Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН" ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 30 октябр, дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон фестивали вилоятӣ таҳти унвони «Либоси миллӣ - осори тамаддуни ҷаҳон» бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши мутантан муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ва дигар шахсони расмӣ ширкат варзиданд.
Ин чорабинии фарҳангӣ бо ҳузури зиёда аз 25 ҳазор занону бонувони ҳунарманду зебописанд, ки бо либосҳои миллӣ - чакан, атлас, адрас, кӯлобию суғдӣ, ҳамадонӣ ва дигар навъҳои либосҳои тоҷикона роҳпаймоӣ намуданд, рангу ҷиллои идона гирифт.
Зикр гардид, ки либоси миллӣ на танҳо зебоии зоҳирӣ, балки ҳувияти фарҳангии миллатро ифода мекунад. Сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва тарғиби арзишҳои миллӣ, аз ҷумла фарҳанги либоспӯшии тоҷикона, имрӯз ба як ҷараёни умумимиллӣ табдил ёфтааст.

Фестивал бо намоиши дастаҷамъонаи бонувони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои дастии худро ба намоиш гузоштанд, идома ёфт. Дар гӯшаҳои алоҳидаи фестивал ҳунармандон, дӯзандагон, чакандӯзон, адрасбофон ва заргарони маҳаллӣ намунаҳои беҳтарини ҳунари худро муаррифӣ карданд.
Мақсади асосии баргузории ин чорабинӣ ташвиқ ва эҳёи либосҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги тоҷикии либоспӯшӣ, ҳамчунин пешгирӣ аз паҳншавии унсурҳои бегона дар муҳити зеҳнӣ ва зоҳирии ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни фестивал барномаҳои рангини фарҳангӣ, рақсу сурудҳои миллӣ, саҳнаҳои театрикунонидашудаи мардумӣ ва намоиши либосҳои миллӣ ба хотири бинандагон як фазои пурмаъниву шодмонӣ бахшиданд.

Ташкили чунин чорабиниҳо шаҳодати равшани он аст, ки имрӯз дар ҷомеаи мо эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанг ва мероси миллӣ рӯ ба болоравӣ дорад. Занону духтарони тоҷик бо ифтихор либоси миллии худро ба бар карда, онро на танҳо ҳамчун ҷузъи зебоии зоҳирӣ, балки рамзи асолат ва маънавияти миллӣ муаррифӣ мекунанд.
Дар поёни фестивал ба як қатор бонувони фаъоли соҳа ва ҳунармандон барои саҳми арзанда дар тарғиби фарҳанги миллии либоспӯшӣ Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супурда шуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



