Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
09 июл 04:38Шеъру адаб
Пирӯзии гунҷишкҳо
Мавсими гундумпаз буд. Гунҷишкакон баъди ба серӣ хӯрдани гандуми ширагирифта ба кӯҳу ҷариҳо барои тухмгузорӣ парвоз карда рафтанд. Дар водиҳо гунҷишк хеле кам ба чашм мерасид. Дар ҷарии баланде, ки сари сероҳа воқеъ буд, гунҷишкҳо ҳар сол лона мегузоранд. Сӯрохиҳои зиёде, ки ба маҳорати баланд кофта шудаанд, аз дуриҳо намоёнанд. Ба ин ҷо ҷонварон беист даробаро мекарданд. Ин ҷо «бозор» -и парандагонро мемонд.
Аз назди «бозор» - и парандаҳо мегузаштам. Чир – чири имдодталабонаи ду гунҷишк диққати маро ба худ ҷалб намуд. Зери дарахти писта нишаста, шоҳиди воқеаи ғайримуқаррарӣ гардидам. Он ду ҷонвар дар гӯшаи канори ҷарӣ лона гузоштаанд. Навдаи калони дарахти пистаи хамзада дар болои лонаи онҳо овезон буд. Гунҷишкон гоҳ дар навдаи дарахти писта ва гоҳе болои лонаи худ парвозкунон ҳамоно чир- чиркунон бонги изтироб мезаданд. Аз чунин ранг гирифтани ҳодиса дар ҳайрат мондам. Банохост чашмам ба шохаи поёнии дарахт афтод. Мори бузугҷусса болои шохаҳои писта печида - печида тарафи лона мехазид. Гунҷишкҳо ба мор наздик шуда, онро аз назди лонаи худ ронданӣ мешуданд. Вале мор бепарвою ҷасурона ба пеш ҳаракат мекард. Яке аз гунҷишкҳо якбора ҷониби «бозор» - и парандаҳо парвоз намуд. Дуюмӣ ҳамоно болои сари мор парвозкунон ба ҳаракати душмани худ халал мерасонд. Дере нагузашта гунҷишки ба кумак – пурсида рафта бо селаи гунҷишкҳои дигар баргашт. Селаи парандаҳо болои шохаи дарахти писта нишаста, беқаророна чир – чиркунон бонги изтироб мезаданд ва бо ҳамин морро огоҳ карданӣ мешуданд, ки манзили онҳоро бо хубӣ тарк намояд, яъне қаламрави худро риоя кунад. Ду гунҷишкаки соҳиблона ба мор ҳуҷум карда, хазандаи қотилро ронданӣ мешуданд. Парандаҳои ба кумакомада ҳоло ба ҳамлакунӣ ҷуръат намекарданд.
Мор ба сӯрохие, ки гунҷишкон тухм гузоштанд, торафт наздик мешуд. Мор баробари ба лона расидан сари худро ба он халонд. Дар ҳамин лаҳза селаи гунҷишкҳо чун абри сиёҳ аз ҷой бархеста ба «ҳуҷум» - и ногаҳонӣ гузаштанд. Ҳамлаи онҳоро мор интизор набуд. Вай сар аз сӯрох берун карда, фашшосзанон парандаҳоро метарсонид. Аммо онҳо бо тани мор беист нӯл мезаданд. Мор ба ҳамлаи парандаҳо таб наоварда, роҳи гурезро пеш гирифт. Гунҷишкҳои бағазабомада ғолибияти хешро ҳис намуда, ба мор имконияти гурехтан намедоданд, Оқибат мор аз шохаи дарахт раҳо ёфта, ба замин, байни сангҳои бузург афтид…
С. АТТОР
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


