Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АНДАЛЕБОНИ БОҒИ САНЪАТ

Бо супориши сармуҳаррири маҷалла барои рӯнамоӣ ва инъикоси фаъолияти ансамбли “Фалак”-и назди Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба шаҳри Кӯлоб сафар намудем. Чун ба назди бинои ансамбли “Фалак” наздик шудем, оҳанги марғуб бо овози дилнишину форам аз даруни бино садо дода, ба гирду атроф танинандоз мегардид.
Чун вориди бино гардидем, шоҳиди он гаштем, ки ҳунармандони ансамбл ба чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи “Фалак” дар толор тамрин менамоянд.
Суҳбати мо бо роҳбарияти ансамбл баъди анҷоми тамрини ҳунармандон сурат гирифт. Чи тавре ки дар оғози суҳбат ба мо муовини директор Ҷамшед Давлатов иброз намуд, ансамбли “Фалак” дар шаҳри Кӯлоб бо дастури раиси вақти вилояти Хатлон Амиршо Миралиев ва ташаббуси Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сурайё Қосимова 10 марти соли 2004 таъсис дода шудааст. Ансамбли “Фалак” зодаи даврони Истиқлол буда, зиёда аз 20 сол боз фаъолияти босамар дорад. Ҳунармандони боистеъдоди ансамбл тули ин солҳо дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангии сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баромад карда, бо созу наво ва сурудҳои пурмазмуну дилнишин хотири меҳмонону ҳаводорони санъати мусиқиро шоду масрур менамоянд. Имрӯз дар ансамбл 46 нафар ҳунармандон фаъолият карда истодаанд.
– Тули 10 моҳи соли равон ҳунармандони ансамбли мо ба якчанд шаҳру ноҳияҳои вилоят – Бохтар, Восеъ, Фархор, Муъминобод, Данғара, Ховалинг ва Шамсиддин Шоҳин сафари ҳунарӣ анҷом дода, дар назди мардум бо барномаҳои рангину хотирмон баромад намуданд. Хушбахтона, ҳар як баромади моро тамошобинону ҳаводорони санъати мусиқӣ бо хушнудию фараҳмандӣ пазироӣ карданд, – гуфт дар идомаи суҳбат муовини директор Кишвар Қурбонмадов.
Овозхонҳои бомаҳорати ансамбл – Ҷовидони Авзалшоҳ, Муҳаммади Ҳасан, Умар Султонов, (Умари Булбул), Сайдҷамол Шоимов, Саймаъруф Шодиев, мутрибони чирадаст – Ҷовидон Одинаев, Орзу Орзуев (роҳбари мусиқӣ ва оҳангсоз), Кишвар Қурбонмадов, Илҳом Ҷӯрақулов, Нурулло Назриев, Ҳусниддин Қаюмов, Муҳаммад Орзуев, Қиёмиддин Ҳалимов, Пӯлод Раҷабов, Сайҳотами Нуриддин ва раққосаҳои хушхиром – Замира Сарбозова (балетместр), Сафаргул Маҳмадалиева, Беназир Сафарзода, Бибиҳомия Қодирова ва Умеда Раҳмонализода бо ҳунари худ кайҳо боз байни мухлисон шуҳрат пайдо кардаанд.
Ду сол қабл навозандаи ансамбл Ҷовидон Одинаев ва овозхони ансамбл Саидҷамол Шоимов дар даври ҷумҳуриявии Озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Ҳунармандони ансамбли “Фалак” 31 марти соли равон дар чорабинии Наврӯзии сатҳи баланд – “Шоми дӯстӣ”, ки дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори пойдории муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид, ҳунарнамоӣ намуда, пазироӣ ва баҳои баланди тамошобинонро сазовор гаштанд. Чӣ тавре ки аз суҳбат бо роҳбарони ансамбл маълум гардид, онҳо барои боз ҳам бою рангин намудани фаъолияти ҳунарии худ бо шоирони шинохтаи кишвар Давлат Сафар, Хайрандеш, Файзи Ашур, Далат Латифӣ, Нурулло Ориф ва чанде дигарон робитаю ҳамкорӣ доранд. Сурудҳои машҳури ҳунармандони ансанбл – “Чархофалако маро ба чарх овардӣ”, “Фалаки зина ба зина”, “Чак бизан”, “Пешво”, “Ватан”, “Фалаки Шӯроободӣ” кайҳо боз миёни мардум писанду мақбул ва вирди забонҳост. Ба бисёр сурудҳои ҳунармандон оҳангсозони худи ансамбл Умар Султонов ва Орзу Орзуев оҳангҳои дилчасп эҷод мекунанд.
