Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ
Дар ноҳияи дурдасти Панҷ маъракаи иммунизатсия бар зидди вируси папиломаи одам муташаккилона идома дошта, то 7 октябри соли равон ин маъракаи муҳими оммавӣ дар сатҳи 70,6 фоиз иҷро шудааст.
Дар ин хусус роҳбари шабакаҳои КАТС-и ноҳияи мазкур Саидҷамол Хоҷаев ба “Сафо” иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд роҳандозӣ кардани иммунизатсия аз ҳисоби кормандони КАТС 42 бригада таъсис дода шуда, дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ин маъракаи муҳим дар сатҳи хуб ҷараён дорад.
Гуфта шуд, ки духтарони синну соли 11 – 14 солаи ноҳияи Панҷ 6979 нафарро дар бар гирифта, то санаи 7 октябри соли равон 4929 нафар ваксина гирифтанд.
Зикр шуд, ки то инҷониб ба ноҳияи Панҷ дар ҳаҷми 6300 воя ваксина ворид гардида, боқимонада рӯзҳои наздик дастрас хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки маъракаи оммавии иммунизатсия бар зидди вируси папиломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли ҷорӣ оғоз гардида, ин тадбир бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани бемории саратони гарданаки бачадон ба роҳ монда шудааст.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



