ноби модарӣ туфайли бузургонаш то ба имрӯз чун пайванди ногусастанӣ аз аҳди Ҷамшеди олишон зиндаю ҷовид монда. То он зиндаю ҷовид бошаду побарҷой ниёгони суханофар басе ранҷҳо кашидаю азобҳо диданд. Ин забон дар тӯли таърихи дурудароз ҳамроҳи ворисонаш аз сангарҳои сахту сангину вазнину хунин гузашт, вале дар ҳаводисҳои рӯзгори нобасомон шикасту нарехт.


Дар сари сад дор ҷон  доданд шоирҳои ӯ,

То наафтад бар замин қадри сухан.


Агар ба оинаи таърих нигарем, бо хубӣ мебинем, ки ин забони анбиёӣ ба шарофати  бузургмардонаш  дар осори Фирдавсию Саъдию  Анварӣ,   Мавлонои  Балху Ҳофизи Шерозӣ  ва боз садҳо нобиғаҳои дигар ба қавле ҷони тоза ёфт. Ҷони тоза ёфтаю оламгир шуд. Рӯзи ноободияш  тоҷик забон ободу бунёд кард. Забоне  аз ҳарфи ширин, аз шеъри табдори рангин бо қудрату тавони ҷонофарин, ҳамвору ҳамвазни замин. Гарчи тоҷик, бо габру мусулмон ҳамрасулу ҳамхудо, ҳамсарою ҳамнаво буд аммо дар забон ҷудо буд ӯ. Аз сари сад минбар воизону шоирон,  азизону бузургонаш афтоданд, вале  аз забони волою шевои худ ба нақди ҷон ҳифз карданд ворисонаш. Қадри онро боло то аршу чарх бурданд. Забонеро, ки қудсиён шеъри малакутии Ҳофизи лисонулғайбро бо он аз бар мекунанду пос медоранд. Забонеро, ки аллома Иқбол дар ширинӣ аз шакар болотар донистааст.


Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ  ширинтар аст.


Инак, тоҷик баъди зиёда аз ҳазор соли парешонию навмедиҳою забонгумкуниҳо, аз даст додани гурзи Рустаму Суҳроб, аз ёду ҳушу хотирҳо бурдани гӯри Рӯдакӣ, фаромӯшии санъати Беҳзод, навои оламгири Борбади Марвазӣ боз аз нав  соҳибхона шуд, вориси ҳақиқии забони худ гардид. Теғи ҷонбахшои Синою китоби ҳикматаш - «Донишнома» -ро соҳибӣ кард. Мавлавию «Маснавӣ» -и Маънавии вай, Носири Хусраву  бо садҳо бузургонро  дарёфт.

Дар рушду камол, тараққию такомули забони ноби тоҷикӣ дар аҳди соҳибтоҷӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо хизматҳои шоистаю арҷманд кардааст, ки дар тасвири он қалам оҷизӣ мекашад. Вай забонро дар арсаи  байналхалқӣ чун  барҷастатарин ва гӯётарин шиносномаи миллат муаррифӣ  намуд.


Эй Сарвари мо, ба мо забон овардӣ, 

Дар пайкари  афсурда равон овардӣ.


Ба шарофату баракати ин фарзанди фарзонаи миллат, сарсупурлаю ҷонфидои халқ дар радифи забони модарӣ ба рӯямон дарҳои сарбастаи таърихи ҳазорсола боз шуд. Маҳз бо ташаббуси ин абармарди  миллат мо бо шукӯҳу шаҳомат, тарзи давлату давлатдорӣ, коргузорию забони ниёгонамон аз назлик шинос гардидем. Аз оғози Истиқлолият Сарвари  давлат баҳри рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои судманд андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти ҳаётан муҳим тамоми заминаҳоро фароҳам овард, зеро забон ҷузъи муҳим ва ҷудонашавандаи фарҳанги миллат аст. Фарҳанге, ки тавассути он дар дунё моро мешиносанду эътироф менамоянд. Тамаддуни баланде, ки ҳамеша мояи ифтихори тоҷикон буд.

Таърих собит сохтааст, ки ҳар як миллат ва давлати миллӣ бо доштани забони худ устувор мемонад. Дар таърих мардумоне, ки аз хеш осори гаронбаҳое ба мерос гузоштаанд, кам нестанд. Аммо бештари ин давлатҳои соҳибтамаддун имрӯз бо номи қавму миллати худ дигар вуҷуд надоранд. Онҳо бо иллати аз даст додани рӯҳи миллӣ, яъне забони  модарӣ аз саҳифаи таърих зудуда шуданд. Аз ин воқеият метавон хулоса баровард, ки маҳви забон сабабгори маҳви миллатҳо шуда метавонад. Хусусан, дар замони муосир бо хатарҳои раванди ҷаҳонишавӣ  аксарияти миллатҳо  ва халқиятҳо метавонанд дар натиҷаи беаҳмиятӣ, аз даст додани ҳуввияти миллӣ ба ин нокомӣ мувоҷеҳ гарданд. Аз ин хотир, ҳар як давлат  дар дифои арзишҳои миллӣ, бахусус забон масъулияти таърихӣ дорад. Бесабаб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагуфтаанд: «Забони модарӣ яке аз рукунҳои  асосии давлатдорӣ ва сарчашмае аст, ки инсонро ба асолати миллӣ пайванд месозад».

Забони мо дар мақоми забони давлатӣ ва расмию коргузорӣ пеш аз замони Сомониён низ собиқаи бисёр тӯлонию таърихӣ дорад. Гузаштаи он дар се давраи таърихи ташаккулаш бо давлатҳои мутамаддину фарҳангии Ҳахоманишиён, Сосониён ва Сомониён марбут аст. Аз ҳамаи ин давраҳои таърих то ба имрӯз ба мо осори зиёди нодир ва арзишманде ба ёдгор мондааст. Осоре, ки ворид шудани он ба ганҷинаи тамуддуни ҷаҳонӣ натанҳо ифтихори ворисони забон, балки тамоми ҷаҳониён низ мебошад. Дар дунё шояд миллату халқият ва қавмеро камтар  метавон пайдо кард, ки забони имрӯзаи он бо забони беш аз ҳазору дусадсолааш чунин пайвастагии наздику ногусастанӣ дошта бошад.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар сухану забон ҷонофарин шуд, сухангӯ боқадр гашт. Мо, ворисони ин забони нобро мебояд, ки ба қадру манзалати он бирасем. Аз бунёдгарону саромадони он бо некӣ ёдовар бишавем. Аз онҳое, ки тухми суханро алорағми бегонаҳо дар дафтари сангу хонаи нанг сабзониданд. Сабзониданд то ҷаҳон моро бо ин забон бишносанду бидонад.

«САФО» 
Добавить комментарий