09 май 08:21Иҷтимоъ

Қисмати безаволӣ

Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки дар он миллионҳо сокинони сайёра, аз ҷумла 100 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон қурбон гардида буданд, аз мудҳиштарин фоҷиаҳои  таърихи башарӣ маҳсуб меёбад. Дар ин ҷанги хонумонсӯз беш аз 300 ҳазор ҷавонмардони Тоҷикистон иштирок намудаанд, ки аз ин 147 ҳазор нафарашон аз вилояти Хатлон мебошанд
Бинобар иттилои Саидқул Шомалангзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба 1-уми январи соли 2019 дар вилоят 93 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Нишони қадрдонӣ аз мардонагию ҷасорат дар мубориза бар фашизми гитлерӣ беш аз 55 ҳазор аскарону афсарони Тоҷикистон бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудаанд, ки аз ин 16 ҳазор нафар аз вилояти Хатлон мебошанд. Ҳамчунин, 63 ҷанговар, аз ҷумла 22 нафар фиристодаҳо аз комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ сарфароз гардида, аз 21 нафар ҷанговарони доранди ордени «Шараф» чаҳор тани онҳо аз вилояти Хатлонанд.
Тохтар Умиров сокини 93 - солаи ноҳияи Вахш як тан аз иштирокчии муборизаҳои хунин баҳри озодии кишварҳои Украина, Венгрия, Чехословакия ва чанде аз сарзаминҳои Шарқи Дур буда, рӯзи Ғалабаро муҳимтарин рӯйдоди таърихӣ мешуморад.
 - Ман дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ хонандаи мактаби деҳоти Кангурти ноҳияи Данғара будам,- овони наврасии худро ба ёд меорад Тохтар Умиров. – Вақте ки ҳама мардонро ба набард фиристоданд, аз нарасидани омӯзгорон  маро, ҳамчун хонандаи фаъол  муаллим таъйин карданд. Чун дар он солҳо масъулияти дигар корҳои ҷамъиятии деҳот ҳам бар зиммаи омӯзгорон буд, моро мебоист бо тамоми ҳастӣ саъю талош намоем. Баъдан, ба синни 18- солагӣ нарасида маро ҳам ба хизмати аскарӣ сафарбар намуданд.
Ӯ хизматро аз омодагиҳои ҳарбӣ дар полки омӯзишии шаҳри Самарқанд оғоз намуда, баъди аз бар намудани таҷрибаву малакаи низомӣ ба сарҳади Чехословакия фиристода мешавад. Дар ҳайати Фронти дуюми Украина, воқеъ дар сарҳади кишварҳои Венгрияву Чехословакия хизмат намуда, иштирокчии муборизаҳо барои озод намудани шаҳри Прага аст. 
- Фатҳи Прага аз ҷониби Артиши Шӯравӣ аз шуҷоату мағлубнопазир будани иродаву матонати ҳар тан аз ҷанговарони мо дарак медоду паёми рӯшане буд, ки то барҳам пошидани низоми фашистӣ рӯзҳои башумор мондааст. Иттиҳоду якдилии миллатҳои гуногуни кишварҳои бародар буд, ки мо ҳуҷуми ногаҳонии фашистону иттифоқчиёнашро баргардонида, онҳоро саркӯб карда тавонистем. Дар фронт як рӯҳияи бузурги матонату  шуҷоатмандӣ ҳукмрон буд.  Қароргоҳи полки мо дар як мавзеи начандон васеъ ҷойгир шуда атрофи онро анбӯҳи ҷангалзор иҳота карда буд. Ҳоло ҳам дар ёдам мондааст, ки мо хабари ғалабаро бар фашизм дар ин қароргоҳ шунида, басо шодию хурсандӣ карда будем,- иброз дошт дар идомаи суҳбат собиқадори ҶБВ Тохтар Умиров.
Аскари қаторӣ Тохтар Умиров баъди шикасти пурраи фашизми гитлерӣ аз Ғарб ба ҷанги Шарқи Дур фиристода мешавад. Рӯзи ба қатора савор шудан гумон мекарданд, ки ҷанг хотима ёфтаасту онҳо ба ватан баргашта истодаанд. Аммо баъдан хабардор шуданд, ки онҳоро ба давлати Муғулистон бурда истодаанд. 
- Мо заминҳои қад-қади соҳилҳои баҳрро аз лашкари ҷопонҳо озод намуда, базаи ҳарбии онҳоро соҳиб шудем. Манҷурияро ба Чин супоридем. Сипас, дар Порт-Артур базаи ҳарбӣ таъсис дода шуд ва як қисм аз ҳамяроқони моро барои идомаи хизмат дар он ҷо нигоҳ доштанд, боқӣ ба шаҳри Владивосток баргаштем. – Ҳамон сол дар минтақаи «Советский Говун»-и Шарқи Дур Флоти 7-уми ҳарбии баҳрӣ таъсис ёфту ман дар он ҷо хизматро идома додам. Хулоса, ман чун аскари қаторӣ ба ҷанги Олмон даъват гардида, баъдан дар ҷанги Ҷопон низ иштирок намуда,  ба Ватан баргаштам,- воқеаҳои ҷангиро ёдовар мешуд ин пирамарди далер.
Баъди бозгашт ба Ватан чандин сол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии зодгоҳаш омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ буд. Бо амри тақдир аз деҳоти Кангурт ба водии Вахш кӯчида, дар маркази ноҳияи Вахш сукунат ихтиёр мекунад. Тавре худ иқрор меояд, дар баробари тағйири макони зист касби худро ҳам иваз намуда, ба ҳайси фурӯшанда дар яке аз мағозаҳо фаъолияти меҳнатиро идома дод. Зиндагӣ бо маҷрои худ идома дошту бо мурури солҳо таваҷҷуҳ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бештар мешуд. Ин буд, ки дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ даъват мешуд, бо нақлу насиҳатҳои пандомези худ ҷавононро ба ватандӯстию ҳисси масъулият ба хизмати Модар – Ватан ҳидоят мекард.
С. ҶАМОЛИДДИН
Добавить комментарий