Бойгонӣ
Октябрь 2025 (10)
Сентябрь 2025 (21)
Август 2025 (40)
Июль 2025 (57)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)

ДУХТАРИ ИСТИҚЛОЛ

Мо умед дорем, ки ҷавонони мо ҳамчун табақаи аз ҳама фаъоли ҷомеа минбаъд низ ташаббусҳои созандаро амалӣ менамоянд, дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз мекунанд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат меварзанд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Сармои соли 1991 буд. Садои гиряе баланд шуд. Ин садо ашки талх надошт, балки овози кӯдаки хуштолеи даврони Истиқлол буд, ки чашм ба олами ҳастӣ боз намуд. Ӯ бо пайки хушбахтӣ, озодӣ ва хушиқболӣ ҳамнаво буд.

Номи ӯро бо сад ҷаҳон умеду орзуҳо, ки рамзи ростӣ, садоқат, ҳақиқат ва ормонҳои даврони навинро ифода мекард, Адолат гузоштанд. Адолат духтари Истиқлол аст. Ба дунё омадани ӯ оғози марҳилаи навин – давраи умед, озодӣ ва созандагӣ буд.

Ин тифл аз рӯзҳои аввали ҳаёт дар муҳите, ки шуълаи офтоби истиқлол ба рӯяш медурахшид, парвариш ёфт. Қадами нахустинаш мисли истиқлоли комил баракат ба хонадон овард ва бо хандаҳои кӯдакона фазои зиндагиро боз ҳам равшан намуд.

Ӯ аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт бо нафаси садоқат ва хушбахтӣ, дар дунёи саршор аз муҳаббат парвариш ёфт ва ҳамин аст, ки имрӯз дар замири ӯ муҳаббат ва садоқат ба Ватан ҷойгоҳи хоса дорад.

Адолат аз давраи наврасӣ, яъне замони таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, шавқу рағбати зиёд ба озмунҳо ва мусобиқаҳо дошт. Вай миёни ҳамсолонаш рақобатпазир буда, пайваста дар озмунҳои мактабӣ то ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзид. Ин рақобати солим ва имкониятҳое, ки Пешвои маҳбуби миллат ба насли ҷавон фароҳам оварда буд, ба Адолати ҷавон ҷаҳонбинии васеъ дод. Ӯ пайваста кӯшиш мекард, ки бо дониш, қобилият ва рақобатпазирии худ миёни ҳамсолонаш боз ҳам бештар муаррифӣ гардаду ба дастовардҳои нав ноил шавад.

Адолат дар даврони таҳсилаш, ки солҳои 1999–2010-ро фаро мегирад, пайваста бо иштироки фаъол дар олимпиадаҳо ва озмунҳои фаннӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегардид. Ҳамзамон, ӯ дар бахши варзиш низ маҳорати баланди худро нишон дода, миёни варзишгардухтарон мавқеи хоса пайдо намуд.

Дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ аз рӯи намудҳои дастхобонӣ ва шашкабозӣ, ки солҳои 2008, 2009 ва 2010 баргузор гардида буданд, Адолат миёни наврасони пурқуввати ҷумҳурӣ маҳорати хешро муаррифӣ намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуд ва ниҳоят унвони Чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овард.

Соли 2006 бори аввал озмуни ҷумҳуриявӣ барои ихтироъкорони наврас ва технологҳои ҷавон баргузор гардид. Дар ин озмун Адолат бо ихтирои киштие, ки онро бо ифтихор "Ориё" номгузорӣ намуда буд, мақоми аввалро касб кард ва бо диплом ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ гардид.

Пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, Адолат орзуи таҳсил дар хориҷи кишварро дар дил мепарварид. Бо иродаи қавӣ ва тасмими ҷиддӣ барои расидан ба ҳадафҳои бузург, дар озмуни довталабон ширкат варзида, имтиҳонро бомуваффақият супорид.

Бо вуҷуди он ки фарзанди аввали хонадон ва духтари азизу нозпарварди волидон буд, модараш бо шунидани ин муваффақият ашки шодӣ рехт, аммо ҳамзамон аз дурии фарзанд ва таҳсили ӯ дар хориҷ изҳори нигаронӣ намуд. Бо эҳтиром ба хости волидон, Адолат тасмим гирифт таҳсилашро дар дохили кишвар идома диҳад.

Ӯ ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм кард. Сипас, таҳсилро дар зинаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтисоси иқтисодчӣ – менеҷменти идораи давлатӣ идома дода, онро низ бо баҳои аъло ва бо гирифтани стипендияи Президентӣ бо муваффақият ба анҷом расонд.

