Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХАТЛОН. РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД
Имрӯз, 20-уми октябр, дар Хонаи иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ки ҳамасола 24-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш раиси Шурои иттифоқҳои касабаи вилоят Ризозода Абдурозиқ, роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои соҳавии иттифоқҳои касаба, инчунин кормандону фаъолони меҳнатӣ иштирок доштанд.

Сараввал раиси Шуро Ризозода Абдурозиқ чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии ин рӯзи муҳим табрик гуфт. Ӯ дар суханронии худ нақши иттифоқҳои касаба дар ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодии кормандон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими адолати меҳнатиро таъкид намуд.
Ҳамчунин, шоир ва аъзои фаъоли иттифоқҳои касаба Амиршои Хатлонӣ бо шеъру суханҳои илҳомбахш дар васфи заҳмати кормандон ва аҳамияти иттифоқҳои касаба баромад намуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ як қатор кормандони намунавӣ бо Ифтихорномаҳо ва сипосномаҳои Шурои иттифоқҳои касаба сарфароз гардонида шуданд. Барномаи фарҳангӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона пешниҳоди ҳозирин гардид.
Маҳмадализода Маҳмадалӣ
Добавить комментарий
Ахбор
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59
Серхонандаҳо
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ
ҶАЙҲУН-ДАР МАСИРИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ



