Бойгонӣ
Октябрь 2025 (14)
Сентябрь 2025 (21)
Август 2025 (40)
Июль 2025 (57)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)

Ҳуҳуқ ва масъулият дар муносибатҳои меҳнатӣ

Дар заминаи талаботи муосири бозори меҳнат ва дарки ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандон ва корфармоён бо Ҳамза Бобозода, сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон мусоҳибаи касбие анҷом додем, ки ба қонунгузории меҳнат ва тартиби дурусти фаъолият равшании бештар мебахшад. Зеро мавзуи вобаста ба шартномаҳои меҳнатӣ, бахусус, ҳуқуқу имтиёзҳои кормандон ва назорати риояи қонун дар самти меҳнат, аз муҳимтарин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳам кормандон ва ҳам корфармоён аст.

– ДАР КАДОМ ҲОЛАТҲО ИҶОЗАТ ДОДА МЕШАВАД, КИ КОРГАР НА БА ВОҲИДИ КОРӢ, БАЛКИ БО ШАРТНОМА ҶАЛБ КАРДА ШАВАД ВА ҲУҚУҚҲОИ ЧУНИН КОРМАНД ТО ЧӢ АНДОЗА ҲИФЗ МЕГАРДАД?
– Корманд метавонад бо шартномаи гражданӣ-ҳуқуқӣ (шартномаи хизматрасонӣ ё иҷрои кор) ҷалб карда шавад, агар муносибатҳо хусусияти яквақта дошта бошанд ва доимӣ набошанд. Дар чунин ҳолат ӯ корманди расмӣ ҳисоб намешавад, вале ҳуқуқҳои ӯ тибқи шартнома ва қонунҳои гражданӣ ҳифз мегардад. Ҳуқуқ ба рухсатӣ ва дигар имтиёзҳои меҳнатӣ кафолат дода намешавад, агар ин дар шартнома пешбинӣ нашуда бошад.
Шартномаи меҳнатӣ – созиши байни корфармо ва корманд, ки тибқи он корманд уҳдадор аст корҳоро аз рӯи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа (мансаб) бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ иҷро намояд, баста мешавад. Дар ин маврид корфармо уҳдадор аст барои ҳамин кор ба корманд пурра ва сари вақт музди меҳнат пардозад ва шароити меҳнатеро, ки Кодекси меҳнат, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои тарафҳо муайян намудаанд, таъмин кунад.

– НАЗОРАТЧИЁН ЧӢ ГУНА ҚОНУНШИКАНИИ МЕҲНАТИРО БЕШТАР ОШКОР МЕКУНАНД?
– Бештар аз ҳама, вайронкунии муҳлати пардохти маош, набудани шартномаи хаттӣ, истифодаи меҳнати ғайрирасмӣ (бе қайди расмӣ), вайрон кардани қоидаҳои вақти корӣ ва истироҳат, ҳамчунин номувофиқ будани шароити кор ба талаботи бехатарӣ ошкор карда мешаванд.

– ОЁ БАСТАНИ ШАРТНОМА ДАР ШАКЛИ ШИФОҲӢ ҚОБИЛИ ҚАБУЛ АСТ?
–Тибқи қонун, шартномаи меҳнатӣ бояд дар шакли хаттӣ баста шавад. Шакли шифоҳӣ танҳо дар шартномаҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ ё корҳои кӯтоҳмуддат мумкин аст, вале барои муносибатҳои доимии меҳнатӣ қобили қабул нест.

– ДАР ҲОЛАТИ НОРАСОИИ КАДРҲО ОЁ МУМКИН АСТ, КИ КОРМАНДЕРО ҶАЛБ КАРД, КИ ДАР ЯКЧАНД ҶО ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАД? АГАР ЧУНИН БОШАД, ПАС ТАРТИБИ ҲУҶҶАТГУЗОРӢ ЧӢ ГУНА СУРАТ МЕГИРАД?
– Бале, мумкин аст. Барои ин бо корманд шартномаи меҳнатӣ ё гражданӣ-ҳуқуқии алоҳида баста мешавад. Тибқи талаботи моддаи 24-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матни шартномаи меҳнатӣ ин бояд нишон дода шаванд. Аз ҷумла:
- ном ва суроғаи корфармо, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад;
- насаб, ном ва номи падар, рақам ва ҷойи дода шудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, суроғаи ҷойи истиқомати доимӣ ва рақами мушаххаси андозсупоранда;
- ҷойи кор (ташкилот ва ё воҳиди муайян);
- вазифаи (мансаби) ишғолнамудаи корманд;
- хусусияти шароити меҳнат, кафолат ва имтиёзҳо, агар кори иҷрошаванда ба корҳои вазнин ва ё дар шароити зарарнок ё хатарнок мансуб бошад;
- санаи оғози кор;
- муҳлати шартномаи меҳнатӣ;
- низом ва реҷаи вақти корӣ;
- вақти истироҳат ва давомнокии рухсатии меҳнатии ҳарсолаи корманд;
- андозаи музди меҳнат ва дигар шартҳои пардохти музди меҳнат;
- ҳуқуқу уҳдадориҳои корфармо;
- ҳуқуқу уҳдадориҳои корманд;
- тартиби тағйир додан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ;
- кафолат, ҷубронпулиҳо ва тартиби пардохти онҳо;
- шартҳои суғуртакунонӣ;
- ҷавобгарии тарафҳо;
- санаи бастан ва рақами тартибии шартномаи меҳнатӣ.
Бастани шартномаи меҳнатии муҳлатнок, дар он муҳлати амал ва ҳолатҳое (сабабҳое) нишон дода мешаванд, ки барои бастани чунин шартнома асос шудаанд. Ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ паст кардани сатҳи ҳуқуқ ва кафолатҳои меҳнатии кормандонро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, манъ аст.