Фаъолияти эҷодии худро Адолати Маҳмадалӣ аз филиали Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» дар минтақаи Бохтар оғоз бахшид. Дар он ҷо таҷрибаи аввалини кори журналистиро андухта, аз соли 2013 то имрӯз дар бахши радиои Идораи телевизион ва радиои Хатлон фаъолият мекунад.

Адолатро бештар бо барномаҳои радиоиаш мешиносанд, хусусан барномаи «Зан ва сиёсат», ки дар радиои “Хатлон” ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо сабки ҷолиб ва муҳтавои пурмазмун шунавандагони худро пайдо кардааст.

– Ҳамзамон, озмуни дигаре, ки ҷаҳони эҷодро дар қалбам шуълавар намуд, озмуни «Рӯзноманигори навқалам» буд ва бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Хуршед» баргузор гардиду ман дар он сазовори ҷойи дуюм гаштам.

Баъдан дар озмунҳои зиёди эҷодӣ иштирок намуда, бо дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шудам. Замони дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуданам дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки бо ташаббуси Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, дар номинатсияи беҳтарин мақола дар мавзуи ватандорӣ иштирок намуда, дар сатҳи ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал гардидам. Ин дастоварди муҳим бароям на танҳо мояи ифтихор, балки ангезаи бузурге барои идомаи фаъолияти эҷодӣ гардид.

Бо ин ҳама қаноат накарда, хостам маҳорати касбиамро дар сатҳи байналмилалӣ бисанҷам. Дар озмуну ҳамоишҳои берун аз кишвар – дар Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Москва ва дигар кишварҳо ширкат варзида, тавонистам парчамбардори Ватани маҳбубам бошам ва ман инро иҷрои рисолати касбии худ медонам.

Яке аз лаҳзаҳои хотирмон ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Олаваи Лаҳистон рух дод. Вақте мо, ҳайати рӯзноманигорон ҳамчун меҳмонони фахрӣ дар он ҷо ҳузур доштем, мири шаҳр ба нишони эҳтиром ва қадршиносӣ ба фаъолияти журналистӣ, моро бо медали фахрӣ ва унвон сарфароз гардонд. Ин эҳтирому самимият ва арҷгузорӣ ба касби пурмасъули рӯзноманигорӣ муҳаббати маро ба ин пешаи пуршараф боз ҳам амиқтар кард», – мегӯяд Адолати Маҳмадалӣ.
Воқеан ҳам ҷавонони даврони соҳибистиқлолии мамлакат имрӯз аз имкониятҳои фаровон баҳраманд ҳастанд, то дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намуда, бо табодули таҷриба дар давлатҳои хориҷ низ рушд намоянд. Адолати Маҳмадалӣ яке аз чунин ҷавонони фаъол аст, ки дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар озмуни кишварҳои Осиёи Миёна бо номи “YURT FAXRI” миёни беш аз 1500 нафар рӯзноманигорони дигар давлатҳо дар номинатсияи беҳтарин мақолаи илмӣ, дар мавзуи “Ташкили тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ширкат варзида, дар он сазовори ҷойи аввал гардид.

Ӯ бо медал, диплом ва шаҳодатномаи фахрӣ қадрдонӣ шуд, ки ин дастоварди арзанда дар остонаи ҷашни миллӣ метавонад намунаи ибрат барои дигар ҷавонон бошад.

Боиси ифтихор аст, ки Адолати Маҳмадалӣ соли ҷорӣ вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Леваканд интихоб шуд. Ин қадами муҳим саҳифаи наверо дар фаъолияти ҷамъиятӣ ва зиндагии ӯ боз намуд.

Адолат ҳамеша аз ҳолу рӯзгори оилаҳои ниёзманд бохабар буда, дар доираи имкониятҳо кумаку дастгирии худро дареғ намедорад, ки ин бозгӯи эҳсоси баланди масъулият ва инсонпарварии ӯст.

Бо вуҷуди ҳамаи ин дастовардҳо ва дастгириҳо, Адолати Маҳмадалӣ ҳанӯз ҳам бо талоши дучанд мекӯшад, то дар рушду нумӯи Ватани азиз саҳми бештар гузорад, таҷрибаашро дар сатҳи байналмилалӣ тақвият бахшад ва дар ободии як гӯшаи Тоҷикистони маҳбуб ҳиссагузор бошад.

Махфират Шоимова
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019