Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲ ВА МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ
Имрӯз, 13 -уми ноябр, дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳ ва мубориза ба ифротгароӣ” баргузор гардид.
Дар кори он Анзурат Абдусаломзода муовини раиси вилояти Хатлон, муовининони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба соҳаи идеологӣ, мудирон ва мутахассиони пешбарии бахшҳои дин ва танзими ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳо, сармутахассисони бахши дин ва танзими маросими ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷоме ва қисман имомони масҷидҳои панҷвақтаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳамзамон дар кори конфронс намояндагон аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагони мақомоти қудратӣ, устодон аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок доштанд.
Сараввали Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон конференсияро ифтитоҳ намуд. Сипас, Алихон Саидов - доктори илмҳои сиёсӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар, Сафарзода Диловар Одинабек - сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуфзода Файзигул - намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исломзода Фируз Зокир - сардори шуъбаи мубориза бо терроризми Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон ва Раҳмонзода Шамсидин Мирзошариф - Прокурори шуъбаи муқовимат ба экстремизм, терроризм ва назорат иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии прокуратураи вилояти Хатлон баромад намуда, дар маърузаҳои худ оид ба хизматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои ин давра, ки шоистаи таҳсин аст, суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ арзиши беназир дошта, таҳкими сулҳ ва субот дар Тоҷикистон маҳз натиҷаи роҳбарии хирадмандонаи ӯ мебошад. Бе кӯшишҳои пайвастаи Роҳбари давлат, имкон надошт, то кишвари мо ба чунин сатҳи ваҳдату осоиштагӣ ва тараққиёт бирасад.
Ҳамчунин, иштирокдорон таъкид карданд, ки ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа маҳсуб ёфта, маҳкум аст. Гуруҳҳои манфиатдори хориҷӣ бо мақсадҳои нопоки сиёсиву идеологӣ барои ноором кардани вазъ чунин кирдорҳоро амалӣ мекунанд. Барои инкишофи устувор ва ҳифзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллӣ, бояд тамоми қишри ҷомеа ҳушёру зирак бошанд, таҳти роҳнамоиҳои Пешвои миллат амал кунанд ва зидди чунин зуҳурот қатъӣ мубориза баранд.
Аз ҷумла, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, паст будани сатҳи донишҳои диниву дунявӣ ва таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ аз омилҳои аслии густариши ифротгароӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳифзи насли наврас ва ҷавонон аз таълимоти ғайриқонунӣ ва ҳамзамон тарғиби арзишҳои дурусти миллӣ ва динӣ вазифаи муҳим аст. Дар ин раванд, нақши оила, мактаб ва ходимони дин бисёр муассир мебошад. Бояд ба тарбияи насли наврас, аз оила сар карда то ҷомеа таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем.
Инчунин, зикр гардид, ки дар вилояти Хатлон корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар шакли “хона ба хона” ва “масҷид ба масҷид” бо ҷалби ходимони дин ва мақомот мунтазам идома дорад, ки ин иқдомҳо барои баланд бардоштани огоҳӣ ва ҳушёрии ҷомеа мусоидат менамоянд.
Дар анҷом таъкид гардид, ки ҳар ташаббус ва иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи тамаддуни миллӣ ва рушди давлату миллат равона гардидааст. Мо бояд бо мақсади ободии Ватан ва таҳкими суботи ҷомеа, ғамхорӣ ва масъулияти бештар дошта бошем. Бояд аз ин ҳама сулҳу субот, ватани биҳиштосо ва давлати ободу озод шукргузорӣ намоем.
М. Акрамов,
М. Маҳмадалиев,
“Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД 13:21АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД 13:18Тоҷикистон – Ватанам 15:38РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД 14:39ХОҲАРОНИ КИТОБХОН 13:16ФОТЕҲИ ВАХШОНЗАМИН 13:10НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД



