Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
09 июл 04:10Шеъру адаб
Тоҷикам
( Ба муносибати ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Тоҷикам аз кӯҳсорони баланд,Аз диёри мардумони арҷманд.
Аз диёри Рӯдакии номдор,
Аз диёри Айнии миллатнигор.
Аз диёри сабзу хуррам, обшор,
Аз диёри боғзорӯ токзор.
Аз диёри Рустаму Суҳроби ял,
Аз диёри чашмаи шеъру ғазал.
Аз дири нуру офтобу қамар,
Аз диёри илму ирфону ҳунар.
Омадам ин боргоҳи олишон,
То расонам ман саломи тоҷикон.
Омадам аз дӯстӣ гӯям сухан,
Аз забони пиру барно, марду зан.
Омадам бо қалби софи беғубор,
Ҳамчу оби софи поки чашмасор.
Омадам бо сад умеду орзу,
Аз амонӣ то намоям гуфтугӯ.
Мардуми мо-мардуми меҳмоннавоз,
Мекунад дар бар худу бегона боз.
Чун дарояд хонадоне меҳмон,
Бо сару по медавад пиру ҷавон.
Ҳар чӣ дорад дар бисоту рӯзгор,
Мениҳад дар рӯи хонаш хонадор.
То тавонад меҳрубонӣ мекунад,
Нармию ширинзабонӣ мекунад.
Хоки пояшро намояд тӯтиё,
Вақти рафтан боз мегӯяд биё.
Тоҷикему содиқему покдин,
Дар раҳи фардои худ дорем яқин.
Дини ислом оини покиза аст,
Ҳеҷ муъмин хор бар пое нахаст.
Мазҳаби имоми Аъзам барҳақ аст,
Дар диёри мо басо боравнақ аст.
Сулҳу дӯстӣ, ҳамдилӣ мепарварад,
Меҳру шафқат одилӣ мепарварад.
Халқи олам талхакаф аз террорист,
Террористонро бигӯям асл чист.
Террористонро на дин асту ватан,
Не забону миллату гӯру кафан.
Террористон душмани ин оламанд,
Душмани авлоду насли Одаманд.
Дини Аҳмад зидди ҳар зӯр оварист,
Дини ахлоқу адаб, одамгарист.
Омадам ман бо саломи тоҷикӣ,
То бигӯям ман бо каломи тоҷикӣ.
Оби ширин дар ҷаҳон камчин бувад,
Сарзамини мо ғанӣ аз ин бувад.
Ҳаққи ёрон ҳамчунон ҳаққи Худост,
Некӣ бар ҳамсоягон пас қарзи мост.
Тоҷикам аз кӯҳсорони баланд,
Аз диёри мардумони арҷманд.
Сулҳ хоҳам бар ҳама халқи ҷаҳон,
То амон бошад ҳама пиру ҷавон.
Сулҳ гӯям оламе ҳамраҳ шавад,
Шодмонӣ аз замин то маҳ равад.
Сулҳ хоҳам оини мардум шавад,
Номи ҷанг аз рӯи олам гум шавад.
Тоҷикам аз кӯҳсорони баланд,
Аз диёри мардумони арҷманд.
Меравам фардо ба сӯи кишварам,
То саломи дӯстӣ боз оварам.
Бо лаби пурханда меоям ватан,
То лаби пурханда бинам марду зан.
Бар шумо аз мардуми тоҷик салом,
Тоҷикам ман, бо камоли эҳтиром.
Ёқуб ШОЕВ,[i] омӯзгори фанни
риёзӣ мтму № 17-и ноҳияи Кӯшониён
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо


