Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХ, СУЛҲ ВА РОҲБАРИ МИЛЛАТ
Баъд аз ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14 майи соли 2016, санаи 16-уми ноябр расман ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва муқаррар карда шуд.
Дар баробари рӯзҳои ид, ки дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ шудаанд, таҷлили Рӯзи Президент дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ ва таърихӣ мебошад.
Дар қисми дуюми моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад». Тибқи моддаи 64-и Конститутсия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва роҳбари ҳокимияти иҷроия – Ҳукумат мебошад.
Таҷлили Рӯзи Президент дар таҷрибаи байналмилалӣ низ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар кишварҳои зиёди пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Исландия, Британияи Кабир ва дигар давлатҳо чунин санаи муҳими сиёсӣ ҷашн гирифта мешавад.
Таҷлили “Рӯзи Президент” дар кишвари мо бо заҳмату талошҳои пайваста ва корнамоиҳои таърихии Пешвои муаззами миллат иртиботи мустақим дорад. Ин сана ба фаъолияти пурмасъулият ва шабонарӯзии Роҳбари давлат, ки барои рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шудааст, алоқаи ногусастанӣ дорад.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, ки бо Рӯзи Президент робитаи қавӣ дорад, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки 16 ноябри соли 1992 баргузор гардида буд. Ин сана ҳамчун гардиши сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон пазируфта мешавад.
Дар суҳбат бо мо Пирмаҳмад Нуров, шахсияти шинохта ва обрӯманд, собиқ мудири маорифи ноҳияи Панҷ, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иброз дошт, ки “Маҳз ҳамин рӯз ба миллати парешони тоҷик умед бахшид. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосияи таърихӣ ба арсаи сиёсат ворид шуда, рисолати давлатсозиро бар дӯш гирифтанд ва ба сулҳу ваҳдат раҳнамо гардиданд.
Дар ҳамин Иҷлосияи таърихии сарнавиштсоз, ки ҳамчун оғози марҳилаи нави давлатдорӣ дар тафаккури миллӣ нақш бастааст, фарзанди фарзонаи миллат – шахсияти шуҷоъ, дурандеш ва бохирад муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдории намояндагони мардумӣ ба ҳайси Сарвари Давлати Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Зимни суханронии нахустини худ, ки саршор аз эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти бузург буд, чунин изҳор доштанд:
«Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оилаи мардуми шарафмандам барқарор намудани сулҳу амонӣ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам талош мекунам. Барои ноил гардидан ба ин нияти нек, агар лозим шавад, ҷони худро нисор месозам...»
Ин нидои содиқона ва ҷавонмардона, ки дар лаҳзаҳои душвори таърихӣ садо дод, на танҳо умеду боварии мардумро эҳё кард, балки роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро муяссар сохт.
Дарвоқеъ, фарзанди содиқи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваъдаҳои худ содиқ монда, бо камоли ҷидду ҷаҳд ва масъулияти бузург барои барқарорсозии сулҳ ва оромии ҷомеа қадамҳои устувор гузоштанд. Дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ, бо ташаббуси шахсии Сарвари давлат, ҳазорон нафар гурезагони иҷборӣ, ки аз ноамниҳо хоки Афғонистон ва дигар кишварҳоро паноҳгоҳи муваққатӣ интихоб карда буданд, ба Ватани маҳбуб баргардонида шуданд.
Бо сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санади сарнавиштсоз марҳилаи нави ҳаёти осоишта ва ваҳдати миллиро дар кишвар бунёд гузошт.
Дар рӯзҳои сахту буҳронӣ, вақте мардум барои дарёфти маводи ғизоӣ, хусусан нон, ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ буданд, сиёсати дурандешона ва мардумсолоронаи Сарвари давлат яке аз иқдомҳои шоистаи зикр ва ҳалкунанда ба шумор мерафт. Дар ҳамин шароити сангин, 75 ҳазор гектар замин ҳамчун хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба сокинон тақсим карда шуд. Ин иқдоми воқеан беназир ба мардум имконият дод, то бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзии худро таъмин намуда, аз зиндони тангдастӣ раҳанд.
Офарин, эй Сарвари маҳбуби дилҳо, офарин,
Баркашида дарду ранҷи миллати мо, офарин!
Ҳомии сулҳу суботу ваҳдату ҳамбастагӣ,
Офарин, эй фахри тоҷикони дунё офарин!
