19 май 22:06---

Ободгари Ватан

   Бо шарофати ваҳдату суботи ҷомеа дар кишвар корҳои азими созандагию бунёдкорӣ бомаром идома дошта, сокинон бо ҳисси гарми ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз осудагию фазои тинҷу софи Ватан дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, гулпӯшу сарсабз намудани диёр саҳм мегиранд.

   Бахусус, баъд аз он ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019–2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, иқдомҳои ватандӯстонаи сокинони худогоҳи кишвар дар мавриди саҳмгузорӣ дар рушду нумуи Ватан суръати тоза пайдо кард. Аз ҷумла, имрӯзҳо дар вилояти Хатлон аз ҷониби соҳибкорону фаъолони қишрҳои мухталифи ҷомеа иқдомҳои ободу бунёдгарии ину он нуқтаву иншооти хизматрасонӣ мушоҳида мегардад. Пайку паёмҳои хушоянди мардумӣ аз гӯшаву канори гуногуни вилояти Хатлон бозгӯи он аст, ки сокинони шарафманди Хатлон пешниҳоди Сарвари муаззами кишварро бобати рушду ободонии деҳот ва таъмини ҷойҳои корӣ барои аҳолии деҳот, бахусус занону духтарони хонашин ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Дарвоқеъ, ғояи ватансозиву ватанпарастӣ ва ташаббускорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, худ намунаи олии шахсияти ватандӯст арзёбӣ мегардад, ки мардум бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандона ва ободгаронаи Пешвои миллат даст ба иқдомҳои наҷибу созанда мезананд. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва эълон гардидани солҳои 2019–2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба соҳибкорон ва ҳавасманд гардонидани онҳо қарори раиси вилояти Хатлон дар бораи озмуни вилоятии «Ободгари Ватан» ба тасвиб расида буд. Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорон, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони алоҳида роҳҳо мумфарш, мактаб, синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳи тиббӣ, биноҳои баландошёна ва дигар иншоотҳои таъиноташон гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Барои саҳми муносиб гузоштан дар раванди ободонию бунёдкориҳо дар вилояти Хатлон даҳҳо нафар соҳибкору роҳбарони ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳои деҳқонӣ сазовори ҷоизаву туҳфаҳои озмуни вилоятии «Ободгари Ватан» гардиданд. Аз ҷумла, 42 нафар ғолибони ин озмун дар маҷлиси васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон, ки феврали соли 2019 таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон доир гардид, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Таҷрибаи як соли охир собит намуд, ки идеяи таҳрикдиҳандаи мардум ба иқдомҳои созанда дар вилояти Хатлон натиҷаҳои судманду ояндабахш доданд ва мусаллам аст, ки чунин озмуну иқдомҳо баҳри ободии тамоми шаҳру рустоҳои вилоят дар соли 2019 низ идома хоҳад ёфт. Бо итминони комил боварӣ дорем халқи меҳандӯсту ободгари Ватан, ки фарҳанги созандагию шоиста зиндагӣ намуданро аз ниёгони худ мерос доранд, дар оянда низ баҳри пешрафту тараққиёт ва рушду нумӯи кишвар нақши худро хоҳанд гузошт.

Латофати МИРЗОСАИД

Добавить комментарий