– КОРМАНД МЕТАВОНАД ҲАМЗАМОН ДАР ЧАНД ҶОЙ (БО ЯКЧАНД ШАРТНОМА) ФАЪОЛИЯТ КУНАД? АГАР ҲАМИН ТАВР АСТ, ТАРТИБИ ҚОНУНӢ ВА МАҲДУДИЯТҲОЯШ ЧӢ ГУНААНД?
– Бале, қонун иҷозат медиҳад, ки корманд дар якчанд ҷой кор кунад (ҳам асосӣ ва ҳам иловагӣ). Маҳдудият танҳо дар ҳаҷми вақти умумии кор ва мувофиқати кори иловагӣ бо кори асосӣ аст.
Дар ду (якчанд) ҷой кор кардан – тибқи шартномаи меҳнатӣ аз тарафи корманд дар баробари кори асосӣ ва ё берун аз он иҷро намудани кори дигар ё ишғол намудани дигар вазифаи доимии музднок мебошад. Дар ду ва ё зиёда ҷой кор кардан кори муштарак маҳсуб ёфта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998, №122 бо тағйиру иловаҳо аз 2 апрели соли 2009, №215 танзим карда мешавад. Мутобиқи банди 1-и қарори мазкур кори муштарак зимни кори асосӣ, дигар вазифаҳо дар корхона, дар муассисаҳо ва ташкилотҳо баробари иҷрои кори асосӣ – дигар кори муздаш мунтазам пардохтшаванда машғулияти яквақта мебошад. Кори муштарак танҳо дар вақти холӣ аз кори асосӣ иҷозат дода мешавад: то саршавии он, баъди анҷоми кор ё дар рӯзҳои бо кори асосӣ банд набудан – рӯзҳои истироҳат ва ид, фориғӣ дар давраи истироҳати байни вахтагӣ, қисми рухсатии меҳнатӣ ва ғайра. Ба кормандони педагогӣ, тиб, ветеринарӣ кори муштарак дар доираи рӯзи корӣ иҷозат дода мешавад.
Тибқи банди 3-и қарори болозикр корфармо метавонад кормандро барои кори муштарак бо розигии ӯ танҳо дар ҳудуди на зиёдтар аз нисфи вақти муътадили корӣ (4 соат) даъват намояд. Тавре ки танаффуси рӯзмарра (байни бастҳо) барои истороҳат на камтар аз 12 соат давом дошта бошад.

– ДАР ҲОЛАТИ ДАР ЧАНД ҶОЙ КОР КАРДАНИ ЯК ШАХС БОЯД ҲАТМАН БО ҲАР ЯК КОРФАРМО ШАРТНОМАИ АЛОҲИДА ДОШТА БОШАД?
–Оре, барои ҳар як ҷойи кор шартномаи алоҳида баста мешавад, ки дар он вазифа, вақти кор ва маош муайян мегардад. Тибқи талаботи моддаи 230 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корманд ба ғайр аз ҷойи кори асосиаш, ки аллакай бо корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ мебошад, ҳуқуқ дорад бо якчанд корфармо оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан шартномаи меҳнатӣ бандад. Дар шартномаи меҳнатӣ бояд дар ду (якчанд) ҷой кор кардани корманд нишон дода шавад.

ҲАНГОМИ ДАР ЯКЧАНД ҶОЙ ФАЪОЛИЯТ КАРДАН ТАРТИБИ ПАРДОХТИ АНДОЗ ВА ҲУҚУҚ БА РУХСАТИҲО ЧӢ ГУНА БА ТАНЗИМ ДАРОВАРДА МЕШАВАД?
– Ҳар як корфармо андоз ва саҳмияҳои иҷтимоиро аз маоши корманд ба таври алоҳида месупорад. Ҳуқуқ ба рухсатӣ дар ҳар як ҷойи кор алоҳида
ҳисобида мешавад.

