Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХАТЛОН. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 33-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ
Имрӯз, 14 ноябр, Маркази маъмурии вилояти Хатлон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ таҷлил кард. Чорабинӣ ба як ҳамоиши бузурги мардумӣ табдил ёфт, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроия, аҳли илму адаб, собиқадорон, ҷавонон ва сокинони сершумори шаҳри Бохтар ҳузур доштанд.
Сараввал муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, ки паёми табрикии раиси вилоят Давлаталӣ Саидро ба ҳозирин расонд, Рӯзи Президентро яке аз санаҳои муҳими тақвими сиёсӣ ва давлатдорӣ номид. Ӯ иброз дошт, ки ин рӯз на танҳо рамзи арҷгузорӣ ба заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, балки барои таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати давлатдорӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи садоқат ба Ватан аҳамияти махсус дорад.

Инчунин, зикр гардид, ки нақши Президент дар таҳкими сулҳу субот, бунёди давлатдории муосир, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва боло бурдани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ниҳоят назаррас мебошад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз бо сиёсати хирадмандона, дурбинӣ ва роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат, кишвар аз санҷишҳои душвори таърих гузашта, ба давраи созандагию пешрафт қадам гузошт.

Маҳз ба ин сабаб, ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги таърихиву таърихсози ин фарзанди фарзонаи миллат, аз соли 2016 инҷониб, дар кишварамон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ба ҳам рост омадани ҷашни Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он далолат мекунад, ки воқеан ҳам шахсиятҳои бузург қудрат доранд, ки раванди инкишофи миллат ва ҷомеаро ба куллӣ тағйир диҳанд. Ҳамзамон, боиси тазаккур аст, ки ташаккулёбии низоми нави давлатдорӣ, ки аз ҳамин иҷлосия сарчашма мегирад, бори дигар нақши таърихии шахсро дар марҳилаи тақдирсоз собит сохта, шоҳиди ба вуҷуд омадани ниҳоди нави сарварӣ дар кишвар гардид.
Дар анҷоми чорабинии мазкур, барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони номвари вилоят, бо суруду таронаҳои ватандӯстона, табъи ҳазоринро болида гардонид.
"Сафо"
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