Миёнаҳои моҳи июни соли равон ҳунармандони ансамбл зимни сафари ҳунарӣ ба ноҳияи Муъминобод дар мавзеи зебо ва биҳиштосои Чилдухтарон назди меҳмонони олиқадр, сайёҳони ватанию хориҷӣ баромад намуда, суруду навоҳои пурмазмуну дилнишини худро пешкаши онҳо намуданд. Баромади ҳунарӣ чунон ҷаззобу дилкаш буд, ки баъди анҷоми ҳар як суруду ғазалҳои дилхушкунанда, тамошобинон ҳунармандонро боз дубора рӯи саҳна мехонданд. Меҳмонону сайёҳони ватанию хориҷӣ аз ҳунарнамоии ансамбли “Фалак” як ҷаҳон лаззату ғизои маънавӣ бардоштанд. Ҳунармандони ансамбл аз он руҳбаланду ифтихорманданд, ки чанде пештар раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ба идораи ансамбл ташриф овард. Ба фаъолияти корӣ ва нақшаҳои онҳо шинос гардида, ба ҳунари онҳо баҳои баланд дод.
Воқеан ҳам, фалак яке аз шохаҳои пурқимати санъати ниёгонамон маҳсуб меёбад ва аз овозхон санъату истеъдод ва маҳорати баланди ҳунармандонро талаб мекунад. Фалак яке аз ҷузъи фарҳанги халқи куҳанбунёди тоҷик буда, ҳамчун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле куҳан арзи вуҷуд дошт ва бо гузашти айём такмилу рушд ёфта, хусусиятҳои наву тозаро ба худ касб намудааст. Овозхонон дар сурудани фалак аслан рубоӣ ва дубайтиҳоро интихоб менамоянд. Баъзан ҳолатҳо суруду ғазалҳои фалакиро низ месароянд. Аслан санъати фалак хусусияти иҷтимоӣ дошта, розу ниёзи мардумро ифода менамояд. Хушбахтона, бо шарофати сиёсати хирадмандона, фарҳангпарварона ва ташаббуси Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор гардид, номинаи “Фалак” ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид гардид. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007 ҳамасола 10 октябр ҳамчун Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад. Дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба ҷашни 28 солагии Ваҳдати миллӣ, ки 27 июни соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид, гурӯҳи овозхонон ва раққосони ансамбли “Фалак” бо барномаи бою рангин баромад карда, хотири ҳазорон нафар меҳмонону тамошобинонро шод намуданд. Имрӯзҳо ҳунармандони ансамбл бо роҳбарии ҳунарманди шинохта, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Тоирзода нақша доранд, ки дар оянда фаъолияти худро бештар тақвият дода, бо баргузории чорабиниҳои пурмуҳтавои фарҳангиву фароғатӣ дар тарбияи маънавии аҳли ҷомеа ва тарғиби сиёсати фарҳангии Ҳукумати кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд. Чун баъди анҷоми суҳбат бо роҳбарони ансамбл мо ба ҳавлӣ баромадем, дар толор тамрини ҳунармандон идома меёфту садои дилнишини суруду мусиқиҳояшон ба фалак мепечид:
Илоҳо, мисли ман ошиқ шавӣ, дар ишқ дармонӣ,
Ба дасти нокасе афтӣ, бисӯзӣ, қадри ман донӣ.
Аъзам Бобоев – шаҳри Кӯлоб
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
БОНУИ МАТИНИРОДА