– ОЁ ВАҚТ ВА ҲАҶМИ УМУМИИ КОР (МАСАЛАН, ЗИЁДА АЗ 8 СОАТ ДАР РӮЗ) БАРОИ НАФАРЕ, КИ ДАР ЯКЧАНД ҶОЙ ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАД, ДАР ҚОНУН МАҲДУДИЯТ ДОРАД?
– Бале, тибқи қонун вақти умумии кор набояд аз меъёрҳои муқарраргардида (одатан 40 соат дар як ҳафта) зиёд бошад, ба истиснои ҳолатҳои махсус, ки бо қонун иҷозат дода шудаанд. Ҳамчунин, тибқи талаботи моддаи 232 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон давомнокии умумии рӯзи кории ҷойи кори асосӣ ва кори ду (якчанд) ҷой кор кардан аз меъёри давомнокии кори ҳамарӯзаи муқарраркардаи моддаи 74 Кодекси мазкур набояд аз 4 соат зиёд бошад.
Яъне ҳангоми ҳафтаи шашрӯзаи корӣ, агар меъёри якҳафтаина 40 соат бошад, давомнокии кори ҳаррӯза аз 7 соат, агар меъёри якҳафтаина 35 соат бошад, аз 6 соат, агар меъёри ҳафтаина 24 соат бошад, аз 4 соат зиёд буда наметавонад.

– ОЁ ДАР ҲОЛАТИ ДАР ЧАНД ҶОЙ КОР КАРДАНИ ЯК ШАХС, ҲАР МУАССИСА ӮРО БО СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА ТИББӢ ФАРО МЕГИРАД?
– Бале, ҳар як корфармо саҳмияҳои иҷтимоӣ ва тиббиро аз ҳисоби маоши корманд месупорад ва ӯ аз рӯи ҳар як ҷойи кор фарогирии суғуртавӣ дорад.

– ОЁ ЛОЗИМ АСТ, КИ КОРФАРМОИ АСОСӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОРМАНД ДАР ҶОИ ДИГАРИ КОР ОГОҲ БОШАД Ё ИҶОЗАТ ДИҲАД?
– Аксар вақт огоҳ кардан шарт нест, агар ин дар шартномаи меҳнатӣ ё қоидаҳои дохилии ташкилот пешбинӣ нашуда бошад. Аммо агар кори иловагӣ бо кори асосӣ мухолифат дошта бошад, мумкин аст, иҷозат талаб шавад.

– ОЁ БАРОИ ҲАР ҶОИ КОРИ ИЛОВАГӢ КОРМАНД МЕТАВОНАД АЛОҲИДА МАОШ, РУХСАТӢ ВА МУКОФОТПУЛӢ ГИРАД?
– Бале, барои ҳар як ҷойи кор маош, рухсатӣ ва мукофотпулии алоҳида ҳисобида ва пардохт карда мешаванд. Тибқи талаботи моддаи 155 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, мутаносибан бо вақти иҷрошудаи кор аз рӯи натиҷаи кор ё дигар шартҳои пешбининамудаи шартномаҳои меҳнатӣ пардохт карда мешавад. Ҳангоми барои кормандони бо музди меҳнати вақтбайъ дар ду (якчанд) ҷой коркунанда муқаррар намудани супоришҳои меъёрӣ, музди меҳнат барои натиҷаи ниҳоии ҳаҷми кори иҷрошудаи воқеӣ пардохт карда мешавад. Ба шахсони дар ду (якчанд) ҷой коркунандаи ноҳияҳое, ки дар онҳо ба музди меҳнат коэффитсиенти ноҳиявӣ ва иловапулиҳо муқаррар шудаанд, музди меҳнат бо назардошти ҳамин коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо пардохт карда мешавад.

– МАҲДУДИЯТИ ШУМОРАИ ҶОЙҲОИ КОРӢ БАРОИ ЯК ШАХС ТИБҚИ ҚОНУН ВУҶУД ДОРАД Ё НЕ?
– Дар қонун маҳдудияти қатъӣ оид ба шумораи ҷойҳои корӣ нест, вале маҳдудият дар ҳаҷми вақти умумии кор вуҷуд дорад. Тибқи талаботи моддаи 229 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳое, ки фаъолияташон ба хизмати давлатӣ алоқаманд аст, дар ду вазифаи (мансаби) роҳбарикунанда бо шартҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан роҳ дода намешавад.
Ҳамчунин, дар ду (якчанд) ҷой кор кардани шахсони синнашон то ҳаждаҳ, занони ҳомила, инчунин дар корҳои шароити меҳнати зарарнок дошта, агар кори асосӣ низ ҳамин гуна шароитҳоро дошта бошад, манъ аст.

– ТАШАККУРИ ЗИЁД БАРОИ ШАРҲИ ПУРМУҲТАВО.
– Сипосгузорам, ки ба ин мавзуи муҳим таваҷҷуҳ намудед. Умедворам, ки ин маълумот ба хонандаи азиз аҳамиятнок хоҳад буд.

Мусоҳиб М. Акрамов
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019