– Лаҳзаҳое, ки дар ҷараёни маъракаи пешазинтихобии нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рух дода буданд, то имрӯз аз ёди ман намераванд, – иброз дошт дар идомаи суҳбат устод Пирмуҳаммад Нуров. Ба гуфтаи ӯ, 5-уми ноябри соли 1994, як рӯз пеш аз баргузории интихоботи Президент ва раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ ташриф оварданд.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бо мақсади муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади бошукуҳи сатҳи баланд баргузор гардид. Ҳазорон нафар аз сокинони ноҳия – пиру барно, мардону занон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва орзӯи шунидани суханони пурмуҳтаво, ҳамчунин дидани чеҳраи нуронии шахсияте, ки барояшон сулҳу осоиш овардааст, дар кӯчаи марказии ноҳия ва гирду атрофи бинои ҳокимият ҷамъ омада буданд.
Бо мақсади фаро гирифтани омма, баландгӯякҳо дар беруни бино насб гардида, суханронии номзад ба мақоми олии давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ҳозирин дастрас гардид. Иттифоқан, ба ман низ имкон даст дод, ки ба минбар баромада, дар бораи аҳамият ва моҳияти Барномаи мукаммали номзад ба мақоми Президенти кишвар ибрози андеша намоям.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми баромад ба минбар, на танҳо муҳтавои Барномаи пешазинтихобии худро муаррифӣ намуданд, балки дар бораи вазъи воқеии онрӯзаи иқтисодиёт, роҳҳои рафъи мушкилоти ҷойдошта, дурнамои рушди устувори кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум бо шеваи таъсирбахш ва масъулона ибрози андеша карданд.
Фазилат ва бузургии ин фарзанди фарзонаи миллат маҳз дар он зоҳир мегардад, ки ба ҳамаи ваъдаҳои дар Барномаи нахустини пешазинтихобӣ ва дигар барномаҳои минбаъдааш дода, бо эҳсоси баланди масъулият ва садоқат ба аҳд ҷавонмардона вафо намудаанд.
Билохира, 16 ноябри соли 1994, баъди пирӯзӣ дар интихоботи умумихалқӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XXI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карда, ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба фаъолияти худ шуруъ намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ба уҳда гирифтани роҳбарии кишвар дар як марҳалаи ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз – замоне, ки Тоҷикистон дар гирдоби ноамниҳо, парешониву парокандагӣ қарор дошт, иқдоми ҷасурона ва таърихӣ анҷом доданданд.
Ба шарофати сиёсати дурбинона, иродаи матин ва хиради сиёсӣ, ин фарзанди фидоии миллат киштии давлатро, ки дар тӯфони мухолифатҳои дохилӣ ва буҳронҳои шадид қарор дошт, ба соҳили наҷот расониданд. Тоҷикистон дар симои Пешвои худ ба як кишвари босубот ва шинохташуда дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфт.
Маҳз бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар саросари кишвар садҳо иншооти ҳаётан муҳим – корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тиббӣ, қасрҳои фарҳанг, осорхонаҳо ва китобхонаҳои муосир бунёд гардиданд, ки ҳамаи ин шаҳодати рӯшани сиёсати созанда ва миллатпарваронаи Пешвои миллат аст.
Нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Хатлон”, “Дӯстӣ”, “Озодӣ” ва шоҳроҳҳои муҳим мисли Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма-Қарокурум, Душанбе-Бохтар-Панҷи Поён, Бохтар-Данғара, Душанбе-Бохтар, Душанбе-Файзобод-Ғарм-Лахш ва Айнӣ-Панҷакент бо иқдом ва дастгирии Роҳбарии давлат бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
Имрӯз, агар ба дастовардҳои бузурги кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва сатҳи миллӣ назар афканем, нақши беназир ва фаромӯшношавандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон возеҳ ва равшан аст.
Рӯзи Президент ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона муборакбод мегӯем!
Аъзам Бобоев, ноҳияи Панҷ
Добавить комментарий
Ахбор
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 16:03РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХ, СУЛҲ ВА РОҲБАРИ МИЛЛАТ 15:17ХАТЛОН. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 33-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ 15:11НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲ ВА МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ 14:58Ҷомаи Сулҳ ба тан омадаӣ 14:54ЁВОН. БЕШ АЗ 60 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 14:49АНДАЛЕБОНИ БОҒИ САНЪАТ 14:48КОНСТИТУТСИЯ – СУТУНИ ВАҲДАТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ 15:03
Серхонандаҳо
ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН" ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
БОХТАР. МУМФАРШ ВА ЧАРОҒОНКУНИИ 1,2 КИЛОМЕТР РОҲ
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ХУТТАЛИ ҚАДИМ – ГАНҶИНАЕ ДАР РӮЙХАТИ ЮНЕСКО
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ХАТЛОН. РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД
ФАРЗАНДИ ШУҶОЪ
ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР ОБТАЪМИНКУНӢ
БИЁ, МО НАРАВЕМ
ТАЛОШИ САБЗ, ҲОСИЛИ ЗАРД Ё ҚИССАИ ЯК БАНАНПАРАВАР



